1 Подшоҳон 6:1-21
-
Фалиштиён сандуқро ба Исроил мефиристанд (1–21)
6 Сандуқи+ Яҳува ҳафт моҳ дар сарзамини фалиштиён буд.
2 Сипас фалиштиён коҳинон ва фолбинонро+ даъват карда, пурсиданд: «Бо сандуқи Яҳува чӣ кор кунем? Ба мо бигӯед, ки чӣ тавр онро ба ҷояш баргардонем».
3 Онҳо ҷавоб доданд: «Агар сандуқи Худои Исроил, Яҳуваро, баргардонданӣ шавед, онро бе ҳадия роҳӣ накунед. Ҳамроҳи он ҳатман қурбонии айб бифиристед.+ Танҳо он вақт шумо шифо меёбед ва мефаҳмед, ки чаро дасти ӯ аз шумо дур намешавад».
4 Онҳо пурсиданд: «Ба ӯ чӣ гуна қурбонии айб бифиристем?» Онҳо ҷавоб доданд: «Мувофиқи шумораи ҳокимони фалиштӣ+ панҷ варами* тиллоӣ ва панҷ муши тиллоӣ бифиристед, зеро бар сари ҳамаи шумо ва ҳокимонатон як бало омадааст.
5 Нусхаҳои варамҳоятон ва нусхаҳои мушҳоро,+ ки заминатонро хароб мекунанд, бисозед ва Худои Исроилро ҷалол диҳед. Шояд, ӯ дасти ҷазоро аз шумо, худои шумо ва замини шумо дур кунад.+
6 Чӣ лозим аст, ки мисли мисриён ва фиръавн якравӣ намоед?+ Вақте Худо онҳоро ба балоҳо гирифтор кард,+ маҷбур шуданд, ки исроилиёнро ҷавоб диҳанд, ва онҳо рафтанд.+
7 Пас, аробаи наве сохта, ду модагови гӯсоладореро, ки ҳеҷ гоҳ зери юғ* набуданд, ба он бибандед. Гӯсолаҳоро бошад, аз онҳо ҷудо карда, ба хона баред.
8 Сипас сандуқи Яҳуваро гирифта, ба ароба гузоред ва чизҳои тиллоиро, ки чун қурбонии айб ба ӯ мефиристед, ба қуттие дар паҳлуи сандуқ гузоред.+ Сипас онро равона карда,
9 нигоҳ кунед: агар сандуқ сӯйи роҳи Байт-Шемеш,+ сӯйи макони худ, равад, бидонед, ки ин бадиҳоро ӯ бар сари мо овардааст. Вале, агар он ба дигар тараф равад, маълум мешавад, ки ин бадиҳо аз дасти ӯ набуда, худ аз худ рӯй додаанд».
10 Онҳо ҳамин тавр карданд ва ду гови гӯсоладорро гирифта, ба ароба бастанд, гӯсолаҳояшонро бошад, хона бурда, маҳкам карданд.
11 Сипас сандуқи Яҳуваро ҳамроҳи қуттие, ки дар он мушҳои тиллоӣ ва нусхаҳои варамҳояшон буд, ба ароба гузоштанд.
12 Говҳо рост роҳи Байт-Шемешро пеш гирифтанд.+ Онҳо бо як роҳ рафта, раҳораҳ маос мезаданд ва ба тарафи рост ё чап намегаштанд. Ҳокимони фалиштиён бошанд, аз пушти онҳо то сарҳади Байт-Шемеш рафтанд.
13 Мардуми Байт-Шемеш дар водӣ гандум медаравиданд. Вақте онҳо чашмонашонро бардошта, сандуқро диданд, беҳад хурсанд шуданд.
14 Ароба ба замини Юшаи байтшемешӣ омад ва назди санги калоне истод. Мардум чӯбҳои аробаро барои ҳезумӣ майда карда, говҳоро барои Яҳува чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш карданд.+
15 Левизодагон+ сандуқи Яҳува ва қуттиеро, ки бо он буду чизҳои тиллоӣ дошт, фароварданд ва бар санги калоне гузоштанд. Мардуми Байт-Шемеш+ дар он рӯз ба Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ ва дигар қурбониҳо пешкаш кард.
16 Вақте панҷ ҳокими фалиштӣ инро диданд, худи ҳамон рӯз ба Эқрӯн баргаштанд.
17 Панҷ варами тиллоие, ки фалиштиён ба Яҳува чун қурбонии айб фиристоданд,+ барои шаҳрҳои зерин буданд: якто барои Ашдӯд,+ якто барои Ғазза, якто барои Ашқалӯн, якто барои Ҷат+ ва якто барои Эқрӯн.+
18 Шумораи мушҳои тиллоӣ мувофиқи адади тамоми шаҳрҳои фалиштиён буд — он мушҳоро барои шаҳрҳои ҳисордор ва қишлоқҳо, ки соҳибашон он панҷ ҳоким буданд, доданд.
Санги калоне, ки бар он сандуқи Яҳува гузошта шуд, то ба имрӯз ҳамчун шоҳид дар замини Юшаи байтшемешӣ истодааст.
19 Аммо Худо мардуми Байт-Шемешро, барои он ки ба сандуқи Яҳува менигаристанд, зарба зад. Ӯ 50 070 нафарро* аз миёни мардум ба ҳалокат расонд ва халқ мотам гирифт, чунки Яҳува мардуми зиёдро кушт.+
20 Он гоҳ аҳли Байт-Шемеш гуфтанд: «Кӣ пеши Яҳува, ин Худои Пок,+ истода метавонад?+ Кошки ӯ аз пеши мо ба назди дигарон мерафт».
21 Аз ин рӯ ба назди сокинони Қирят-Яърим+ хабаррасононро фиристода, гуфтанд: «Фалиштиён сандуқи Яҳуваро баргардониданд, фаромада, онро бо худ баред».+
Поварақҳо
^ Яъне варамҳое, ки ҳангоми бемории бавосир (геморрой) пайдо мешаванд.
^ Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
^ Дар матни асл «70 нафар, 50 000 нафарро».