3 Мӯсо 9:1-24

  • Ҳорун қурбониҳо меорад (1–24)

9  Дар рӯзи ҳаштум+ Мӯсо Ҳорун, писарони ӯ ва пирони Исроилро назди худ хонд.  Ӯ ба Ҳорун гуфт: «Барои худ гӯсолае барои қурбонии гуноҳ+ ва қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ бигир. Ту бояд гӯсолаву қӯчқори солимро гирифта, ба Яҳува пешкаш кунӣ.  Аммо ба исроилиён бигӯ: “Барои қурбонии гуноҳ нарбуз, барои қурбонии сӯхтанӣ гӯсолаву қӯчқори яксолаи солиме  ва барои қурбониҳои осоиштагӣ+ буққа ва қӯчқореро бигиред, то онҳоро ба ҳузури Яҳува қурбон кунед. Ҳамчунин ҳадияи ғаллаи+ бо равған омехтаро бигиред, зеро имрӯз Яҳува ба шумо намудор мешавад”».+  Онҳо он чиро, ки Мӯсо ба онҳо фармуд, назди хаймаи ҷомеъ оварданд. Сипас тамоми мардуми Исроил наздик шуда, дар ҳузури Яҳува истоданд.  Он гоҳ Мӯсо гуфт: «Ин аст он чӣ Яҳува ба шумо фармудааст, ки ба амал оред, то ҷалоли Яҳува ба шумо намудор шавад».+  Мӯсо ба Ҳорун гуфт: «Ба қурбонгоҳ наздик омада, қурбонии гуноҳ+ ва қурбонии сӯхтании худро биёр ва барои гуноҳҳои худ ва хонадонат товон бидеҳ.+ Ҳамчунин қурбонии халқро пешкаш кун+ ва барои гуноҳҳои онҳо товон бидеҳ,+ ҳамон тавре ки Яҳува фармудааст».  Ҳорун зуд ба қурбонгоҳ наздик омада, гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худаш буд, сар бурид.+  Баъд писарони Ҳорун хунро ба ӯ доданд+ ва ӯ ангушти худро ба хун тар карда, ба шохҳои қурбонгоҳ молид, боқимондаи хунро бошад, ба бехи қурбонгоҳ рехт.+ 10  Сипас ӯ аз қурбонии гуноҳ чарбу, гурдаҳо ва пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар аст, ҷудо намуд ва бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд кард, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд.+ 11  Гӯшт ва пӯсти гӯсоларо бошад, берун аз хаймагоҳ бурда, сӯзонд.+ 12  Баъд Ҳорун қурбонии сӯхтаниро сар бурид ва писаронаш хунро ба ӯ доданд ва ӯ онро гирдогирди қурбонгоҳ пошид.+ 13  Онҳо ба ӯ қисмҳои қурбонии сӯхтаниро бо каллаи он доданд ва ӯ онҳоро бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд кард. 14  Баъд аз ин ӯ рӯдаву почаҳоро шушт ва онҳоро дар қурбонгоҳ ба болои қурбонии сӯхтанӣ гузошту сӯзонда, дуд кард. 15  Сипас Ҳорун қурбонии халқро пешкаш кард. Ӯ бузи қурбонии гуноҳро, ки барои халқ буд, гирифта, сар бурид ва бо он мисли қурбонии гуноҳи аввал амал кард. 16  Ӯ ҳамчунин қурбонии сӯхтаниро пешкаш намуд ва бо он мувофиқи дастур амал кард.+ 17  Пас аз ин ӯ ҳадияи ғалларо+ пешкаш кард ва мушташро аз он пур намуду онро илова бар қурбонии сӯхтании саҳарӣ+ бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд кард. 18  Баъд Ҳорун буққа ва қӯчқори қурбонии осоиштагиро, ки барои халқ буд, сар бурид. Сипас писаронаш хунро ба ӯ доданд ва ӯ онро гирдогирди қурбонгоҳ пошид.+ 19  Онҳо чарбуи буққа,+ дунбаи қӯчқор, чарбуеро, ки рӯдаҳоро мепӯшонад, гурдаҳо ва пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар аст,+ 20  гирифта, ҳамаи ин чарбуро бар синаи буққа ва бар синаи қӯчқор гузоштанд ва ӯ пас аз ин чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд кард.+ 21  Сина ва пойи рости ин чорпоёнро Ҳорун ба ҳузури Яҳува чун ҳадияи ҷунбониданӣ ин тарафу он тараф ҷунбонд, ҳамон тавре ки Мӯсо фармуда буд.+ 22  Ҳорун пас аз овардани қурбонии гуноҳ, қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагӣ дастони худро сӯйи халқ бардошта, онҳоро дуои нек кард+ ва аз қурбонгоҳ фаромад. 23  Сипас Мӯсову Ҳорун ба хаймаи ҷомеъ даромаданд ва аз он ҷо баромада, халқро дуои нек карданд.+ Баъд аз ин ҷалоли Яҳува ба тамоми халқ намудор гашт+ 24  ва оташ аз ҷониби Яҳува фаромада,+ қурбонии сӯхтанӣ ва чарбуеро, ки бар қурбонгоҳ буд, фурӯ бурд. Вақте тамоми мардум инро диданд, нидоҳои шодӣ бароварданд ва рӯ ба замин ниҳода саҷда бурданд.+

Поварақҳо