Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ШОНЗДАҲ

Барои ояндаи хуби оилаатон бикӯшед

Барои ояндаи хуби оилаатон бикӯшед

1. Нияти Яҳува дар хусуси оила чӣ буд?

 ВАҚТЕ КИ Худо Одаму Ҳавворо бо пайванди издивоҷ пайваст, Одам шодии худро бо шеър изҳор намуд, ки он аввалин бор ба забони ибронӣ навишта шуд (Ҳастӣ 2:22, 23). Аммо нияти Офаридгор чизи бештаре аз атои шодиву қаноатмандӣ бар фарзандони одамияш буд. Худо мехост, ки ҷуфтҳои издивоҷкардаву оилаҳо иродаи Ӯро иҷро намоянд. Ба ҷуфти аввалин Ӯ чунин гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед» (Ҳастӣ 1:28). Чӣ бузургу самарабахш буд ин вазифа! Агар Одаму Ҳавво бо итоати комил иродаи Худоро ба ҷо меоварданд, чӣ қадар онҳо ва дар оянда фарзандонашон хушбахт мебуданд!

2, 3. Оилаҳо бузургтарин хушбахтиро имрӯз чӣ гуна соҳиб шуда метавонанд?

2 Имрӯз низ оилаҳои хушбахттарин онҳоеанд, ки ҳама аъзоёнашон иродаи Худоро иҷро менамоянд. Павлуси расул навишт: садоқат ба Худо «барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад» (1 Тимотиюс 4:8). Оилае, ки ба Худо садоқатманд аст ва ба ҳидояти дар Китоби Муқаддасбудаи Ӯ пайравӣ менамояд, хушбахтиро дар «ҳаёти ҳозира» хоҳад ёфт (Забур 1:1–3; 118:105; 2 Тимотиюс 3:16). Агар ҳатто яке аз аъзоёни оила принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор барад, вазъият аз ҳолате ки ҳеҷ кас онҳоро иҷро намекунад, беҳтар хоҳад буд.

3 Дар китоби мазкур принсипҳои зиёди Китоби Муқаддас, ки ба хушбахтии оила мусоидат мекунанд, муҳокима шудаанд. Шояд пайхас кардед, ки баъзеи онҳо дар саҳифаҳои ин китоб такрору батакрор пайдо мешаванд. Чаро? Чунки онҳо ҳақиқати тавоноеро муҷассам мекунанд, ки бакорбариаш ба беҳбудии ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти оилавӣ меорад. Оилае, ки ин принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор мебарад, дархоҳад ёфт, ки садоқат ба Худо ҳақиқатан «ваъдаи ҳаёти ҳозира»–ро дорад. Биёед, бори дигар чаҳортои ин принсипҳои муҳимро аз назар гузаронем.

МУҲИММИЯТИ ХУДДОРӢ

4. Чаро дар издивоҷ худдорӣ зоҳир намудан муҳим аст?

4 Сулаймони подшоҳ гуфта буд: «Касе ки бар рӯҳи худ ҳоким нест, мисли шаҳри вайронаи беҳисор аст» (Масалҳо 25:28; 29:11). “Ҳоким будан бар рӯҳи худ”, ё худдорӣ карда тавонистан барои онҳое, ки хушбахтии оилаашонро мехоҳанд, муҳим аст. Дода шудан ба эҳсосоти вайронкунандае мисли хашм ё шаҳват, ба издивоҷ зараре расониданаш мумкин аст, ки барои ислоҳаш солҳо лозим хоҳанд омад, ҳамон ҳам дар сурате, ки вазъият умуман ислоҳпазир бошад.

5. Чӣ тавр инсони нокомил хусусияти худдориро инкишоф дода метавонад ва ин чӣ манфиате меорад?

5 Албатта, ягон нафар аз насли Одам ҷисми нокомили худро комилан идора карда наметавонад (Румиён 7:21, 22). Ба ҳар сурат, худдорӣ ин самари рӯҳи Худост (Ғалотиён 5:22, 23). Пас, агар мо дар дуо ин хусусиятро пурсон шавем, пандҳои ба ин дахлдоштаи Китоби Муқаддасро ба кор барем ва бо шахсони чунин сифатро доро муошират кунему аз надоштагон барканор бошем, рӯҳи Худо дар мо худдориро ҳосил хоҳад кард (Забур 118:100, 101, 130; Масалҳо 13:20; 1 Петрус 4:7). Ин бароямон кӯмак менамояд, ки аз «зино бигрезем», ҳатто дар сурати озмуда шуданамон (1 Қӯринтиён 6:18). Мо ба зулм даст нахоҳем зад ва аз бадмастӣ парҳез мекунем. Бар ҳолатҳои асабикунандаву мушкилиҳо бо оромии бештар ҷавоб хоҳем дод. Бигзор ҳама, аз он ҷумла бачаҳо, инкишофи чунин самари муҳими рӯҳро ёд гиранд — Забур 118:1, 2.

НАЗАРИ ДУРУСТ БА САРВАРӢ

6. а) Тартиби сарварие, ки Худо муқаррар кардааст, чӣ гуна аст? б) Агар мард хоҳони хушбахтии оила бошад, бояд чиро дар хотир дорад?

6 Принсипи муҳими дуввум эътирофи сарварӣ аст. Павлус тартиби лозимаро ин тавр тасвир намуд: «Мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст ва сардори Масеҳ Худост» (1 Қӯринтиён 11:3). Ин чунин маъно дорад, ки сарварии оила бояд дар дасти мард, зан бояд дастгирикунандаи содиқи ӯ ва бачаҳо итоаткунанда ба волидон бошанд (Эфсӯсиён 5:22–25, 28–33; 6:1–4). Лекин ба назар гиред, ки сарварӣ танҳо дар сурате ба хушбахтӣ мебарад, ки ба тарзи дуруст ба ҷо оварда шавад. Шавҳароне, ки инсонҳои ба Худо содиқанд, медонанд, ки ин гуна сарварӣ сарварии диктаторӣ, яъне золимонаву беҳудуд нест. Сарвар бояд ба сарвари худ — Исои Масеҳ пайравӣ кунад. Ҳарчанд ки Исо бояд «сари ҳама чиз» мешуд, ӯ «на барои он омад, ки ба ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад» (Эфсӯсиён 1:22; Матто 20:28). Монанди ин, марде ки ходими Худост, сарвариро на ба фоидаи худаш, балки барои ғамхорӣ бар зану фарзандонаш ба кор мебарад — 1 Қӯринтиён 13:4, 5.

7. Кадом принсипҳои Каломи Илоҳӣ ба зан барои баҷоории нақше, ки Худо барояш дар оила муайян кардааст, ёрӣ медиҳанд?

7 Аз ҷониби худ, зани содиқ ба Худо, бо шавҳараш рақобату ҳарифӣ наменамояд ва барои ҳукмронӣ бар сари ӯ ҷаҳд намекунад. Чунин зан бо майл шавҳарашро дастгирӣ намуда, бо ӯ ҳамкорӣ мекунад. Китоби Муқаддас баъзан дар хусуси зан чун «мутааллиқ» ба шавҳар сухан мегӯяд, ки ин бешубҳа ба сарварии шавҳар ба зан ишора менамояд (Ҳастӣ 20:3, ТДН). Тавассути издивоҷ зан зери «шариати шавҳардорӣ» қарор мегирад (Румиён 7:2). Дар айни ҳол, Китоби Муқаддас ӯро ёвари мард меномад (Ҳастӣ 2:20). Зан хусусиятҳову қобилиятҳоеро дорост, ки дар мард намерасанд ва аз ин рӯ дастгирии лозимаро ба шавҳар дода метавонад (Масалҳо 31:10–31). Ҳамчунин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки зан «дӯст»–и ҳамсар, яъне шахсест, ки паҳлӯ ба паҳлӯи ҳамсараш кор мекунад (Малокӣ 2:14). Ин принсипҳои Каломи Худо ба зану шавҳар кӯмак мекунанд, ки нақши худашонро фаҳманд ва ба ҳамдигар бо иззату эҳтироми лозима муносибат намоянд.

«ДАР ШУНИДАН БОШИТОБ» БОШЕД

8, 9. Баъзе принсипҳоеро фаҳмонед, ки ба ҳама аъзоёни оила барои хуб гардонидани маҳорати муошираташон кӯмак менамоянд.

8 Дар китоби мазкур дар бораи муҳиммияти муошират зиёд гуфта шуд. Чаро? Зеро вақте ки одамон бо ҳам гуфтугӯ мекунанду ба ҳамдигар дар ҳақиқат гӯш медиҳанд, ҳалли мушкилиҳо осонтар мегардад. Такроран таъкид шуд, ки муошират муносибати дутарафа мебошад. Яъқуби расул ин андешаро чунин изҳор намуд: «Бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста бошад» — Яъқуб 1:19.

9 Ҳамчунин муҳим аст, ки ба тарзи ҳарфзаниямон аҳамият диҳем. Суханони бемулоҳиза, ситезаомез, ё аз ҳад танқидона муоширати хуб намесозанд (Масалҳо 15:1; 21:9; 29:11, 20). Ҳатто дар сурате, ки мо ҳаққ бошем, агар суханонамон бо сардиву ҳавобаландӣ ва беэътиноӣ бар эҳсосоти дигарон гуфта шаванд, онҳо аз фоида бештар зарар меоваранд. Суханҳои мо бояд «пурфайз» бошанд (Қӯлассиён 4:6). Гуфтаҳои мо бояд мисли «себҳои заррин» бошанд, ки «кандакориҳои нуқра доранд» (Масалҳо 25:11). Хонадоне, ки дар он ҳар як аъзои оила муоширати дурустро ёд мегирад, бо ин қадами бузурге сӯи хушбахтӣ мегузорад.

НАҚШИ МУҲИМИ МУҲАББАТ

10. Кадом навъи муҳаббат дар издивоҷ муҳим аст?

10 Калимаи «муҳаббат» такроран дар тамоми китобе, ки дар даст доред, пайдо мешавад. Оё дар ёдатон ҳаст, ки ба кадом навъи муҳаббат беш аз ҳама ишора шуд? Дуруст аст, ки муҳаббати ошиқона (ба юнонӣ э́рос) дар издивоҷ нақши муҳиме мебозад ва дар издивоҷҳои хушбахт байни ҳамсарон дилбастагии амиқу дӯстӣ мавҷуд аст (ба юнонӣ фили́а). Аммо вуҷудияти муҳаббате муҳимтар аст, ки зери калимаи юнонии ага́пе меояд. Ин ҳамон муҳаббатест, ки мо нисбати Яҳува Худо, Исои Масеҳ ва наздикон мепарварем (Матто 22:37–39). Ин ҳамон муҳаббатест, ки Яҳува ба одамизод зоҳир мекунад (Юҳанно 3:16). Олист, ки мо ба зоҳир кардани чунин муҳаббат нисбати ҳамсар ва фарзандони худ қодирем! — 1 Юҳанно 4:19.

11. Муҳаббат чӣ тавр ба нафъи оила мусоидат мекунад?

11 Ин муҳаббати барҷаста ҳақиқатан «пайванди комили ягонагӣ» дар издивоҷ мебошад (Қӯлассиён 3:14, ТДН). Он зану шавҳарро ба ҳам мепайвандад ва онҳоро бармеангезад, ки беҳтарин кори аз дасташон меомадаро барои ҳамсару фарзандонашон кунанд. Вақте ки оилаҳо бо вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешаванд, муҳаббат онҳоро кӯмак менамояд, ки мушкилиҳоро бо ҳам ҳал намоянд. Бо гузашти солҳову расидани солмандӣ, муҳаббат ба ҳамсарон ёрӣ медиҳад, ки якдигарро дастгириву қадр кунанд. «Муҳаббат... нафъи худро толиб нест. ...Ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад» — 1 Қӯринтиён 13:4–8.

12. Чаро муҳаббати ҳамсарон ба Худо издивоҷи онҳоро мустаҳкам мекунад?

12 Иттиҳоди издивоҷ вақте бахусус мустаҳкам аст, ки пайванди он на танҳо муҳаббати байни ҳамсарон, балки муҳаббат ба Яҳува бошад (Воиз 4:9–12). Чаро? Юҳаннои расул навишт: «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем» (1 Юҳанно 5:3). Бинобар ин, ҳамсарон бояд ба кӯдакон садоқат ба Худоро таълим диҳанд, на танҳо ба хотири он ки фарзандонашонро дӯст медоранд, балки барои он ки ин амри Яҳува мебошад (Такрори Шариат 6:6, 7). Ҳамсарон бояд аз зино даргурез бошанд, на танҳо ба хотири муҳаббат ба ҳамдигар, балки пеш аз ҳама барои он ки Яҳуваро дӯст медоранд, ки Ӯ «зинокорон ва фосиқонро доварӣ хоҳад кард» (Ибриён 13:4). Ҳатто агар яке аз ҳамсарон мушкилиҳои ҷиддие дар оила ба вуҷуд орад, муҳаббат ба Яҳува дигариро бармеангезад, ки ба принсипҳои Китоби Муқаддас пайравӣ карданро давом диҳад. Ҳақиқатан хушбахтанд он оилаҳое, ки дар онҳо муҳаббат ба ҳамдигар бо муҳаббат ба Яҳува пайванд аст!

ОИЛАЕ, КИ ИРОДАИ ХУДОРО ИҶРО МЕКУНАД

13. Чӣ тавр қатъият дар хоҳиши иҷро кардани иродаи Худо ба инсон кӯмак менамояд, ки назари худро бар чизҳои ҳақиқатан муҳим мутамарказ кунад?

13 Ҳаёти шахсе, ки ходими Худост, пурра барои иҷроиши иродаи Ӯ мутамарказ шудааст (Забур 142:10). Ин аст маънои воқеии садоқат ба Худо. Иҷроиши иродаи Худо ба оилаҳо ёрӣ медиҳад, ки назари худро ба чизҳои ҳақиқатан муҳим банд доранд (Филиппиён 1:9, 10). Масалан, Исо огоҳ намуд, ки «омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш ҷудо кунам. Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд» (Матто 10:35, 36). Ҳаққонияти огоҳии Исо тасдиқ шуд; бисёри пайравони ӯ аз ҷониби аҳли оилаашон таъқиб мешаванд. Чӣ вазъияти талху ногуворе! Аммо пайвандҳои оила набояд бароямон болотар аз муҳаббат ба Яҳува Худо бошанд (Матто 10:37–39). Агар шахс новобаста аз таъқиботи оила устувор бимонад, мухолифон таъсири хуби садоқат ба Худоро дида, шояд афкорашонро тағйир диҳанд (1 Қӯринтиён 7:12–16; 1 Петрус 3:1, 2). Ҳатто агар чунин нашавад ҳам, бо сабаби таъқибот тарк кардани хидмат ба Худо манфиати дарозмуддат намеорад.

14. Хоҳиши иҷроиши иродаи Худо чӣ гуна ба волидон кӯмак мекунад, ки ба манфиати беҳтарини фарзандон амал намоянд?

14 Иҷроиши иродаи Худо ба волидон ёрӣ медиҳад, ки қарорҳои дуруст қабул кунанд. Масалан, дар баъзе ҷомеаҳо волидон ба бачаҳо чун ба имконияти хуби сармоягузорӣ менигаранд ва интизоранд, ки фарзандон ба онҳо дар айёми пиронсолагиашон ғамхорӣ хоҳанд кард. Гарчанде ки ба волидони солхӯрда ғамхорӣ кардани фарзандони бакамолрасида дуруст асту лозим, аммо ин набояд волидонро ба он барангезад, ки фарзандонашонро ба роҳи моддигароии зиндагӣ роҳнамоӣ кунанд. Агар падару модар ба бачаҳо қадр кардани арзишҳои моддиро бештар аз арзишҳои рӯҳонӣ ёд диҳанд, ин ба манфиати фарзандон нахоҳад буд — 1 Тимотиюс 6:9.

15. Чаро Авниқо, модари Тимотиюс, намунаи аълои модарест, ки иродаи Худоро ба ҷо меорад?

15 Намунаи аълое дар ин, Авниқо — модари дӯсти ҷавони Павлус Тимотиюс аст (2 Тимотиюс 1:5). Гарчанде ки шавҳари ӯ шахси бутпараст буд, Авниқо бо модаркалони Тимотиюс — Лӯид, писарашро бомуваффақият чун инсони ба Худо содиқ ба воя расониданд (2 Тимотиюс 3:14, 15). Вақте ки Тимотиюс бузургтар шуд, Авниқо иҷозат дод, ки ӯ тарки хона карда, ба кори мавъизаи Салтанат машғул шавад ва ба Павлуси расул дар хидмати миссионерӣ ҳамроҳӣ кунад (Аъмол 16:1–5). Дертар чӣ қадар хурсанд шудагист ӯ, аз он ки писараш Тимотиюс миссионери барҷастае шуд! Тарбияи хубе, ки дар хурдӣ гирифта буд, дар садоқати бар Худо доштаи Тимотиюси баркамол инъикос ёфт. Авниқо бешубҳа, аз шунидани хабарҳо оиди хидмати содиқонаи Тимотиюс шоду қаноатманд мешуд, гарчанде ки шояд ба ӯ пазмон мегашт — Филиппиён 2:19, 20.

ОИЛА ВА ОЯНДАИ ШУМО

16. Исо ба модараш чӣ гуна ғамхории фарзандона зоҳир кард ва дар айни ҳол мақсади асосии ӯ чӣ буд?

16 Исо дар оилаи худотарс тарбия ёфт ва баркамол шуда бо ғамхории фарзандӣ ба модараш муносибат мекард (Луқо 2:51, 52; Юҳанно 19:26). Дар айни ҳол, мақсади асосии Исо иҷроиши иродаи Худо буд. Барои Исо он бар рӯи одамон боз кардани роҳ ба сӯи ҳаёти ҷовидонаро дар бар мегирифт. Бо ин мақсад Исо ҳаёти комили инсонии худро чун фидя барои бозхариди одамони гуноҳро ба ирсбурда дод — Марқӯс 10:45; Юҳанно 5:28, 29.

17. Садоқати Исо барои онҳое, ки иродаи Худоро иҷро мекунанд, бар кадом имкониятҳои олӣ дари умедро боз намуд?

17 Баъд аз марги Исо, Яҳува ӯро бар ҳаёти осмонӣ эҳё кард ва билохир ӯро Подшоҳи Салтанати осмонӣ таъин намуда, ҳокимияти бузурге ба дасташ дод (Матто 28:18; Румиён 14:9; Ваҳй 11:15). Тавассути фидяи Исо имконпазир шуд, ки баъзе одамон барои ҳамроҳи ӯ дар ин Салтанат ҳукмронӣ кардан интихоб гарданд. Барои бақияи одамони дили некдошта, фидя роҳ бар ҳаёти комилро дар рӯи замине, ки дар он шароити биҳиштӣ барқарор мегардад, боз намуд (Ваҳй 5:9, 10; 14:1, 4; 21:3–5; 22:1–4). Яке аз бузургтарин афзалиятҳое, ки ҳоло мо дороем,— нақл кардани ин навид бар наздиконамон аст — Матто 24:14.

18. Дар бораи чӣ ҳам бар оилаҳову ҳам бар шахсони алоҳида ёдрасӣ мегардад ва эшон бар чӣ ташвиқ мешаванд?

18 Ҳамон гунае ки Павлуси расул нишон дод, зоҳир намудани садоқат ба Худо дар худ ваъда дорад, ки одамон баракатҳои ҳаёти «оянда»–ро мерос гирифта метавонанд. Бешакк, ин беҳтарин роҳ ба хушбахтист! Дар ёд доред, ки «ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳанно 2:17). Аз ин рӯ, хоҳ кӯдак бошед, хоҳ падар ё модар, хоҳ шавҳар ё зан, хоҳ муҷарради бофарзанд ё бе онҳо, ҷаҳд намоед, ки иродаи Худоро иҷро кунед. Ҳатто агар зери фишор бошед, ё бо мушкилиҳои бузург рӯ ба рӯ оед, ҳаргиз фаромӯш накунед, ки шумо ходими Худои зинда ҳастед. Пас, бигзор рафтори шумо Яҳуваро шод созад (Масалҳо 27:11). Ва тавре зиндагӣ намоед, ки рафторатон ҳоло ба шумо хушбахтӣ ва дар оянда ҳаёти ҷовидона дар дунёи нави омадаистода орад!