4 Подшоҳон 12:1-21

  • Еҳуоши шоҳи Яҳудо (1–3)

  • Еҳуош ибодатгоҳро таъмир мекунад (4–16)

  • Ҳамлаи арамиён (17, 18)

  • Еҳуошро мекушанд (19–21)

12  Еҳуош+ дар соли ҳафтуми Еҳу+ подшоҳ шуд ва 40 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Сивё ном дошта, аз Баир-Шобаъ буд.+  Еҳуош тамоми рӯзҳое, ки Еҳуёдои коҳин маслиҳатгари ӯ буд, он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард.  Аммо баландиҳо+ барҳам дода нашуданд ва халқ ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ оварда дуд мекард.  Еҳуош ба коҳинон гуфт: «Тамоми пулеро, ки чун ҳадияҳои муқаддас ба хонаи Яҳува оварда мешавад,+ пули андози сарикасӣ,+ пули касони назркарда* ва тамоми пулеро, ки ҳар кас бо хоҳиши дили худ ба хонаи Яҳува меорад,+ бигиред.  Коҳинон, ҳар яке, аз шиносони худ пул гирифта, барои таъмири хона, таъмири рахнаҳои он, сарф кунанд».+  Вале то соли 23-юми шоҳ Еҳуош коҳинон ҷойҳои вайрони хонаро таъмир накарданд.+  Аз ин рӯ шоҳ Еҳуош Еҳуёдои+ коҳин ва дигар коҳинонро даъват карда, гуфт: «Чаро хонаро таъмир намекунед? Агар пулро барои таъмири хона сарф накунед, дигар аз шиносонатон пул нагиред».+  Коҳинон розӣ шуданд, ки дигар аз халқ пул нагиранд ва таъмири хона ба зиммаи онҳо набошад.  Еҳуёдои коҳин сандуқеро+ гирифта, дар сарпӯшаш сӯрохе кард ва онро дар назди қурбонгоҳ, аз тарафи рости касе, ки ба хонаи Яҳува медаромад, гузошт. Коҳинони дарвозабон ҳамаи пулҳоеро, ки ба хонаи Яҳува меоварданд, ба он мепартофтанд.+ 10  Ҳар боре медиданд, ки пул дар сандуқ бисёр шудааст, котиби подшоҳ ва саркоҳин омада, пулҳоеро, ки ба хонаи Яҳува оварда буданд, мегирифтанду* ҳисоб мекарданд.+ 11  Пули ҳисобкардаро онҳо ба касоне медоданд, ки бар кори хонаи Яҳува таъйин шуда буданд. Инҳо бошанд, пулро ба дуредгарону бинокороне, ки дар хонаи Яҳува кор мекарданд,+ 12  ва ба сангтарошону сангбурон медоданд. Онҳо ҳамчунин барои таъмири рахнаҳои хонаи Яҳува чӯбу тахта ва сангҳои тарошида мехариданд ва дигар хароҷоти таъмири хонаро низ рӯпӯш мекарданд. 13  Аммо аз пуле, ки ба хонаи Яҳува оварда буданд, барои сохтани тосҳои нуқрагӣ, оташкушҳо, косаҳо, карнайҳо+ ва дигар ашёи нуқраву тиллои хонаи Яҳува сарф накарданд.+ 14  Онҳо пулро танҳо ба коргарон медоданд, то бо он хонаи Яҳуваро таъмир кунанд. 15  Аз касоне, ки ба коргарон пул медоданд, ҳисобот талаб карда намешуд, зеро онҳо шахсони боваринок буданд.+ 16  Вале пули қурбониҳои айб+ ва қурбониҳои гуноҳ барои хонаи Яҳува дода намешуд, зеро он аз они коҳинон буд.+ 17  Дар он вақт Ҳазоили+ подшоҳи Арам* бар зидди Ҷат+ ҷангида, онро забт намуд ва ба Ерусалим лашкар кашиданӣ шуд.+ 18  Он гоҳ Еҳуоши подшоҳи Яҳудо тамоми ҳадияҳои муқаддасеро, ки бобоёнаш Еҳушофот, Еҳуром ва Аҳазё, подшоҳони Яҳудо, ба Худо бахшида буданд, ҳадияҳои муқаддаси худ ва ҳамаи тиллоеро, ки дар ганҷинаҳои хонаи Яҳува ва қасри подшоҳ буд, гирифта, ба Ҳазоили подшоҳи Арам фиристод+ ва ӯ аз Ерусалим ақиб гашт. 19  Воқеаҳои дигари ҳаёти Еҳуош, тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст. 20  Ходимони Еҳуош забон як карда,+ ӯро дар хонаи Хокрез*,+ ки дар роҳи сӯйи Силло ҷойгир аст, куштанд. 21  Ходимоне, ки ӯро зарба зада куштанд, Юзохори писари Шимъот ва Юзободи писари Шӯмер буданд.+ Еҳуошро бо бобоёнаш дар Шаҳри Довуд гӯронданд ва писараш Амасё ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд.+

Поварақҳо

Ё «пуле, ки чун нархи муқарраршуда барои шахсе дода мешавад».
Ё «ба халтаҳо меандохтанду». Дар матни асл «мебастанду».
Ё «Сурия».
Ё «Миллӯ». Калимаи иброние, ки маънояш «пуршуда» аст.