Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Омӯзиш

Омӯзиш

Барои чӣ масеҳиён Каломи Худоро доимо меомӯзанд?

Зб 1:1–3; Пнм 18:15; 1Тм 4:6; 2Тм 2:15

Ҳамчунин нигаред ба Крн 17:11

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Зб 119:97–101. Забурнавис муҳаббаташро ба шариати Худо баён кард ва гуфт, ки аз риояи он чӣ фоида гирифтааст.

    • Дн 9:1–3, поварақ. Пайғамбар Дониёл Навиштаҳои Муқаддасро омӯхта, фаҳмид, ки асирии исроилиён 70 сол давом мекунад.

Чаро мо бояд доимо дониш гирем?

Ибр 6:1–3; 2Пт 3:18

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Пнм 4:18. Чи тавре ки нури саҳар торафт зиёд мешавад, ҳамин тавр Яҳува ҳақиқати Каломашро ба дӯстдоронаш торафт равшантар мегардонад.

    • Мт 24:45–47. Исо пешгӯйӣ кард, ки «ғуломи бовариноку боандеша»-ро таъйин мекунад, то дар рӯзҳои охир ба пайравонаш сари вақт хӯроки рӯҳонӣ диҳад.

Чаро хираде, ки мо аз Китоби Муқаддас мегирем, аз ҳар хиради инсонӣ пурарзиштар аст?

Яҳува ба шахсоне, ки аз таҳти дил Каломашро меомӯзанд, чӣ ваъда медиҳад?

Чаро пеш аз омӯзиши шахсиямон бояд дуо гӯем?

Лқ 11:13; 1Қр 2:10; Яқ 1:5

Ҳамчунин нигаред ба Зб 119:66

Чаро мо бояд ҳар чизеро, ки аз «ғуломи бовариноку боандеша» мегирем, истифода барем?

Мт 24:45–47

Ҳамчунин нигаред ба Мт 4:4; 1Тм 4:15

Чаро мо кӯшиш мекунем, ки дониши аниқ дошта бошем ва ба ҷузъиёти чизҳои хондаамон аҳамият диҳем?

То чӣ андоза ба даст овардани фаҳму хирад муҳим аст?

Чаро мо бояд оҳиста хонему дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем?

Чаро ҳангоми хониш бояд фикр кунем, ки чӣ тавр маслиҳатҳои Каломи Худоро дар ҳаёт истифода барем?

Чаро бояд фикр кунем, ки чӣ тавр чизҳои омӯхтаамонро ба дигарон гап занем?

Ҳақиқатҳои муҳимро такроран омӯхтан чӣ фоида дорад?

2Пт 1:13; 3:1, 2

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 5Мс 6:6, 7; 11:18–20. Яҳува ба халқаш амр дода буд, ки дар ҳар мавриди мувофиқ ба фарзандонашон Шариати ӯро омӯзонанд.

Оилавӣ Каломи Худоро омӯхтан чӣ фоида дорад?

Эф 6:4

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 18:17–19. Яҳува ба Иброҳим гуфт, ки хонаводаашро дар роҳи худотарсӣ таълим диҳад.

    • Зб 78:5–7. Дар Исроил аз калонсолон талаб карда мешуд, ки кӯдаконро таълим диҳанд, то насли оянда низ ба Яҳува такя карданро ёд гирад.

Бо ҷамоат якҷоя омӯхтани Каломи Худо чӣ манфиат дорад?

Ибр 10:25

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 18:1