Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Тасаллӣ

Тасаллӣ

Оятҳое, ки дар вақти рӯҳафтодагӣ тасаллӣ мебахшанд

Ғаму ташвиш

Нигаред ба «Ғаму ташвиш»

Талхкомӣ; гиламандӣ

Баъзеҳо аз сабаби душвориҳо ва беадолатиҳои зиёд ғамзада мешаванд

Пг 9:11, 12

Ҳамчунин нигаред ба Зб 142:4; Пг 4:1; 7:7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Рт 1:11–13, 20. Ноомии бевазан баъди марги ду писараш ғамзада гашта, фикр кард, ки Яҳува ӯро партофтааст.

    • Аб 3:1, 11, 25, 26; 10:1. Айюб боигарӣ, даҳ фарзанд ва саломатияшро аз даст дода ғамзада гашт.

  • Оятҳои тасаллибахш

  • Мисол(ҳо)-и тасаллибахш аз Китоби Муқаддас

    • Рт 1:6, 7, 16–18; 2:2, 19, 20; 3:1; 4:14–16. Баъд аз он ки Ноомӣ назди халқи Худо баргашту кумаки дигаронро қабул кард, ғамаш ба шодӣ табдил ёфт.

    • Аб 42:7–16; Яқ 5:11. Айюб истодагӣ кард ва Яҳува ӯро ба таври фаровон баракат дод.

Баъзеҳо аз бераҳмии дигарон рӯҳафтода мешаванд

Пг 4:1, 2

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 1:6, 7, 10, 13–16. Ҳанно аз муносибати бади Фанинно ва туҳмати саркоҳин Элӣ рӯҳафтода шуд.

    • Аб 8:3–6; 16:1–5; 19:2, 3. Се дӯсти Айюб ӯро ноҳақ ҳукм намуда, аҳволашро бадтар карданд.

  • Оятҳои тасаллибахш

  • Мисол(ҳо)-и тасаллибахш аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 1:9–11, 18. Баъди он ки Ҳанно дилашро ба Яҳува холӣ кард, дардаш сабук шуд.

    • Аб 42:7, 8, 10, 17. Пас аз он ки Айюб рафиқонашро бахшид, Яҳува ӯро баракат дод.

Ҳисси гунаҳкорӣ

Эз 9:6; Зб 38:3, 4, 8; 40:12

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 4Пш 22:8–13; 23:1–3. Вақте ба Юшиёи подшоҳ ва халқ Тавроти Мӯсоро хонданд, онҳо фаҳмиданд, ки гуноҳи азим кардаанд.

    • Эз 9:10–15; 10:1–4. Эзрои коҳин ва мардум зиқ шуданд, чунки баъзеҳо ба амри Яҳува беитоатӣ карда барои худ аз бегонахалқҳо зан гирифтанд.

    • Лқ 22:54–62. Петруси расул, баъд аз он ки Исоро се бор рад кард, худро гунаҳкор ҳис кард.

  • Оятҳои тасаллибахш

  • Мисол(ҳо)-и тасаллибахш аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 33:9–13, 15, 16. Менашше шоҳи бадтарини Яҳудо буд, лекин баъди тавба карданаш сазовори раҳм шуд.

    • Лқ 15:11–32. Исо бо мисоли писари гумшуда нишон дод, ки Яҳува ба бахшидан тайёр аст.

Рӯҳафтодагӣ аз хиёнат ё рафтори бади дигарон

Нигаред ба «Ноумедӣ»

Рӯҳафтодагӣ аз сабаби сустию хатоҳоямон

Нигаред ба «Ноумедӣ»

Ҳисси беқадрӣ

Нигаред ба «Шубҳаҳо»

Ҳисси ноуҳдабароӣ

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Мс 3:11; 4:10. Пайғамбар Мӯсо дилпур набуд, ки ӯ метавонад бо фиръавн рӯ ба рӯ гап занад ва халқи Худоро аз Миср барорад.

    • Ир 1:4–6. Ирмиё фикр мекард, ки ҳукмҳои Яҳуваро ба халқи саркаш расонда наметавонад, чунки ҷавону камтаҷриба аст.

  • Оятҳои тасаллибахш

  • Мисол(ҳо)-и тасаллибахш аз Китоби Муқаддас

    • 2Мс 3:12; 4:11, 12. Яҳува гаштаву баргашта пайғамбар Мӯсоро дилпур кард, ки бо дастгирии ӯ аз уҳдаи супоришаш мебарояд.

    • Ир 1:7–10. Яҳува пайғамбар Ирмиёро бовар бахшид, ки барои паси сар кардани душвориҳо ба ӯ қувват мебахшад.

Рашку ҳасад

Нигаред ба «Рашк»

Маҳдудиятҳо аз сабаби бемориву пиронсолӣ

Зб 71:9, 18; Пг 12:1–7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 4Пш 20:1–3. Ҳизқиё ба бемории марговар гирифтор шуда зор-зор гиря кард.

    • Фп 2:25–30. Вақте Эпафродитус фаҳмид, ки ҷамоат дар бораи касалияш хабар ёфт, хавотир шуд, ки бародарон акнун фикр мекунанд, ки ӯ аз уҳдаи таъйиноташ намебарояд.

  • Оятҳои тасаллибахш

  • Мисол(ҳо)-и тасаллибахш аз Китоби Муқаддас

    • 2Пш 17:27–29; 19:31–38. Довуд Барзилойро қадрдонӣ карда ба дарбори худ даъват намуд, аммо ин мӯйсафеди ҳадшинос розӣ нашуд, зеро медонист, ки қувваташ ба ин кор намерасад.

    • Зб 41:1–3, 12. Вақте шоҳ Довуд касали вазнин буд, шубҳае надошт, ки Яҳува ӯро дастгирӣ мекунад.

    • Мқ 12:41–44. Исо бевазани камбағалро таъриф кард, чунки ӯ буду шудашро хайрия намуд.

Тез шифо наёфтани захмҳои равонӣ

Нигаред ба «Муносибати бад»

Тарсу ваҳм

Нигаред ба «Тарс»

Озору азият

Нигаред ба «Озору азият»