Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ДАҲ

Вақте ки яке дар оила бемор аст

Вақте ки яке дар оила бемор аст

1, 2. Чӣ тавр Шайтон фоҷиаву бемориҳоро барои шикасти беайбии Айюб истифода бурд?

 АЙЮБИ пайғамбарро бешубҳа дар қатори шахсоне метавон гузошт, ки аз хушбахтӣ дар оила баҳра бурдаанд. Китоби Муқаддас ӯро «аз тамоми аҳли шарқ бузургтар» меномад. Ӯ ҳафт писару се духтар, ҳамагӣ даҳ фарзанд дошт. Ҳамчунин барои таъмини хуби оилааш Айюб дороии кофиеро соҳиб буд. Муҳимтар аз ҳама, ӯ бар фаъолиятҳои рӯҳонии оилааш сарварӣ менамуд ва оиди мавқеи дар назди Худо доштаи фарзандонаш ташвиш мекашид. Дар натиҷаи ин оилааш мустаҳкаму хушбахт буд — Айюб 1:1–5.

2 Вазъи хуби Айюб аз назари Шайтон — душмани ашаддии Худо пинҳон намонд. Шайтон, ки ҳамеша роҳи шикастани беайбии ходимони Худоро меҷӯяд, ба Айюб бо вайронкунии оилаи хушбахташ ҳамла намуд. Баъд, ӯ «Айюбро аз кафи пояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард». Шайтон умед дошт, ки бо фоҷиаҳову беморӣ беайбии Айюбро шикаст медиҳад — Айюб 2:6, 7.

3. Чӣ аломатҳое дошт бемории Айюб?

3 Китоби Муқаддас номи аниқи бемории Айюбро намегӯяд. Аммо аломатҳои онро тасвир мекунад. Бадани ӯ бо ҷароҳатҳо пӯшида шуд, пӯсташ рим мекард ва хушк шуда аз танаш мерехт. Нафаси Айюб нафратангез буду аз ҷисмаш бӯи баде меомад. Дард ӯро шиканҷа медод (Айюб 7:5; 19:17; 30:17, 30). Дар азияту дард Айюб бар хокистар нишаста, бо сафолпорае захмҳояшро тоза мекард (Айюб 2:8). Саҳнаи дар ҳақиқат ғамангезе!

4. Ҳар оила вақт аз вақт бо чӣ рӯ ба рӯ мешавад?

4 Чӣ эҳсосе медоштед, агар мубталои чунин бемории вазнин мешудед? Имрӯз Шайтон одамонро чуноне ки бо Айюб кард, мубталои беморӣ намегардонад. Вале аз сабабҳои нокомилияти инсонӣ, стрессҳои зиндагии ҳаррӯза ва бадшавии муҳити атроф бояд омода бошем, ки вақт аз вақт касе дар оила бемор хоҳад буд. Новобаста аз чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳо тамоми одамон гирифтори беморӣ мегарданд, гарчанде ки фақат каме аз онҳо мисли Айюб азоб мекашанд. Вақте ки касе дар хона бемор мегардад, дар ҳақиқат мушкилиҳо пеш омада метавонанд. Аз ин рӯ, биёед бубинем, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад, ки бо ин душмани ҳарҷоии одамизод мубориза барем — Воиз 9:11; 2 Тимотиюс 3:16.

МУНОСИБАТИ ШУМО БАР ИН

5. Ҳангоми муваққатан бемор шудани яке аз аъзоёни оила, муносибати хонадон одатан чӣ гуна аст?

5 Халал дар ҷараёни муқаррарии зиндагӣ, аз кадом сабабе ки набошад, ҳамеша душворқабул аст, хусусан ҳангоме ки аз бемории дердавомкунанда бармеояд. Ҳатто бемориҳои кӯтоҳмуддат талаби дигаргуниҳо ва гузаштҳову фидокориҳо мекунанд. Барои аъзоёни саломати оила шояд лозим ояд, ки ба хотири бемор дар хона оромӣ нигаҳ доранд. Шояд эшон водор оянд, ки аз фаъолиятҳои муайяне даст кашанд. Ба ҳар ҳол, дар аксарияти оилаҳо ҳатто бачаҳои хурд ба хоҳар, бародар ё яке аз волидони беморшуда ҳамдардӣ мекунанд, гарчанде ки баъзан лозим меояд, то баандеша буданро барояшон ёдрас намоед (Қӯлассиён 3:12). Ҳангоми бемории кӯтоҳмуддат, одатан оила омода аст, ки ҳар кори лозимиро бикунад. Ғайр аз ин, ҳар як аъзои оила умед хоҳад дошт, ки дар сурати бемор шуданаш ба ӯ низ чунин аҳамият медиҳанд — Матто 7:12.

6. Баъзан ҳангоми ба бемории ҷиддӣ гирифтор шудани яке дар оила, аъзоёни дигари он чӣ эҳсос мекунанд?

6 Аммо агар беморӣ хеле ҷиддӣ бошад ва тағйироти кулливу дурударозе дар зиндагӣ лозим ояд–чӣ? Масалан, агар якеро дар хона фалаҷ, ё бемории Алтсгеймер, ё ягон касалии дигаре аз по фитонад? Ё агар касе дар оила гирифтори бемории рӯҳие мисли шизофрения гардад? Одатан эҳсосоти аввале, ки пайдо мешаванд, дилсӯзӣ ва ғам аз он аст, ки шахси ба дил наздик ин қадар азоб мекашад. Вале бо гузашти вақт шояд эҳсосоти дигаре оянд. Аъзоёни оила шояд ҳис кунанд, ки бемории як шахс то чӣ андоза ба зиндагиашон таъсиру озодиашонро маҳдуд мекунад ва ин барояшон аламовар мегардад. Шояд ба худ суол диҳанд, ки “чаро ин бо ман рӯй дод?”.

7. Муносибати зани Айюб ба бемории шавҳараш чӣ гуна буд ва ӯ зоҳиран чиро фаромӯш кард?

7 Ба сари зани Айюб–пайғамбар шояд фикрҳои ба ин монанде омаданд. Дар ёд доред, ки ӯ аллакай марги фарзандонро аз сар гузаронд. Фоҷиаҳои ҳаёти вай паи ҳам меомаданд ва ӯ торафт ошуфтаҳолтар мешуд. Билохир, дид, ки шавҳари замоне фаъолу қавияш мубталои бемории пуразобу нафратангез гаштааст, ӯ зоҳиран омили муҳимеро, ки бояд ин ҳама фалокатҳоро рӯпӯш мекард,— муносибатҳои бо Худо доштаи худу шавҳарашро фаромӯш намуд. Китоби Муқаддас нақл мекунад: «Ва занаш ба ӯ [Айюб] гуфт: “Оё ту ҳанӯз ба беайбии худ қоим ҳастӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир”» — Айюб 2:9.

8. Ҳангоми бемории як аъзои оила, кадом оят ба нафарони дигари хонадон барои нигоҳ доштани назари дуруст кӯмак менамояд?

8 Бисёриҳо яъсу ноумедӣ ва ҳатто ғазаб эҳсос мекунанд аз он ки аз паси бемории шахсе зиндагиашон куллан тағйир меёбад. Вале ходимони Худо, ки оиди вазъияти баамаломада мулоҳиза мекунанд, бояд дарк намоянд, ки ин барояшон имконияти исбот намудани ҳаққонияти муҳаббаташонро медиҳад. Муҳаббати ҳақиқӣ «пуртоқат ва бошафқат аст... нафъи худро толиб нест... ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад» (1 Қӯринтиён 13:4–7). Аз ин рӯ, ба ҷои он ки ба ҳукмронии эҳсосоти манфӣ роҳ диҳем, беҳтар аст, ки бо тамоми қувват онҳоро идора намоем — Масалҳо 3:21.

9. Дар вақти бемории ҷиддии нафаре аз хонавода чӣ эътимодҳое оиларо рӯҳану равонан дастгирӣ мекунанд?

9 Барои нигоҳ доштани беҳбудии рӯҳониву равонӣ дар оилае, ки нафаре бемории ҷиддӣ дорад, чӣ кор метавон кард? Албатта, ҳар беморӣ муолиҷаву нигоҳубини ба худ хосро талаб менамояд ва дар ин китоб тавсия кардани ягон намуди табобат муносиб намебуд. Ба ҳар сурат, Яҳува рӯҳан «ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад» (Забур 144:14). Довуди подшоҳ навишт: «Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард. Худованд ӯро нигаҳбонӣ хоҳад кард ва зинда хоҳад мононд... Худованд ӯро бар бистари беморӣ ёварӣ хоҳад кард» (Забур 40:2–4). Яҳува ходимонашро рӯҳан зинда нигоҳ медорад, ҳатто он вақте ки эшон равонан аз ҳад зиёд хаста шуда бошанд (2 Қӯринтиён 4:7). Бисёр шахсоне, ки касе дар оилаашон гирифтори бемории ҷиддӣ буд, бар хитоби зерини забурнавис ҳамроҳ шуданд: «Бисёр ба залолат афтодаам; Худовандо, мувофиқи каломи Худ маро зинда гардон» — Забур 118:107.

РӮҲИЯИ ШИФОБАХШ

10, 11. а) Ба оила барои муваффақона баромадан аз ӯҳдаи бемории нафаре аз наздикон чӣ муҳим аст? б) Як зан чӣ гуна аз ӯҳдаи нигоҳубини бемории шавҳараш мебаромад?

10 «Вақте инсон рӯҳияаш қавӣ аст бемориро таҳаммул мекунад, — мегӯяд ояти Китоби Муқаддас,— аммо рӯҳияи шикастаро чӣ касе метавонад таҳаммул кунад?» (Масалҳо 18:14, ТТФ). Зарбаи равонӣ на танҳо ба «рӯҳияи инсон», балки ба рӯҳияи тамоми оила таъсир менамояд. Вале «дили ором ҳаёти ҷисм аст» (Масалҳо 14:30). Муваффақона аз ӯҳдаи бемории ҷиддӣ баромадану набаромадани оила асосан аз рӯҳияи ҳама аъзоёни он вобаста мебошад — қиёс кунед бо Масалҳо 17:22.

11 Як зани ходими худобуда, ки шавҳараш танҳо баъд аз 6 соли оиладорӣ гирифтори фалаҷ аз сактаи мағзи сар шуд, бояд ба чизҳои зиёде тоб меовард. “Нутқи ҳамсарам сахт тағйир ёфт ва гуфтугӯ бо ӯ қариб имконнопазир гашт,— ба ёд меоварад вай.— Шиддате, ки аз саъй барои фаҳмидани суханҳои ӯ бармеомад, хеле бузург буд”. Акнун тасаввур кунед, ки худи шавҳараш чӣ азобе мекашиду дар чӣ афсурдагие буд! Онҳо чӣ кор карданд? Гарчанде ки манзилашон дур аз ҷамъомад буд, хоҳар ҳар кори аз дасташ меомадаро барои рӯҳан қавӣ мондан мекард; ӯ ҳамеша ҷаҳд менамуд, ки то охирин хабарҳои созмонро бидонад ва тавассути маҷаллаҳои “Бурҷи дидбонӣ” ва “Бедор шавед!” ғизои рӯҳонӣ бигирад. Ин барояш қувваи рӯҳонӣ мебахшид, то шавҳари азизашро то дами марги ӯ, ки чор сол пас фаро расид, нигаҳбонӣ кунад.

12. Ҳамон тавре ки дар намунаи Айюб аён аст, баъзан шахси бемор ба чӣ мусоидат карда метавонад?

12 Дар вазъияти Айюб, худи ӯ, яъне ҷабрдида қавӣ монд. «Наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?»,— суол дод ӯ ба занаш (Айюб 2:10). Тааҷҷубовар нест, ки баъдтар Яъқуби расул Айюбро чун намунаи барҷастаи сабру таҳаммул овард! Дар Яъқуб 5:11 мо мехонем: «Шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро ки Худованд раҳмон ва бахшанда аст». Мисли ин, имрӯз низ аксаран қавирӯҳии бемор ба дигар нафарони оила кӯмак мекунад, ки тарзи фикри мусбатро нигоҳ доранд.

13. Оилае, ки нафаре дар он ҷиддан бемор аст, вазъи худро бо чӣ набояд қиёс кунад?

13 Аксарияти одамоне, ки бо бемории нафаре аз оилаашон рӯ ба рӯ шуданд, розӣ мегарданд, ки вақтҳои аввал барои аъзоёни оила қабули воқеият душвор аст. Онҳо ҳамчунин қайд мекунанд, ки аз назари кас ба вазъияти бавуҷудомада чизи зиёде вобаста аст. Даровардани тағйирот дар тартиби муқаррарии ҳаёти оила дар аввал мушкил мебошад. Вале агар шахс ҳақиқатан ҷидду ҷаҳд кунад, ӯ ба вазъияти нав мутобиқ шуда метавонад. Ва дар ин ҳангом, муҳим аст, ки вазъи худро бо вазъи онҳое, ки дар хонаашон шахси бемор надоранд, муқоиса нанамоем ва фикр накунем, ки зиндагии онҳо осонтар аст ва “ин аз рӯи адолат нест!”. Аслан касе намедонад, ки вазни бори зиндагии дигарон чӣ гуна аст. Суханони Исо — «назди ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон ва ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид»,— тасаллибахши тамоми ходимони Худоянд (Матто 11:28).

ГУЗОШТАНИ АФЗАЛИЯТҲО

14. Афзалиятҳоро чӣ гуна ба таври дуруст гузоштан мумкин аст?

14 Дар муқобили бемории ҷиддӣ, оила бояд ин гуфтаҳои Илоҳиро дар ёд дорад: «бо кӯмаки мушовирони бисёр [нақшаҳо] иҷро меёбанд» (Масалҳо 15:22). Оё аҳли оила метавонанд, ки бо ҳам ҷамъ омада, вазъияти аз беморӣ бамиёномадаро муҳокима намоянд? Албатта, дуруст мешуд, ки ин корро бо дуову муроҷиат ба ҳидояти Каломи Худо кунем (Забур 24:4). Чиҳоро муҳокима бояд намуд? — Табобат, маблағ, тағйироти дар оила пешомадаро. Кӣ ба нигоҳубини асосии бемор машғул хоҳад шуд? Барои дастгирии ин нигоҳубин аҳли оила чӣ гуна бо ҳам ҳамкорӣ хоҳанд кард? Ин дигаргуниҳо чӣ таъсире ба ҳар як аъзои оила мерасонад? Ниёзҳои рӯҳониву эҳтиёҷоти дигари нигоҳубинкунандаи асосӣ чӣ гуна қонеъ мешаванд?

15. Оилаҳоеро, ки касе дар онҳо бемории ҷиддӣ дорад, Яҳува чӣ гуна дастгирӣ мекунад?

15 Дуоҳои боисрор дар ҷустуҷӯи ҳидояти Яҳува, мулоҳизаи Каломи Ӯ ва шуҷоона пайравӣ намудан ба роҳе, ки Китоби Муқаддас нишон медиҳад, аксаран ба баракатҳое меоранд, ки бештар аз интизориамон ҳастанд. Беморӣ на ҳама вақт рӯ ба таназзул мениҳад. Вале такя ба Яҳува ҳамеша ба беҳтарин ҳалли ҳар вазъият ҳидоят мекунад (Забур 54:23). Забурнавис навишт: «Эҳсони Ту, эй Худованд, маро дастгирӣ мекард. Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад» — Забур 93:18, 19; инчунин ба Забур 62:7–9 нигаред.

КӮМАК БА БАЧАҲО

Агар аҳли оила ҳамкорӣ намоянд, мушкилиҳоро ҳал метавон кард.

16, 17. Ҳангоми бо бачаҳои хурд муҳокима кардани бемории хоҳар ё бародарашон чӣ нуктаҳоро ба назар бояд гирифт?

16 Бемории ҷиддии нафаре дар хонадон сабаби мушкилӣ барои кӯдакон шуда метавонад. Муҳим аст, ки волидон ба онҳо эҳтиёҷоти бавуҷудомада ва кӯмакеро, ки бачаҳо расонида метавонанд, фаҳмонанд. Агар дар хона кӯдак бемор шуда бошад, ба хоҳару бародаронаш шарҳ додан лозим аст, ки аҳамияту ғамхории бештар ба бемор маънои камтар дӯст доштани фарзандони дигарро надорад. Ба ҷои он ки ба авҷи қаҳру рақобати байни бачаҳо роҳ диҳанд, волидон дар ҳоле ки якҷоя бо онҳо аз ӯҳдаи беморӣ мебароянд, метавонанд пайванду дилбастагии байнашонро наздиктар созанд.

17 Агар волидон ба ҷои шарҳи дурударозу мураккаби мафҳумоти тиббӣ бештар ба эҳсосоти бачаҳои хурд рӯ оваранд, онҳо одатан бо омодагии бештар ҷавоб медиҳанд. Барои ин ба кӯдакон дар бораи дарди нафари бемор тасаввурот бояд дод. Агар бачаҳои солим бинанд, ки беморӣ бародар ё хоҳари касалашонро аз анҷоми корҳое маҳрум кардааст, ки иҷрояш барои худи онҳо душвор нест, баэҳтимол бештар «бародардӯст»–у «бошафқат» хоҳанд буд — 1 Петрус 3:8.

18. Чӣ тавр ба фарзандони бузургтар барои фаҳмиши мушкилиҳои дар оила аз беморӣ бавуҷудомада кӯмак метавон кард ва ин чӣ гуна барояшон муфид буда метавонад?

18 Ба фарзандони бузургтар дар фаҳмиши он кӯмак бояд кард, ки вазъи мушкил ҷой дорад ва он аз ҳар аъзои хонадон фидокорӣ талаб мекунад. Шояд пардохти муолиҷа имконият надиҳад, ки волидон фарзандони дигарро тавре ки мехостанд, таъмин созанд. Оё фарзандон аз ин қаҳр кардаву худро аз чизе маҳрумшуда ҳис мекунанд? Ё мушкилии вазъиятро фаҳмида, бо омодагӣ аз хоҳишҳои худ гузашт менамоянд? Бисёр чизҳо аз тарзи муҳокимаи вазъият дар оила ва рӯҳияи дар он бунёдёфта вобаста аст. Ҳақиқатан, бемории аъзое дар аксари оилаҳо ба бачаҳо кӯмак мекунад, ки ба панди зерини Павлус пайравӣ намоянд: «Аз рӯи рақобат ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд» — Филиппиён 2:3, 4.

МУНОСИБАТ БА МУОЛИҶА

19, 20. а) Ҳангоми бемории яке аз аъзоёни оила, чӣ масъулияте бар дӯши сарвари он аст? б) Бо вуҷуди асари тиббӣ набудан, Китоби Муқаддас чӣ ҳидояте оиди муолиҷа дорад?

19 Ходимони Худо, ки назари боэътидол доранд, ба тарзҳои муолиҷае, ки қонунҳои Худоро намешикананд, зид нестанд. Агар касе аз хонадонашон бемор шавад, онҳо ба зудӣ барои сабук кардани дарди ӯ кӯмак меҷӯянд. Дар ҳар сурат, тавсияҳои табибон баъзан ба ҳам зиддият мекунанд,— оиди онҳо мулоҳиза бояд кард. Илова бар ин, солҳои охир бемориҳои нав пайдо мегарданд, ки аксарияташон тарзҳои ба таври умум қабулшудаи муолиҷаро надоранд. Баъзан ҳатто гузоштани ташхиси дуруст мушкил аст. Пас, ходими Худо дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунад?

20 Ҳарчанд ки яке аз нависандагони Китоби Муқаддас табиб буд ва боре Павлуси расул маслиҳати аз назари тиб муфидеро ба дӯсташ Тимотиюс дод, Навиштаҳои Муқаддас роҳнамои ахлоқиву рӯҳонианд, на асари тиббӣ (Қӯлассиён 4:14; 1 Тимотиюс 5:23). Дар ҳар сурат, сарварони оилаҳое, ки ходими Худоянд, бояд қарори боэътидоли хешро оиди муолиҷа қабул намоянд. Шояд онҳо эҳсос кунанд, ки фаҳмидани андешаи якчанд мутахассисон лозим аст (қиёс кунед бо Масалҳо 18:17). Барои аъзои бемори оилаашон, онҳо албатта табобати беҳтарини дастрасро мехоҳанд ва аксарият инро аз духтурони боихтисос меҷӯянд. Баъзеҳо тибби халқиро афзалтар медонанд, ки ин ҳам қарори шахсист. Дар ҳар сурат, ҳангоми табобат Каломи Худо барои ходимони Ӯ чун дар ҳар вақти дигар «чароғ» барои пойҳояшон ва «нур» барои роҳашон аст (Забур 118:105). Онҳо мувофиқи ҳидояти Китоби Муқаддас амал карданро давом медиҳанд (Ишаъё 55:8, 9). Аз ин рӯ, ходимони Худо ҳар тарзи ташхиси бемориро, ки бар робита бо арвоҳ алоқаманд аст ва ҳар тарзи муолиҷаро, ки ба принсипҳои Илоҳӣ зиддият дорад, рад мекунанд — Забур 35:10; Аъмол 15:28, 29; Ваҳй 21:8.

21, 22. Зане аз Осиё чӣ тавр оиди принсипе аз Китоби Муқаддас мулоҳиза намуд ва чӣ гуна қарори қабулкардааш дар вазъияти ӯ дуруст баромад?

21 Ба намунаи ҷавонзане аз Осиё таваҷҷӯҳ кунед. Каме баъдтар аз он ки ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро бо Шоҳидони Яҳува оғоз намуд, пеш аз мӯҳлат духтарча таваллуд кард, ки ҳамагӣ 1 470 грамм вазн дошт. Ҳангоми аз духтур шунидани он ки кӯдак аз инкишоф хеле ақиб хоҳад монд ва ҳеҷ гоҳ роҳ намеравад, зан дилшикаста шуд. Табиб маслиҳат дод, ки кӯдакро ба ятимхона супоранд. Шавҳари зан чӣ кор карданашро намедонист. Зан ба кӣ муроҷиат намуда метавонист?

22 Ӯ нақл мекунад: “Ман дар хотир доштам, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Инак, фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд; самари батн муздест аз ҷониби Ӯ»” (Забур 126:3). Зан қарор дод, ки ин «мерос»–ро ба хона бурда, ба ӯ ғамхорӣ намояд. Дар аввал мушкил буд, вале бо кӯмаки дӯстон аз ҷамоати маҳаллии Шоҳидони Яҳува зан аз ӯҳдаи таъмини кӯдак бо нигоҳубини махсуси зарурӣ баромад. Баъд аз 12 сол, кӯдак ба вохӯриҳо дар Толори Салтанат меомад ва дар он ҷо аз муоширати ҳамсолонаш баҳра мебурд. Модараш шарҳ медиҳад: “Хеле шукргузорам, ки Китоби Муқаддас маро ба қабули қарори дуруст барангехт. Он кӯмакам кард, ки назди Яҳува Худо виҷдонамро пок нигаҳ дорам ва пушаймонӣ аз кори кардаам як умр маро азоб надиҳад”.

23. Чӣ тасаллиеро Китоби Муқаддас ба беморону нигоҳубинкунандагони онҳо мебахшад?

23 Бемориҳо абадан нахоҳанд буд. Ишаъё–пайғамбар ба вақте ишора намуд, ки «сокине нахоҳад гуфт: “ман бемор ҳастам”» (Ишаъё 33:24). Ин ваъда дар дунёи нави ба зудӣ фарорасанда иҷро хоҳад шуд. Вале то он вақт, мо бояд бо бемориву марг мубориза барем. Хушбахтона, Каломи Худо ба мо кӯмаку роҳнамоӣ медиҳад. Меъёрҳои асосии ахлоқие, ки дар Китоби Муқаддасанд, побарҷоянду дар муқобили ақидаҳои тағйирёбандаи одамӣ авлотаранд. Ана бо ин сабаб, шахси хирадманд бо суханҳои зерини забурнавис розӣ мешавад: «Тавроти Худованд комил аст, ба кас ҷон мебахшад; шаҳодати Худованд боэътимод аст, нодонро доно мегардонад. ...Дастурҳои Худованд рост аст, ҳамааш ҳаққонист ...дар риояи онҳо подоши бузурге ҳаст» — Забур 18:8, 10, 12.