Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 3

Чӣ тавр ҳақиқати Китоби Муқаддас аз нав ошкор гашт?

Чӣ тавр ҳақиқати Китоби Муқаддас аз нав ошкор гашт?

Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас, солҳои 1870

Шумораи аввалини «Бурҷи дидбонӣ», соли 1879

Намуди имрӯзаи «Бурҷи дидбонӣ»

Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки баъди марги Исо, аз байни масеҳиёни аввалин муаллимони бардурӯғ пайдо мешаванд, ки ҳақиқати Китоби Муқаддасро фасод мекунанд (Аъмол 20:29, 30). Бо гузашти вақт, он чиз дар ҳақиқат рӯй дод. Онҳо таълимоти Исоро бо ақидаҳои дини бутпарастӣ омехта карданд ва ҳамин тавр масеҳияти бардурӯғ пайдо шуд (2 Тимотиюс 4:3, 4). Чӣ тавр мо боварӣ дошта метавонем, ки имрӯз таълимоти Китоби Муқаддасро дуруст мефаҳмем?

Вақти он расид, ки Яҳува ҳақиқатро кушояд. Ӯ пешгӯӣ карда буд, ки дар «замони охир» дониши ҳақиқат «афзоиш хоҳад ёфт» (Дониёл 12:4). Соли 1870 гурӯҳи хурди ҷӯяндагони ҳақиқат фаҳмиданд, ки бисёр таълимоти калисо дар асоси Навиштаҳо нестанд. Барои ҳамин, онҳо ба ҷустуҷӯи таълимоти аслии Китоби Муқаддас шурӯъ намуданд ва Яҳува ба онҳо кӯмак кард, ки Навиштаҳоро фаҳманд.

Мардони самимӣ Китоби Муқаддасро бодиққат омӯхтанд. Он мардони самимӣ Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас буданд, ки баъдтар чун Шоҳидони Яҳува маълум шуданд. Онҳо барои омӯхтани Китоби Муқаддас тарзеро ба кор бурданд, ки мо имрӯз то ҳол истифода мебарем. Онҳо Китоби Муқаддасро мавзӯъ ба мавзӯъ муҳокима мекарданд. Ва агар ҳангоми омӯзиш бо ҷои душворфаҳми Китоби Муқаддас дучор мешуданд, онҳо оятҳои дигари онро мекофтанд, ки ба ин савол равшанӣ меандохт. Баъди муҳокимаи ин оятҳо, вақте боварӣ ҳосил мекарданд, ки фаҳмишашон бо тамоми Навиштаҳо мувофиқ аст, онҳо хулосаи худро менавистанд. Ҳамин тавр онҳо мегузоштанд, ки Китоби Муқаддас худаш худашро маънидод кунад. Ин ба онҳо кӯмак кард, ки аз нав ҳақиқатро оиди номи Худо, Подшоҳии Ӯ, нияти Ӯ оиди инсоният ва замин, ҳолати мурдагон ва умеди эҳёшавӣ ошкор кунанд. Чунин таҳқиқот онҳоро аз бисёр ақидаҳо ва урфу одатҳои бардурӯғ озод кард (Юҳанно 8:31, 32).

То фаро расидани соли 1879 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас фаҳмиданд, ки вақти он расидааст, ки ҳақиқат бояд ба таври васеъ маълум карда шавад. Аз ин рӯ, ҳамон сол, онҳо ба нашр кардани маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад», сар карданд, ки он то имрӯз нашр мешавад. Ҳоло мо ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро дар 239 давлат ва ба 700 забон ба одамон расонда истодаем. То ин вақт ҳеҷ гоҳ дониши ҳақиқат ба ин дараҷа афзоиш наёфта буд!

  • Баъди марги Масеҳ бо ҳақиқати Китоби Муқаддас чӣ рӯй дод?

  • Чӣ ёрдам кард, ки ҳақиқат аз Каломи Худо аз нав ошкор гардад?