Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ЧОРДАҲ

Бар остонаи пирӣ бо ҳам...

Бар остонаи пирӣ бо ҳам...

1, 2. а) Пирӣ чӣ тағйиротҳое дар инсон ба вуҷуд меорад? б) Ходимони қадими Худо чӣ гуна дар пирӣ қаноатмандӣ меёфтанд?

 БО ФАРОРАСИИ пирӣ тағйироти зиёде дар зиндагӣ ба амал меояд. Заифии ҷисмонӣ аз тавоноии пешина маҳрум мекунад. Ба оина назар андохта, кас ожангҳои наве дар худ мебинад. Мӯйҳо сафед шуда, мерезанд. Хотира заиф мегардад. Бо хонадоршавии фарзандон муносибатҳоро бо онҳо ба таври дигар бояд сохт ва ҳангоми пайдо шудани набераҳо аз нав чунин бояд кард. Барои баъзеҳо банафақабароӣ дигаргуниҳои куллие ба ҷараёни муқаррарии ҳаёташон медарорад.

2 Пирӣ дар ҳақиқат барои инсон озмоише шуда метавонад (Воиз 12:1–8). Биёед, намунаи ходимони қадими Худоро бубинем. Гарчанде ки билохир аз дунё гузаштанд, ин шахсон тӯли зиндагиашон фаҳмишу хираде ба даст оварданд, ки дар пириашон қаноатмандии бузурге барояшон мебахшид (Ҳастӣ 25:8; 35:29; Айюб 12:12; 42:17). Чӣ тавр онҳо новобаста ба пиршавӣ дар хушбахт мондан муваффақ мегаштанд? Албатта, ба шарофати зиндагӣ мувофиқи принсипҳое, ки имрӯз дар Китоби Муқаддас дида метавонем — Забур 118:105; 2 Тимотиюс 3:16, 17.

3. Чӣ панде Павлуси расул ба мардону занони куҳансол дод?

3 Дар нома ба Титус, Павлуси расул маслиҳати оқилонае ба куҳансолон дод. Ӯ навишт: «Ба пирамардон бигӯ, ки ҳушёр [«дар одат мӯътадил», ТДН], ботамкин ва боисмат буда, дар имон, муҳаббат ва тоқат солим бошанд; ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд» (Титус 2:2, 3). Гӯш овардан ба ин панд ба онҳо барои ҳалли мушкилиҳои пирӣ кӯмак хоҳад кард.

БА МУСТАҚИЛИЯТИ ФАРЗАНДОНАТОН МУТОБИҚ ШАВЕД

4, 5. Аксари волидон баъд аз издивоҷу тарки хона кардани фарзандон чӣ гуна эҳсосот доранд ва баъзеҳо чӣ тавр ба вазъияти нав мутобиқ мешаванд?

4 Тағйири нақшҳо мутобиқат металабад. Хусусан он вақте ки фарзандони баркамол издивоҷ карда, хонаро тарк мекунанд! Барои аксари волидон ин аввалин нишонаи расидани пириашон аст. Ҳарчанд ки аз баркамол шудани фарзандон шоданд, волидон аксаран дар ташвишанд, ки оё ҳама корро барои омодагии бачаҳо бар мустақилият карданд, ё не. Ва шояд акнун волидон холигии ҷои фарзандонро дар хона эҳсос мекунанд.

5 Фаҳмост, ки падару модар ҳатто баъд аз издивоҷу тарки хона кардани фарзандон, дар хусуси беҳбудии онҳо ташвиш мекашанд. “Кош зуд–зуд хабаре аз онҳо мешунидам, то бидонам, ки ҳамаашон хубанд. Ин маро хурсанд мекард”,— мегӯяд модаре. Падаре нақл мекунад: “Вақте духтарамон хонаро тарк кард, бароямон хеле душвор буд. Хонаамон гӯё холӣ шуд; охир ҳамеша корҳоро бо ҳам мекардем”. Ин волидон бо холигие, ки аз набудани фарзандонашон бармеомад, чӣ гуна мубориза бурданд? — Аксаран бо ғамхориву кӯмак бар дигарон.

6. Чӣ кӯмак мекунад, ки ба муносибатҳои оилавӣ назари дуруст нигоҳ дошта шавад?

6 Ҳангоми издивоҷ кардани фарзандон, нақши волидон тағйир меёбад. Дар Ҳастӣ 2:24 гуфта шудааст: «Мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд». Эътирофи принсипи Худо оиди сарварӣ ва тартиби лозимӣ, ба волидон кӯмак мекунад, ки ба ҳар чиз назари дуруст дошта бошанд — 1 Қӯринтиён 11:3; 14:33, 40.

7. Чӣ мавқеи хуберо падаре баъд аз издивоҷу тарки хона кардани духтаронаш ишғол намуд?

7 Ба назари зану шавҳаре, баъд аз издивоҷу тарки хона кардани ду духтарашон, зиндагӣ холӣ тофт. Дар вақтҳои аввал падар ба домодҳояш қаҳр мекард. Аммо оиди принсипи сарварӣ мулоҳиза намуда, ӯ дарк кард, ки акнун домодҳо нисбати хонадонашон масъулият ба дӯш доранд. Аз ин рӯ, ҳангоме ки духтарон аз падар маслиҳат меҷустанд, ӯ фикри шавҳарашонро мепурсид ва баъд мекӯшид, ки онро ба таври ҳарчи беҳтар дастгирӣ намояд. Домодҳо ин падарро чун дӯст қабул медоранд ва маслиҳатҳояшро мепазиранд.

8, 9. Баъзе волидон ба мустақилияти фарзандони бакамолрасидаашон чӣ гуна мутобиқ шуданд?

8 Агар амали навхонадорон мухолифи Китоби Муқаддас неву дар айни ҳол ба тарзи мехостаи волидонашон низ набошад–чӣ? “Мо ҳамеша ба онҳо барои дидани назари Яҳува кӯмак мекунем,— мегӯяд ҷуфте, ки фарзандонашон издивоҷкардаанд,— аммо агар бо қарорашон розӣ набошем ҳам, бо онҳо баҳсу мунозира накарда, мекӯшем, ки ба фарзандон дастгириву рӯҳбаландӣ бахшем”.

9 Дар баъзе аз кишварҳои Осиё, хусусан барои модарон қабули он ки писарашон ба мустақилият қадам ниҳод, мушкил аст. Аммо агар модарон тартиботи Худо муқарраркардаву принсипи сарвариро эҳтиром намоянд, барояшон аён хоҳад шуд, ки носозгории байни онҳову келинҳо камтар мегардад. Як зане, ки ходими Худост, дарк намуд, ки издивоҷ карда, тарки хона намудани писаронаш барои ӯ “манбаи шукргузории ҳарчи бештар” шуд. Ӯ аз дидани он ки писаронаш дар хонаҳояшон аз ӯҳдаи рӯзгордорӣ хуб мебароянд, қабат–қабат гӯшт мегирад. Ва ин бори ҷисмониву рӯҳиро барои ӯву шавҳараш, ки торафт пиртар мешаванд, сабуктар месозад.

БА ПАЙВАНДИ ҲАМСАРӢ ТАРОВАТ БАХШЕД

10, 11. Кадом панди Китоби Муқаддас кӯмак мекунад, ки одамон аз домҳои солмандӣ даргурез бошанд?

10 Ба расидани солмандӣ одамон ба таври гуногун муносибат мекунанд. Баъзе мардон барои ҷавонтар тофтан тарзи либоспӯшиашонро тағйир медиҳанд. Бисёри занҳо аз тағйироте, ки менопауза (давраи қатъи ҳайз) бо худ меорад, ташвиш мекашанд. Мутаассифона, баъзе касони солманд бо гаппаррониву луқмапартоӣ ба ҷавонони ҷинси муқобил ҳамсарони худро хафа карда, сабаби рашки онҳо мегарданд. Аммо шахсони худописанд «бомулоҳиза» буда, хоҳишҳои нодурустро пахш мекунанд (1 Петрус 4:7). Монанди ин занони оқила низ аз муҳаббат ба шавҳар ва хоҳиши писанди Яҳува будан, мекӯшанд, ки издивоҷи хешро мустаҳкам нигаҳ доранд.

11 Зери илҳоми Илоҳӣ подшоҳ Лемуил «зани солеҳа»–ро, ки «тамоми айёми умри худ ба ӯ [ба шавҳараш] некӣ мекунад, ва на бадӣ» таъриф менамояд. Марди худоҷӯй албатта занашро, ки барояш дар солмандӣ бо ивазшавии кайфият мубориза бурдан мушкил аст, мефаҳмад. Муҳаббати мард ӯро бармеангезад, ки занашро «аҳсан» гӯяд — Масалҳо 31:10, 12, 28.

12. Ҷуфти ҳамсарон бо гузашти солҳо чӣ тавр ба ҳам наздиктар шуда метавонанд?

12 То калон кардани фарзандон, шумо ҳарду шояд ба хотири ниёзҳои бачаҳо аз хоҳишҳои худ бо омодагӣ даст мекашидед. Акнун ки онҳо алоҳида зиндагӣ мекунанд, аз нав вақти он расид, ки таваҷҷӯҳатонро ба ҳамсаратон мутамарказ кунед. “Вақте ки духтаронам хонаро тарк намуданд,— мегӯяд шавҳаре,— ман гӯё ба давраи арӯсиамон баргаштам”. Шавҳари дигаре нақл кард: “Мо ба саломатии ҳамдигар ғамхорӣ менамоем ва ба ҳам лозимияти варзишро ёдрасӣ мекунем”. Барои он ки худро танҳо эҳсос накунанд, ӯву занаш аъзоёни ҷамъомадро ба меҳмонӣ даъват менамоянд. Бале, ба дигарон зоҳир кардани таваҷҷӯҳ баракатҳо меоварад. Беш аз ин, он ба Яҳува писанд аст — Филиппиён 2:4; Ибриён 13:2, 16.

13. Ошкорову самимӣ будан чӣ нақшеро дар муносибати ҳамсароне, ки пириро пешвоз мегиранд, мебозад?

13 Нагузоред, ки байни шумову ҳамсаратон аз норасоии муошират вартае ба миён ояд. Бо ҳам ошкоро гуфтугӯ намоед (Масалҳо 17:27). “Мо якдигарфаҳмиамонро бо ғамхориву эҳтиром ба ҳам амиқтар сохтем”,— шарҳ медиҳад шавҳаре. Занаш бо ӯ розӣ шуда, мегӯяд: “Ҳар қадаре ки пиртар мегардем, ҳамон қадар аз бо ҳам нӯшидани чою сӯҳбаткунӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамдигар лаззат мебарем”. Ошкорову самимӣ будани шумо пайванди ҳамсариатонро қавитар сохта, онро ба муқовимат бар ҳамлаҳои Шайтон, ки вайронкунандаи издивоҷ аст, қодир мекунад.

АЗ НАБЕРАҲО БАҲРА БАРЕД

14. Модаркалони Тимотиюс зоҳиран чӣ нақшеро дар чун ходими Худо тарбия ёфтани наберааш бозид?

14 Набераҳо «тоҷ»–и куҳансолонанд (Масалҳо 17:6). Муошират бо набераҳо дар ҳақиқат шодиовар ва фараҳбахшу зиндадилкунанда буда метавонад. Китоби Муқаддас дар бораи Лӯид сухан мегӯяд, ки бо духтараш Авниқо ба наберааш Тимотиюс оиди имон нақл мекард. Ин писар бо донистани он ки модару бибияш ҳақиқати Китоби Муқаддасро қадр мекунанд, ба воя мерасид — 2 Тимотиюс 1:5; 3:14, 15.

15. Бибию бобоҳо дар тарбияи набераҳо ба чӣ мусоидат карда метавонанд ва чиро набояд ба зиммаи худ бигиранд?

15 Маҳз дар ин ҷодаи бахусус, бобою бибиҳо саҳми арзандае гузошта метавонанд. Эшон, ки пеш дониши оиди Яҳува Худо доштаашонро ба фарзандонашон талқин мекарданд, акнун имконияти ба набераҳо омӯзонидани онро доранд! Бисёри бачаҳо бо шавқи калон ҳикояҳои Китоби Муқаддасро аз даҳони бибию бобоҳояшон мешунаванд. Албатта, бибию бобо масъулияти ба фарзандон талқин намудани ҳақиқати Китоби Муқаддасро, ки волидон доранд, ба зиммаи худ намегиранд (Такрори Шариат 6:7). Онҳо дар ин фақат кӯмак мекунанд. Бигзор дуои шумо низ мисли ин дуои забурнавис бошад: «Маро, эй Худо, то вақти пирӣ ва мӯйсафедӣ низ тарк накун, то даме ки бозуи Туро ба ин насл, ва қудрати Туро ба ҳамаи ояндагон ҳикоят кунам» (Забур 70:18; 77:5, 6).

16. Чӣ тавр бобою бибиҳо аз сабаби носозгорӣ шудан дар хона, эҳтиёт шуда метавонанд?

16 Мутаассифона, баъзе бибию бобоҳо набераҳоро чунон эрка мекунанд, ки ин ба низоъ бо волидони бачаҳо меорад. Вале бо сабаби меҳрубонии самимонаи бибию бобо шояд ба набераҳо ба онҳо кушодани рози дилашон, ки онро ба волидон гуфтан намехоҳанд, осонтар бошад. Баъзан вақт набераҳо умед мекунанд, ки бибию бобои гузашткунанда тарафи онҳоро мегиранд, на тарафи волидонро. Дар ин ҳолат бибию бобо чӣ кор бояд кунанд? — Оқил бошеду ба набераҳо маслиҳат диҳед, ки ба волидонашон ростқавлона ҳамаро нақл кунанд. Фаҳмонед, ки ин писанди Яҳува аст (Эфсӯсиён 6:1–3). Агар лозим бошад, метавонед ба набераҳо кӯмаки худро дар шакли пешакӣ бо волидонашон сӯҳбат карда, корро барои онҳо осонтар намудан пешниҳод кунед. Ба набераҳо таҷрибаи дар тӯли солҳо бадастовардаатонро самимона нақл намоед. Ростқавлу ошкоро будани шумо ба манфиати онҳо хоҳад буд.

БА СИННУ СОЛАТОН МУТОБИҚ ШАВЕД

17. Ба чӣ гуна қатъияти забурнавис ходимони солхӯрдаи Худо бояд пайравӣ намоянд?

17 Бо гузашти солҳо инсон дарк мекунад, ки дигар ба иҷрои ҳамаи он корҳое, ки пештар мекард ё кардан мехоҳад, қодир нест. Инсон чӣ тавр ба пиршавии худ мутобиқ шуда метавонад? Шояд дар назаратон 30–сола бошед, вале оина нишонгари воқеияти дигар аст. Ошуфта нашавед. Забурнавис Яҳуваро зорӣ мекард: «Маро дар замони пирӣ партоб накун; вақте ки қувватам кам шавад, маро тарк накун». Ба қатъияти ӯ пайравӣ кунед, ки гуфт: «Ман доимо умедвор хоҳам буд ва бар ҳамаи ҳамду санои Ту боз илова хоҳам намуд» — Забур 70:9, 14.

18. Чӣ тавр ходими рӯҳан баркамоли Худо вақти дар нафақа будани худро арзандатар истифода бурда метавонад?

18 Баъзеҳо пешакӣ барои баъд аз нафақа бештар ҳамд кардани Яҳува тайёр мешаванд. “Ман пешакӣ нақша мекашидам, ки баъд аз мактабро хатм кардани духтарам чӣ кор мекунам”,— мегӯяд падаре, ки ҳоло дар нафақа аст.— “Қарор намудам, ки хидмати пурравақтро оғоз намоям ва муассисаамро фурӯшам, то озодтар шаваму ба Яҳува пурратар хидмат кунам. Аз Яҳува дар дуо ҳидоят пурсидам”. Агар ба наздикӣ ба нафақа мебаромада бошед, бигзор шуморо ин хитоби Офаридгори бузургамон тасаллӣ диҳад: «То пирии шумо Ман ҳамон ҳастам ва то мӯйсафедии шумо Ман шуморо хоҳам бардошт» — Ишаъё 46:4.

19. Ба куҳансолон чӣ панде дода мешавад?

19 Шояд ба ҳаёти нафақахӯрӣ одат кардан осон набошад. Павлуси расул маслиҳат дод, ки мардони солхӯрда «дар одат мӯътадил» бошанд. Ин маънои худдории умумӣ доштанро дорад, на ин ки майл ба ҷустуҷӯи зиндагии осонро. Баъд аз нафақабароӣ ҳатто шояд реҷа ва интизоми шахсии бештар аз пешин лозим гардад. Аз ин рӯ, «ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намоед ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд барабас нест» (1 Қӯринтиён 15:58). Фаъолияти худро дар кӯмак ба дигарон фарохтар кунед (2 Қӯринтиён 6:13). Бисёре аз ходимони Худо барои ин, боғайратона,— то ҳадде ки синну солашон имконият медиҳад,— пайёми Салтанатро мавъиза менамоянд. Бо боло рафтани синну сол «дар имон, муҳаббат ва тоқат солим» бошед — Титус 2:2.

АЗ САР ГУЗАРОНИДАНИ МАРГИ ҲАМСАР

20, 21. а) Дар тартиботи шариронаи имрӯза чӣ зану шавҳарро билохир аз ҳам ҷудо мекунад? б) Барои ҳамсарони ҷуфти худро гумкарда Ҳано чӣ намунаи хубе гузошт?

20 Ҳақиқати талх ин аст, ки дар ин тартиботи шарири кунунӣ, зану шавҳарро билохир марг аз ҳам ҷудо мекунад. Он ходими Худо, ки ҷуфташро ба хок супорид, медонад, ки ҳамсараш дар хоби марг мебошад ва мӯътакид аст, ки ӯро боз хоҳад дид (Юҳанно 11:11, 25). Вале ба ҳар ҳол, марги шахси наздик азиятовар аст. Чӣ тавр аз ӯҳдаи он баромадан мумкин аст? *

21 Андеша оиди рафтори ягон қаҳрамони Китоби Муқаддас кӯмак менамояд. Ҳано танҳо баъд аз ҳафт соли издивоҷ бева монд ва ҳангоми воқеаҳое, ки дар борааш мехонем, синни ӯ ба 84 расида буд. Бешубҳа, вай аз гум кардани шавҳараш ғам мехӯрд. Азияти ӯро чӣ сабуктар месохт? Ӯ рӯзу шаб дар хидмати муқаддаси Яҳува Худо дар маъбад буд (Луқо 2:36–38). Бешубҳа, дар дуову хидмат будани Ҳано марҳами хубе буд барои танҳоиву талхии зиндагие, ки чун бева ба сар мебурд.

22. Баъзе зану мардони ҳамсарашон фавтида бар танҳоии хеш чӣ тавр ғолиб омаданд?

22 “Бузургтарин мушкилии ман ин буд, ки ҳамсӯҳбат надоштам”,— мегӯяд пиразани 72–сола, ки даҳ сол пеш бева монд. “Шавҳари ман шунавандаи хуб буд. Мо дар бораи ҷамъомад ва хидмати ба Худо мекардаамон гуфтугӯ менамудем”. Зани бевамондаи дигаре мегӯяд: “Гарчанде ки вақт шифо медиҳад, ба фикрам дурусттар мешуд агар бигӯем, ки тарзи истифодаи вақт шифобахш аст. Акнун ту дар мавқеи беҳтаре ҳастӣ барои кӯмак ба дигарон”. Пирамарди 67–солае, ки занаш мурдааст, мегӯяд: “Беҳтарин роҳи аз ғаму андӯҳ баромадан — тасаллӣ бахшидани дигарон аст”.

ХУДО ХОДИМОНИ ПИРШУДАИ ХУДРО ҚАДР МЕКУНАД

23, 24. Чӣ тасаллии бузургеро Китоби Муқаддас ба куҳансолон, хусусан ба онҳое ки ҳамсарашонро марг рабудааст, медиҳад?

23 Гарчанде ки марг ҳамсари дӯстдоштаро аз инсон мегирад, Яҳува ҳамеша содиқу эътимодбахш мемонад. «Як чизро аз Худованд пурсидаам,— гуфта буд подшоҳ Довуд,— ва онро хоҳам талабид, ки тамоми айёми умри худ дар хонаи Худованд сокин бошам, шавкати Худовандро мушоҳида намоям ва дар қасри Ӯ назорат кунам» — Забур 26:4.

24 «Бевазанонро, агар бевазанони ҳақиқӣ бошанд, эҳтиром намо»,— ташвиқ мекунад Павлуси расул (1 Тимотиюс 5:3). Панди баъд аз ин дастур меомада ишора мекунад, ки бевазанони арзандае, ки хешони наздик надоранд, шояд ба дастгирии моддӣ аз ҷамъомад ниёз дошта бошанд. Бо вуҷуди ин, маънои «эҳтиром намудан» қадр кардани онҳоро низ дар бар мегирад. Барои шахсони худотарсе, ки ҳамсарашонро марг рабудааст, донистани он ки Яҳува онҳоро қадру дастгирӣ мекунад, чӣ тасаллие мебахшад! — Яъқуб 1:27.

25. Чӣ мақсадеро пиронсолон ҳанӯз ҳам ба худ гузошта метавонанд?

25 «Шавкати пирон — мӯи сафедашон» мебошад ва «тоҷи ҷалолат мӯйсафедист, ки он дар роҳи адолат муяссар мегардад»,— мегӯяд Каломи Худо (Масалҳо 16:31; 20:29). Бинобар ин, хоҳ издивоҷкарда бошед, хоҳ боз танҳо, дар зиндагиатон ба ҷои аввал гузоштани хидмат ба Яҳуваро давом диҳед. Ҳамин тавр, шумо ҳоло номи неке дар назди Худо ва имконияти дар оянда дар дунёе, ки бидуни дардҳои пирӣ мешавад, абадан умр ба сар бурданро хоҳед дошт — Забур 36:3–5; Ишаъё 65:20.

^ Муҳокимаи ин мавзӯъ бо ҷузъиёти бештар дар брошураи “Вақте ки шахси наздике мемирад...” (нашри Шоҳидони Яҳува), мавҷуд аст.