2 Воқеанома 33:1-25
33 Менашше+ дар 12-солагиаш подшоҳ шуд ва 55 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+
2 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал овард ва ба корҳои ҳароми халқҳое, ки Яҳува аз пеши халқи Исроил ронда буд, пайравӣ намуд.+
3 Ӯ баландиҳоеро, ки падараш Ҳизқиё вайрон карда буд,+ аз нав бино намуд, барои Баалҳо қурбонгоҳҳо бунёд кард, Ашераҳо* сохт ва ба тамоми лашкари осмон саҷда бурда, хизмат кард.+
4 Ӯ ҳамчунин дар хонаи Яҳува, ки Яҳува дар борааш гуфта буд: «Номи ман то абад бар Ерусалим хоҳад буд»,+ қурбонгоҳҳо сохт.+
5 Ӯ дар ду саҳни хонаи Яҳува+ барои тамоми лашкари осмон қурбонгоҳҳо сохт,
6 писарони худро дар водии Писари Ҳиннӯм+ дар оташ қурбон кард,+ бо сеҳру ҷоду ва ғайбгӯйиву афсун машғул шуд+ ва пурсандагони арвоҳу фолбинонро+ таъйин намуд. Менашше корҳоеро, ки дар назари Яҳува бад буд, беҳад зиёд карда ӯро ба хашм овард.
7 Ӯ бути сохтаашро дар хонаи Худо+ гузошт, ки Худо дар бораи он ба Довуд ва писараш Сулаймон чунин гуфта буд: «Дар ин хона ва дар Ерусалим, ки аз миёни ҳамаи қабилаҳои Исроил интихоб намудаам, номи худро то абад хоҳам гузошт.+
8 Ман дигар ҳаргиз Исроилро аз замине, ки барои бобоёнашон ҷудо кардаам, намеронам, ба шарте ки онҳо ҳамаи фармудаҳои маро, тамоми Шариатро, дастуру ҳукмҳоеро, ки ба воситаи Мӯсо додаам, як ба як риоя кунанд».
9 Менашше Яҳудо ва сокинони Ерусалимро чунон гумроҳ кард, ки онҳо назар ба халқҳое, ки Яҳува аз пеши исроилиён нобуд сохта буд, бадтар рафтор карданд.+
10 Яҳува ба Менашше ва халқаш сухан мегуфт, аммо онҳо гӯш намедоданд.+
11 Аз ин рӯ Яҳува сарони лашкари подшоҳи Ошурро фиристод ва онҳо Менашшеро бо чангакҳо* дастгир карданд ва бо ду занҷири мисин бандубаст намуда, ба Бобил бурданд.
12 Ӯ дар ғаму азоб Худояш Яҳуваро зорӣ кард ва беҳад хоксор гашта, пеши Худои бобоёнаш сар хам кард.
13 Менашше ба Худо дуо мегуфт ва аз зории ӯ раҳми Худо омад. Худо зорию илтиҷояшро шунид ва ӯро ба Ерусалим ба подшоҳиаш баргардонд.+ Он гоҳ Менашше фаҳмид, ки Яҳува Худои ҳақиқӣ аст.+
14 Баъд аз ин ӯ дар водӣ, аз тарафи ғарбии Ҷайҳун,+ барои Шаҳри Довуд+ девори берунае сохт, ки то дарвозаи Моҳӣ+ тӯл мекашид. Он девор хеле баланд буд ва сӯйи Ӯфал+ мерафт. Беш аз ин, вай дар тамоми шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо сарони лашкарро таъйин намуд.
15 Менашше худоёни бегона ва бутро аз хонаи Яҳува+ дур кард ва ҳамаи қурбонгоҳҳоеро, ки дар кӯҳи хонаи Яҳува+ ва Ерусалим сохта буд, гирифта, аз шаҳр берун партофт.
16 Вай инчунин қурбонгоҳи Яҳуваро+ соз карда, бар он қурбониҳои осоиштагӣ+ ва қурбониҳои шукргузорӣ+ овардан гирифт ва ба аҳли Яҳудо фармуд, ки Яҳува, Худои Исроилро, парастиш кунанд.
17 Вале халқ, барои Худояшон Яҳува бошад ҳам, ҳанӯз дар баландиҳо қурбонӣ меовард.
18 Воқеаҳои дигари ҳаёти Менашше, ба Худояш дуо гуфтани ӯ ва суханоне, ки пешбинон аз номи Яҳува, Худои Исроил, ба ӯ гуфта буданд, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст.
19 Ҳамчунин дуои ӯ,+ шунида шудани зорияш, тамоми гуноҳҳо ва бевафоии ӯ,+ ҷойҳое, ки пеш аз гардан фароварданаш бар онҳо баландиҳо сохт ва Ашераҳову*+ бутҳо гузошт, дар навиштаҳои пешбинонаш зикр ёфтааст.
20 Менашше ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро дар хонааш гӯронданд. Ба ҷойи ӯ писараш Омӯн подшоҳ шуд.+
21 Омӯн+ дар 22-солагиаш подшоҳ шуд ва ду сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+
22 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард, ҳамон тавре ки падараш Менашше мекард.+ Омӯн ба тамоми бутҳое, ки падараш Менашше сохта буд,+ қурбонӣ оварда, онҳоро парастиш кард.
23 Вале ӯ мисли падараш Менашше пеши Яҳува+ гардан нафуровард,+ балки бештару бештар гуноҳ кард.
24 Оқибат ходимони Омӯн забон як карда,+ ӯро дар хонааш куштанд.
25 Аммо мардуми он замин ҳамаи онҳоеро, ки дар ин кор ҳамдастӣ карданд, ба қатл расонд+ ва писараш Юшиёро+ ба ҷойи ӯ подшоҳ кард.