Эволютсия—ақидаҳои беасос ва ҳақиқат
«Мисли он ки касе гармии офтобро инкор карда наметавонад, эволютсия низ ҳақиқати раднопазир аст» — мегӯяд профессор ва эволютсионисти машҳур Ричард Докинс.16 Бешубҳа, таҷрибаву мушоҳидаҳои бевосита исбот намудаанд, ки офтоб тафсон аст. Вале оё бо ин роҳ дуруст будани назарияи эволютсияро исбот кардан мумкин аст?
Барои ҷавоб додан ба ин савол аввал бояд як чизро аниқ созем. Бисёр олимон пай бурдаанд, ки бо мурури вақт дар насли организмҳои зинда тағйироти ночиз ба амал меояд. Масалан, одамон сагҳои гуногунро интихоб намуда, онҳоро ҷуфт менамоянд ва насле мегиранд, ки он нисбат ба авлодони худ пойҳои кӯтоҳтар ё пашми дарозтар дорад a. Баъзе олимон чунин тағйироти ночизро «микроэволютсия» меноманд.
Аммо эволютсионистҳо таълим медиҳанд, ки чунин тағйироти хурд дар тӯли миллирдҳо сол оҳиста–оҳиста ҷамъ шуда, тағйироти калонро ба амал овардаанд, ки дар натиҷа моҳиҳо ба обхокиҳо табдил ёфтаанду ҷонварони маймуншакл ба одам. Чунин тағйироти калони тахминиро «макроэволютсия» меноманд.
Масалан, Чарлз Дарвин меҳисобид, ки тағйироти ночизе, ки мо дар ҳайвоноту наботот мушоҳида мекунем, нишон медиҳанд, ки тағйироти калонтар низ имконпазиранд — ҳарчанд онҳоро касе мушоҳида накардааст.17 Ба ақидаи ӯ, таи муддати тӯлонӣ баъзе намудҳои аввала, яъне ба ном фардҳои оддӣ тавассути «тағйиротҳои бениҳоят ночиз» оҳиста–оҳиста ба миллионҳо намудҳои гуногуни ҳаёти заминӣ табдил ёфтаанд.18
Бисёриҳо ин гуфтаҳоро дуруст мешуморанд. Онҳо чунин меандешанд: «Агар тағйироти хурд дар дохили як намуд ба амал ояд, пас магар дар тӯли муддати дароз эволютсия наметавонад тағйироти калонро ба амал оварад?» b Лекин дар асл назарияи эволютсия бар се ақидаи беасос такя мекунад. Ҳоло онҳоро бо навбат дида мебароем.
Ақидаи беасоси 1. Дар натиҷаи мутатсия намудҳои нав пайдо мешаванд. Таълимоти макроэволютсия бар он асос ёфтааст, ки мутатсия, яъне тағйироти тасодуфӣ дар коди генетикии ҳайвоноту наботот метавонад на танҳо намуди нав, балки ҳамчунин оилаҳои тамоман нави набототу ҳайвонотро ба вуҷуд орад.19
Ҳақиқат. Бисёре аз хусусиятҳои набототу ҳайвонотро аз рӯи коди генетикии онҳо, яъне аз рӯи маълумоте, ки дар ядрои ҳуҷайраи ҳар яки онҳо мавҷуд аст, муайян месозанд c. Олимон кашф намуданд, ки дар натиҷаи мутатсия наслҳои минбаъдаи ҳайвоноту наботот метавонанд тағйир ёбанд. Вале оё дар натиҷаи мутатсия намудҳои тамоман нав пайдо мешаванд? Таҳқиқоти садсола дар соҳаи генетика чиро нишон дод?
Дар охири солҳои 1930 олимон бо майли том ғояи наверо қабул карданд. Онҳо ақида доштанд, ки дар рафти интихоби табиӣ — вақте ки организмҳои ба муҳити ҳаёташон хубтар мутобиқшуда зинда мемонанду насл меоранд — мутатсияҳои тасодуфӣ намуди нави растаниҳоро ба вуҷуд оварда метавонад. Аз ин рӯ, онҳо он вақт гумон мекарданд, ки интихоби сунъӣ, яъне мутатсияҳои аз тарафи инсон ба амал овардашуда, пайдошавии намудҳои навро бояд боз ҳам самараноктар гардонад. Волф Эккехарт Лённиг, олими Институти селексияи растаниҳои ба номи Макс Планк дар давлати Олмон, чунин гуфт: «Аксари олимони биологияву генетика ва хусусан мутахассисони селексияро ҳисси хурсандӣ фаро гирифт» d. Барои чӣ? Лённиг, ки қариб 30 сол генетикаи мутатсионии растаниҳоро омӯхта буд, мефаҳмонад: «Ин олимон ба чунин қарор омаданд, ки барояшон вақте расидааст, ки тарзу усулҳои анъанавии селексияро, яъне ба вуҷуд овардани зоти ҳайвоноту растаниҳоро, ба куллӣ тағйир диҳанд. Онҳо гумон мекарданд, ки бо роҳи ба амал овардану интихоб кардани мутатсияҳои муфид, метавонанд намудҳои нав ва беҳтари растаниҳову ҳайвонотро ба вуҷуд оранд».20 Ва дар ҳақиқат, баъзеашон умед доштанд, ки намудҳои тамоман навро ҳосил хоҳанд кард.
Олимони Иёлоти Муттаҳида, Осиё ва Аврупо бо истифодаи усулҳое, ки тезондани эволютсияро кафолат медоданд, барномаҳои тадқиқотии серхароҷотеро шурӯъ намуданд. Онҳо зиёда аз 40 сол тадқиқот гузаронданд. Он чӣ натиҷа дод? Олим Петер фон Зенгбуш чунин мегӯяд: «Ба хароҷоти бениҳоят зиёд нигоҳ накарда, кӯшишҳои бо ёрии мутатсияҳои сунъӣ ҳосил кардани растаниҳову ҳайвоноти хушзот пурра барбод рафтанд».21 Лённиг низ қайд намуд: «Тақрибан солҳои 1980–ум ҳисси хурсандӣ ва умеду орзуи олимон хотима ёфт. Дар давлатҳои Ғарб аз селексияи мутатсионӣ, ки соҳаи алоҳидаи тадқиқот буд, тамоман даст кашиданд. Қариб ки ҳамаи мутантҳо... мурданд ё аз намудҳои аслӣ заифтар баромаданд» e.
Маълумоти дар натиҷаи тадқиқоти садсолаи мутатсия ба даст овардашуда ва таҳқиқотҳои ҳафтодсола дар соҳаи селексияи мутатсионӣ ба олимон имконият доданд, ки дар бораи тавассути мутатсия ҳосил кардани намудҳои нав хулоса бароранд. Баъд аз санҷиши далелҳо Лённиг ба чунин хулоса омад: «Мутатсия наметавонад ягон намуди аслии [растанӣ ё ҳайвон]-ро тамоман ба намуди нав табдил диҳад. Ҳақ будани ин хулосаро тамоми санҷишҳо ва натиҷаҳои таҳқиқи мутатсияҳо, ки дар асри ХХ гузаронида шуданд ва инчунин қонунҳои эҳтимолият тасдиқ мекунанд».
Инак, оё дар натиҷаи мутатсия як намуд ба намуди тамоман дигар табдил ёфта метавонад? Далелҳо нишон медиҳанд, ки не! Таҳқиқоти Лённиг ӯро ба чунин хулоса овард, ки «намудҳои аз ҷиҳати генетикӣ гуногун байни худ сарҳади муайян доранд ва он сарҳад намегузорад, ки мутатсияҳои тасодуфӣ намудҳоро тағйир диҳанд».22
Акнун андеша намоед: ҳатто олимони баландихтисос бо роҳи ба амал овардану интихоб кардани мутатсияҳои муфид натавонистанд, ки намудҳои навро ба вуҷуд оранд, пас магар ин метавонад дар натиҷаи протсесси тасодуфӣ ба амал ояд? Агар таҳқиқот нишон дода бошанд, ки мутатсия наметавонад намуди аслиро пурра ба намуди нав табдил диҳад, пас макроэволютсия чӣ тавр ба амал меомадааст?
Ақидаи беасоси 2. Интихоби табиӣ ба пайдошавии намудҳои нав оварда мерасонад. Дарвин чунин мешуморид, ки дар рафти протсессе, ки ӯ онро интихоби табиӣ номид, организмҳои ба шароит аз ҳама хубтар мутобиқгашта зинда мемонанд ва кам мутобиқгаштаашон оқибат нобуд мешаванд. Эволютсионистони муосир таълим медиҳанд, ки ҳангоме ки намудҳои алоҳида паҳн шуда, аз ҳамдигар ҷудо мешуданд, дар рафти интихоби табиӣ фардҳое зинда мемонданд, ки мутатсияи гениашон онҳоро ба шароитҳои нав мутобиқ менамуд. Эволютсионистон ақида доранд, ки ин гурӯҳҳои ҷудогашта бо мурури вақт ба намудҳои тамоман нав табдил ёфтаанд.
Ҳақиқат. Тавре ки дар боло қайд шуд, натиҷаҳои таҳқиқот равшан нишон доданд, ки дар натиҷаи мутатсия намудҳои тамоман нави растаниву ҳайвонот пайдо намешаванд. Қатъи назар аз ин эволютсионистон изҳор мекунанд, ки дар натиҷаи интихоби табиии мутатсияҳои муфид намудҳои нав пайдо шудаанд. Онҳо барои исботи ақидаи худ чӣ далелҳо меоранд? Дар брошурае, ки соли 1999 аз тарафи Академияи илмҳои ИМА чоп шуда буд, дар бораи 13 намуди саъбаҳое (Fringillidae), ки Дарвин дар ҷазираҳои Галапагос омӯхта буд, гуфта мешавад. Ҳоло онҳо чун саъбаҳои Дарвин маълуманд.23
Солҳои 1970–ум гурӯҳи олимони донишгоҳи Принстон зери роҳбарии Питер ва Розмари Грант ба омӯзиши ин саъбаҳо шурӯъ намуданд. Онҳо пай бурданд, ки баъди хушксолӣ дар ҷазира шумораи паррандаҳое, ки нӯли хурд доштанд, кам гашта, саъбаҳое, ки нӯлашон нисбатан калон буд, ба шароитҳои нав мутобиқ шуданд. Азбаски ҳаҷм ва шакли нӯл яке аз аломатҳои асосии фарқкунандаи ин 13 намуди саъбаҳо мебошад, ин кашфиёт бисёр аҳамияти калон дошт. Дар брошураи Академияи илмҳои ИМА боз гуфта мешавад: «Питер ва Розмари ҳисоб карда баромаданд, ки агар хушксолӣ дар ҷазира дар 10 сол як маротиба рӯй медод, он гоҳ намуди нави саъба танҳо баъди 200 сол пайдо мешуд».24
Вале он брошура зикр намекунад, ки солҳои баъди хушксолӣ шумораи саъбаҳои нӯлашон хурд боз зиёд гашт. Олимон фаҳмиданд, ки вобаста аз шароитҳои иқлимӣ, дар ҷазира гоҳ саъбаҳои нӯлашон дароз ва гоҳ саъбаҳои нӯлашон хурд зиёд мешуданд. Онҳо ҳамчунин пай бурданд, ки баъзе намудҳои ба ном гуногуни саъбаҳо бо ҳамдигар ҷуфт шуда, наслеро ба дунё меоваранд, ки назар ба волидонашон ба муҳит тобовартаранд. Ин олимон ба чунин хулоса омаданд, ки агар чунин ҷуфтшавӣ давом меёфт, ду «намуд» ба як «намуд» табдил меёфт.25
Инак, оё интихоби табиӣ, дар ҳақиқат, намудҳои тамоман навро ба вуҷуд меорад? Чанд даҳсола пеш, биолог–эволютсионист Ҷорҷ Кристофер Уилямс шубҳа мекардагӣ шуд, ки интихоби табиӣ чунин қудрат дорад.26 Соли 1999 назариядони соҳаи эволютсия, Ҷеффри Шварс, навишт, ки интихоби табиӣ метавонад барои ба шароит мутобиқ шудани намудҳо кӯмак кунад, лекин он ягон чизи навро ба вуҷуд намеорад.27
Дар ҳақиқат, саъбаҳои Дарвин ба «ягон чизи нав» табдил наёфтанд. Онҳо то ба ҳол саъба мондаанд. Ва он ки онҳо байни худ ҷуфт мешаванд, принсипҳоеро, ки баъзе эволютсионистон барои муайянкунии намудҳо истифода мебаранд, зери шубҳа мегузорад. Ғайр аз ин, маълумот дар бораи ин паррандаҳо ошкор месозад, ки ҳатто академияҳои илмии бонуфуз далелҳои нопурра меоранд.
Ақидаи беасоси 3. Бозёфтҳои палеонтологӣ тағйироти макроэволютсиониро тасдиқ мекунанд. Брошураи дар боло зикр гардидаи Академияи илмҳои ИМА хонандагонро бовар кунондан мехоҳад, ки бозёфтҳои палеонтологӣ — бақияҳои қадимаи зеризам нии набототу ҳайвонот, ки аз тарафи олимон ёфт шудаанд, барои тасдиқи макроэволютсия далелҳои барзиёд пешкаш мекунанд. Дар он гуфта мешавад: «Шаклҳои мобайнии байни моҳиҳову обхокиҳо, обхокиҳову хазандаҳо, хазандаҳову ширхӯрон ва приматҳо хеле зиёд ёфт шудаанд, ки кай як намуд ба намуди дигар гузаштанашро аксаран муайян кардан душвор аст».Ҳақиқат. Ин изҳороте, ки дар брошураи Академияи илмҳо оварда шудааст, хеле ҳайратовару баҳснок аст. Барои чӣ? Найлс Элдриҷ, ҷонибдори содиқи назарияи эволютсия мегӯяд, ки бақияҳои палеонтологӣ на оҳиста – оҳиста ҷамъ шудани тағйирот, балки онро нишон медиҳанд, ки дар муддати тӯлонӣ дар «аксари намудҳо қариб ягон тағйирот ба амал наомадааст» f.29
Бозёфтҳои палеонтологӣ нишон медиҳанд, ки ҳамаи гурӯҳҳои асосии ҳайвонот ногаҳон пайдо шудаанд ва қариб ки бетағйир мондаанд
То имрӯз олимон дар натиҷаи кофтуковҳои зеризаминӣ қариб 200 миллион бақияҳои калон ва миллиардҳо бақияҳои хурди палеонтологиро дарёфт намуда, ба рӯйхат даровардаанд. Ба ақидаи аксари тадқиқотчиён ин рӯйхати бузург ва муфассал нишондиҳандаи он аст, ки ҳамаи гурӯҳҳои асосии ҳайвонот ногаҳон пайдо шудаанд ва қариб ки бетағйир мондаанд ва бисёр намудҳо бошанд, тавре ки ногаҳон пайдо шуда буданд, ҳамон тавр ногаҳон нест шудаанд.
Боварӣ ба эволютсия имони кӯр–кӯронаро металабад
Чаро аксари эволютсионистони машҳур қатъиян мегӯянд, ки макроэволютсия ҳақиқат аст? Ричард Левонтин, эволютсионисти бонуфуз ошкоро навишт, ки бисёр олимон тайёранд изҳороти илмии ба ақли солим мувофиқ набударо қабул намоянд, чунки онҳо «тарафдорони содиқи назарияи материализманд» g. Бисёр олимон дар бораи вуҷуд доштани Созандаи бошуур ҳатто фикр кардан ҳам намехоҳанд, зеро чӣ хеле ки Левонтин мегӯяд, «онҳо наметавонанд мавҷудияти Офаридгорро эътироф кунанд».30
Дар алоқамандӣ бо ин, дар маҷаллаи «Сайентифик америкэн» чунин суханони ҷомеашинос Родни Старк оварда шудааст: «Дар давоми 200 сол ба мо талқин карда мешуд, ки агар олим будан хоҳед, набояд гузоред, ки ақидаҳои динӣ ба ақли шумо таъсир намоянд». Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар донишгоҳҳои тадқиқотӣ «шахсони диндор мекӯшанд, ки даҳони худро накушоянд».31
Агар шумо назарияи макроэволютсияро чун ҳақиқат қабул кунед, пас шумо бояд бовар кунед, ки олимони агностик ва атеист фикру ақидаи шахсиашонро бо корҳои илмиашон омехта намесозанд. Ҳамчунин, шумо бояд бовар кунед, ки ҳамаи намудҳои ҳаёт дар натиҷаи мутатсия ва интихоби табиӣ ба вуҷуд омадаанд — ҳарчанд тадқиқоти якасра нишон доданд, ки ягон намуди алоҳида дар натиҷаи мутатсия ба намуди тамоман дигар табдил наёфт. Боз ба шумо ба он бовар кардан лозим меояд, ки ҳамаи мавҷудоти зинда оҳиста–оҳиста аз як аҷдоди умумӣ пайдо шудаанд — ҳарчанд бозёфтҳои палеонтологӣ равшан нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои асосии ҳайвоноту наботот ногаҳон пайдо шуданд ва ҳатто дар тӯли миллиардҳо сол ба намуди дигар табдил наёфтаанд. Ба фикри шумо, оё чунин боварӣ бар ҳақиқат асос меёбад ё бар ақидаҳои бофта? Дар ҳақиқат, дастгирӣ кардани назарияи эволютсия имони беасосро металабад.
a Ин тағйиротро сагпарварон аксаран дар сурати вайрон намудани амалиёти генҳо ба даст меоранд. Масалан, қадпастии саги паканаи каҷпо (такса) натиҷаи вайроншавии сабзиши тағоякҳо мебошад.
b Гарчанд калимаи «намуд» дар ин қисми брошура бисёр истифода бурда мешавад, бояд қайд кард, ки ин калима дар китоби Ҳастии Навиштаҳои Муқаддас истифода бурда намешавад. Он ҷо мо калимаи «ҷинс»-ро вомехӯрем, ки он маънои васеътар дорад. Аксар вақт он чизеро ки олимон эволютсияи намуди нав меноманд, танҳо гуногунии дохили як «ҷинс» мебошад, ки маҳз ин калима дар китоби Ҳастии Навиштаҳои Муқаддас омадааст.
c Таҳқиқот нишон дод, ки дар ташаккулёбии организмҳои зинда ҳамчунин ситоплазма, мембранаҳо ва дигар қисмҳои ҳуҷайра низ нақш мебозанд.
d Лённиг ақида дорад, ки ҳаёт офарида шуда буд. Шарҳҳои дар ин брошура овардашудаи ӯ на ба Институти селексияи растаниҳои ба номи Макс Планк, балки ба худи вай тааллуқ доранд.
e Санҷишҳо ба воситаи мутатсия чандин маротиба нишон доданд, ки тағйироти нав торафт кам дида мешуданд, вале аломатҳои монандӣ пайваста пайдо мешуданд. Илова бар ин, кам аз як фоизи растаниҳои мутант барои тадқиқоти минбаъда интихоб карда шуданд ва ҳамчунин кам аз як фоизи онҳо барои бо мақсади тиҷоратӣ истифода бурдан кор меомаданду халос. Вале ягон намуди нави растанӣ ҳосил карда нашуда буд. Селексияи мутатсионии ҳайвонот бошад натиҷаҳои аз ин ҳам бадтарро нишон дод ва олимон оқибат аз ин усул пурра даст кашиданд.
f Ҳатто баъзе намунаҳои бақияҳои палеонтологӣ, ки олимон онҳоро исботкунандаи эволютсия мешуморанд, мавриди баҳс қарор доранд. Нигаред ба саҳифаҳои 22–29 брошураи «Пайдоиши ҳаёт — Панҷ саволе, ки бояд ба худ диҳем» (рус.), ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст.
g Дар ин маврид зери калимаи «материализм» назарияе дар назар дошта шудааст, ки мувофиқи он Олам, аз ҷумла тамоми намудҳои ҳаёт, бе ягон дахолати қувваи фавқуттабиӣ пайдо шудааст.