3 Мӯсо 6:1-30
6 Яҳува ба Мӯсо гуфт:
2 «Агар касе гуноҳ кунад ва дар ҳаққи Яҳува хиёнат намуда+ ба ёри худ дар бораи амонат ё гараве, ки ба вай мондааст, дурӯғ гӯяд ва ё ӯро ғорат кунад ё фиреб диҳад+
3 ё чизи гумшудаеро ёбаду росташро нагӯяд ва, агар дар хусуси чунин гуноҳаш қасами дурӯғ хӯрад,+ ӯ бояд чунин кунад:
4 агар гуноҳ карда айбдор шуда бошад, бояд он чӣ дуздидааст, он чӣ бо зӯру фиреб ба даст овардааст, он чӣ ба ӯ супурда шудааст, ҳар он чӣ гум шудаасту ӯ онро ёфтааст
5 ё он чиро, ки дар ҳаққаш қасами дурӯғ хӯрдааст, баргардонад. Ӯ бояд барои он чиз ба пуррагӣ товон диҳад+ ва панҷяки арзиши онро илова кунад. Ӯ инро рӯзе, ки гуноҳаш исбот шавад, ба соҳибаш медиҳад.
6 Бигзор ӯ ба коҳин қӯчқори солимеро аз рамаи худ чун қурбонии айб барои Яҳува орад. Арзиши қӯчқор бояд ба қимати муқарраршуда барои қурбонии айб баробар бошад.+
7 Вақте ӯ қӯчқорро назди коҳин меорад, коҳин барои ӯ ба ҳузури Яҳува товон медиҳад ва ӯ дар кадом коре, ки айбдор нашуда бошад, бахшида мешавад».+
8 Яҳува боз бо Мӯсо сухан ронда гуфт:
9 «Ба Ҳорун ва писаронаш бифармо: “Ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ:+ “Қурбонии сӯхтанӣ шаби дароз то саҳар бар оташдони қурбонгоҳ меистад ва оташ бар қурбонгоҳ даргирон мемонад.
10 Коҳин куртаи расмии худро, ки аз катон аст,+ пӯшида, эзори катониро+ дар бар мекунад. Сипас ӯ хокистари қурбонии сӯхтаниро, ки дар оташи қурбонгоҳ сӯхтааст, гирифта, назди қурбонгоҳ мегузорад.+
11 Баъд ӯ либоси худро кашида,+ либоси дигареро мепӯшад ва хокистарро гирифта, ба ҷойи тозае берун аз хаймагоҳ мебарад.+
12 Оташ бар қурбонгоҳ даргирон мемонад. Он набояд хомӯш шавад. Коҳин бояд бар он ҳар саҳар ҳезум сӯзонад,+ ба болои ҳезум қурбонии сӯхтаниро гузорад ва чарбуи қурбониҳои осоиштагиро сӯзонда, дуд кунад.+
13 Оташ бар қурбонгоҳ бояд доимо даргирон нигоҳ дошта шавад. Он набояд хомӯш шавад.
14 Ин аст қонуни ҳадияи ғалла:+ писарони Ҳорун бояд онро ба ҳузури Яҳува, назди қурбонгоҳ, пешкаш кунанд.
15 Яке аз онҳо муште аз орди маҳину равғани ҳадияи ғалларо бо тамоми лоданаш гирифта, онро бар оташ чун намунае аз тамоми ҳадия месӯзонад. Ин ҳадияи хушбӯест* барои Яҳува.+
16 Ҳорун ва писаронаш бояд он чиро, ки боқӣ монад,+ бихӯранд ва аз он нони бехамиртуруш карда, дар ҷойи муқаддас бихӯранд. Бигзор ҳадияи ғалларо дар саҳни хаймаи ҷомеъ бихӯранд.+
17 Онро набояд бо чизе, ки хамиртуруш дошта бошад,+ пазанд. Ман онро аз ҳадияҳое, ки дар оташ барои ман сӯзонида мешаванд,+ ҳиссаи онҳо гардондаам. Он мисли қурбонии гуноҳ ва қурбонии айб як чизи хеле муқаддас аст.+
18 Ҳама мардон аз миёни писарони Ҳорун аз он бихӯранд.+ Ин аз насл ба насл аз ҳадияҳое, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешаванд, ҳиссаи доимии шумост.+ Ҳар он чӣ ба онҳо расад, муқаддас ҳисобида мешавад”».
19 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт:
20 «Ин аст ҳадияе, ки Ҳорун ва писаронаш рӯзи тадҳин шудани Ҳорун+ ба Яҳува пешкаш мекунанд: даҳяк эфа*+ орди маҳин ҳамчун ҳадияи доимии ғалла+ — ними онро саҳар пешкаш кунанд, ними дигарашро бегоҳ.
21 Ордро бо равған омехта, дар тоба бипазанд.+ Чизи пухтаро бо равған хуб омехта карда, биёр ва онро пора карда, чун ҳадияи ғалла, ҳадияи хушбӯй*, барои Яҳува пешкаш кун.
22 Инро коҳини тадҳиншуда, ки баъд аз сари вай аз миёни писаронаш таъйин шавад,+ ба ҷо орад. Ин ҳадия бояд пурра барои Яҳува сӯзонда шавад. Ин амри бардавом аст.
23 Ҳар ҳадияи ғаллае, ки барои коҳин оварда мешавад, бояд пурра сӯзонда шавад. Онро набояд хӯранд».
24 Яҳува боз бо Мӯсо сухан ронда гуфт:
25 «Ба Ҳорун ва писаронаш бигӯй: “Ин аст қонуни қурбонии гуноҳ:+ қурбонии гуноҳро низ бояд ба ҳузури Яҳува дар ҳамон ҷое сар буранд, ки қурбонии сӯхтаниро сар мебуранд.+ Ин як чизи хеле муқаддас аст.
26 Коҳине, ки қурбонии гуноҳро меорад, онро бихӯрад.+ Онро дар ҷойи муқаддас, дар саҳни хаймаи муқаддас, бихӯрад.+
27 Ҳар он чӣ ба гӯшти ин қурбонӣ бирасад, муқаддас ҳисоб меёбад. Агар аз хуни он бар либоси касе чакад, ҷойи хунчакидаро дар ҷойи муқаддас бишӯй.
28 Ҳар зарфи гилине, ки дар он гӯшти ин қурбонӣ ҷӯшонда мешавад, бояд шикаста шавад. Вале, агар онро дар зарфи мисин ҷӯшонда бошанд, онро харошида, бо об шӯянд.
29 Ҳар мард аз миёни коҳинон аз он бихӯрад.+ Ин як чизи хеле муқаддас аст.+
30 Вале, агар каме аз хуни қурбонии гуноҳро ба хаймаи ҷомеъ, яъне хаймаи муқаддас, барои товондиҳӣ оварда бошанд,+ он қурбониро набояд хӯранд. Онро бояд дар оташ сӯзонанд.