4 Подшоҳон 25:1-30

  • Набукаднесар Ерусалимро муҳосира мекунад (1–7)

  • Харобии Ерусалиму ибодатгоҳ; қисми дигари мардум ба асирӣ меравад (8–21)

  • Ҷадалёҳу ҳоким мегардад (22–24)

  • Ҷадалёҳу кушта мешавад; мардум ба Миср мегурезад (25, 26)

  • Еҳуёкин аз зиндон озод мешавад (27–30)

25  Дар соли нуҳуми ҳукмронии Сидқиёҳу, дар моҳи даҳум, дар рӯзи даҳуми моҳ, Набукаднесари+ подшоҳи Бобил бо тамоми лашкари худ бар зидди Ерусалим баромад.+ Ӯ дар муқобили шаҳр урду зад ва гирдогирдаш девор бардошта, онро муҳосира намуд+  ва шаҳр то соли 11-уми шоҳ Сидқиёҳу дар муҳосира буд.  Дар рӯзи нуҳуми моҳи чорум дар шаҳр гуруснагӣ чунон сахт+ шуд, ки мардум нони хӯрдание надошт.+  Он рӯз, вақте калдониён гирдогирди шаҳр буданд, девори шаҳрро рахна карданд+ ва тамоми ҷанговарон шабона аз дарвозае, ки миёни ду девор, дар назди боғи подшоҳ буд, гурехтанд, худи шоҳ бошад, бо роҳи Аробо гурехт.+  Аммо лашкари калдониён аз паси подшоҳ сур кард ва ӯро дар даштҳои Ериҳӯ дарёб намуд, тамоми ҷанговаронаш бошанд, аз пеши ӯ пароканда шуданд.  Онҳо подшоҳро дастгир намуданд+ ва ба назди шоҳи Бобил, ба Рибло, оварда, ба вай ҳукм бароварданд.  Онҳо писарони Сидқиёҳуро дар пеши назараш куштанд. Пас аз ин Набукаднесар чашмони Сидқиёҳуро кӯр кард, ӯро бо занҷири мисин бандубаст намуд ва ба Бобил бурд.+  Дар моҳи панҷум, дар рӯзи ҳафтуми моҳ, яъне дар соли 19-уми Набукаднесари подшоҳи Бобил, Набузаръадони+ сардори посбонон, ходими подшоҳи Бобил, ба Ерусалим омад.+  Ӯ хонаи Яҳува,+ қасри подшоҳ,+ тамоми хонаҳои Ерусалим+ ва ҳамчунин хонаи ҳар марди номдорро оташ зад.+ 10  Тамоми лашкари калдониён, ки зери дасти сардори посбонон буд, деворҳои гирдогирди Ерусалимро валангор кард.+ 11  Набузаръадони сардори посбонон мардумеро, ки дар шаҳр монда буд, касонеро, ки ба шоҳи Бобил таслим шуда буданд, ва аҳолии боқимондаро ба асирӣ бурд,+ 12  вале баъзе аз касони камбағалтаринро боқӣ монд, ки ток парваранд ва меҳнати маҷбуриро ба ҷо оранд.+ 13  Калдониён сутунҳои мисини хонаи Яҳува,+ аробаҳо+ ва Баҳри мисинеро,+ ки дар хонаи Яҳува буданд, пора-пора карданд ва мисро ба Бобил бурданд.+ 14  Онҳо ҳамчунин лаганҳо, хокандозҳо, оташкушҳо, пиёлаҳо ва тамоми ашёи мисинеро, ки дар ибодатгоҳ истифода мешуд, гирифта, бурданд. 15  Сардори посбонон бухурдонҳо ва косаҳоеро, ки аз тиллову+ нуқраи тоза буданд, гирифт.+ 16  Вазни миси ду сутун, Баҳр ва аробаҳоеро, ки Сулаймон барои хонаи Яҳува сохта буд, муайян кардан номумкин буд.+ 17  Баландии ҳар сутун 18 газ* буд+ ва бошаи он* аз мис буд. Баландии боша се газ буд ва тӯру анорҳои гирдогирди он аз мис буд.+ Сутуни дуюм бо тӯраш айнан мисли сутуни якум буд. 18  Сардори посбонон Сароёи+ саркоҳин, Сафанёи+ коҳини ёвар ва се дарвозабонро низ бо худ гирифт.+ 19  Ӯ аз шаҳр як ходими дарборро, ки бар ҷанговарон таъйин шуда буд, панҷ маслиҳатгари подшоҳро, ки дар шаҳр буданд, котиби сарлашкарро, ки мардуми заминро барои ҷанг ҷамъ меовард, ва ҳамчунин 60 нафарро аз мардуми одӣ, ки то ҳол дар шаҳр буданд, бо худ гирифт. 20  Набузаръадони+ сардори посбонон онҳоро гирифта, ба назди подшоҳи Бобил, ба Рибло, овард.+ 21  Подшоҳи Бобил онҳоро дар Рибло, дар замини Ҳамот,+ зарба зада кушт. Ҳамин тавр мардуми Яҳудо аз замини худ ба асирӣ бурда шуд.+ 22  Набукаднесари шоҳи Бобил бар мардуме, ки дар Яҳудо боқӣ монда буд, Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқоми+ писари Шофонро+ таъйин намуд.+ 23  Вақте ҳамаи сарони лашкар ва одамонашон шуниданд, ки подшоҳи Бобил Ҷадалёҳуро бар мардум таъйин намудааст, дарҳол ба назди Ҷадалёҳу, ба Мисфо, омаданд. Касоне, ки ба назди ӯ омаданд, Исмоили писари Натанё, Юҳонони писари Қореаҳ, Сароёи писари Танумати натуфотӣ, Яъзанёи писари марди маъхогӣ ва одамонашон буданд.+ 24  Ҷадалёҳу ба онҳо ва одамонашон қасам хӯрда гуфт: «Натарсида бандагони калдониён шавед. Дар ин замин зиндагӣ кунеду хизмати подшоҳи Бобилро ба ҷо оред ва шумо некуаҳвол хоҳед буд».+ 25  Дар моҳи ҳафтум Исмоили+ писари Натанёи писари Элишомаъ, ки аз насли шоҳ буд, ҳамроҳи даҳ нафар омад ва онҳо Ҷадалёҳу ва яҳудиёну калдониёнеро, ки бо ӯ дар Мисфо буданд, зарба зада куштанд.+ 26  Пас аз ин тамоми мардум, аз хурд то калон, аз он ҷумла сарони лашкар, бархеста, ба Миср рафтанд,+ зеро аз калдониён тарсиданд.+ 27  Дар соли 37-уми асирии Еҳуёкини+ шоҳи Яҳудо, дар моҳи 12-ум, дар рӯзи 27-уми моҳ, Эвил-Мерӯдаки шоҳи Бобил дар соли подшоҳ шуданаш Еҳуёкини шоҳи Яҳудоро аз зиндон озод кард*.+ 28  Ӯ бо Еҳуёкин муомилаи хуб кард ва мақоми ӯро аз мақоми подшоҳони дигаре, ки бо ӯ дар Бобил буданд, болотар гузошт. 29  Еҳуёкин либоси зиндонии худро кашид ва тамоми рӯзҳои умраш доимо аз дастархони подшоҳ хӯрок мехӯрд. 30  Подшоҳ тамоми рӯзҳои умри Еҳуёкин, ҳар рӯз, ӯро бо хӯрду хӯрок таъмин мекард.

Поварақҳо

Як газ ба 44,5 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «сари сутун».
Дар матни асл «сарбаланд кард».