1 Подшоҳон 28:1-25
-
Шоул ба Эйн-Дӯр, назди пурсандаи арвоҳ, меравад (1–25)
28 Дар он рӯзҳо фалиштиён лашкарҳои худро ҷамъ карданд, то бо Исроил биҷанганд.+ Окиш ба Довуд гуфт: «Ту, албатта, медонӣ, ки туву одамонат бояд ҳамроҳи ман ба ҷанг бароед».+
2 Довуд ба Окиш гуфт: «Ту нағз медонӣ, ки бандаат чӣ кор мекунад». Окиш ба Довуд гуфт: «Ин тавр бошад, аз ин рӯз пас ту нигаҳбони ҷони ман мешавӣ».+
3 Самуил он вақт мурда буд ва тамоми Исроил барои ӯ гиряву нола карда, ӯро дар шаҳраш Ромо гӯронда буданд.+ Он вақт Шоул кишварро аз пурсандагони арвоҳу фолбинон тоза карда буд.+
4 Фалиштиён ҷамъ шуда, омаданд ва дар Шунем урду заданд.+ Он гоҳ Шоул тамоми Исроилро ҷамъ овард ва онҳо дар Ҷилбӯа урду заданд.+
5 Вақте Шоул урдуи фалиштиёнро дид, ба ҳарос афтод ва дилаш аз тарс ба ларза омад.+
6 Гарчанде Шоул аз Яҳува пурсон мешуд,+ Яҳува боре ҳам ба ӯ ҷавоб надод: на дар хоб, на бо урим+ ва на ба воситаи пайғамбарон.
7 Ниҳоят Шоул ба ходимонаш гуфт: «Занеро ёбед, ки пурсандаи арвоҳ+ бошад, то ман ба наздаш рафта, маслиҳат кунам». Ходимонаш ба ӯ гуфтанд: «Зане, ки пурсандаи арвоҳ аст, дар Эйн-Дӯр+ мебошад».
8 Шоул андомашро дигар карда ва либосҳои дигар пӯшида, шабона бо ду нафаре аз одамонаш ба назди он зан омад. Ӯ гуфт: «Илтимос, ҳунари пурсидани арвоҳро ба кор бурда фол кушо+ ва касеро, ки ба ту гӯям, бароям даъват кун».
9 Аммо зан ба ӯ гуфт: «Ту нағз медонӣ, ки Шоул чӣ кор кардааст: ӯ кишварро аз пурсандагони арвоҳ ва фолбинон тоза кардааст.+ Пас, чаро барои ҷони ман дом мегузорӣ, то ки маро бикушанд?»+
10 Шоул ба ӯ ба номи Яҳува қасам хӯрда гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, барои ин кор ту айбдор нахоҳӣ буд!»
11 Он гоҳ зан гуфт: «Киро бароят даъват кунам?» Ӯ ҷавоб дод: «Самуилро».
12 Вақте зан «Самуилро»* дид,+ бо тамоми овоз дод зада ба Шоул гуфт: «Чаро ту маро фиреб додӣ? Охир, ту Шоул ҳастӣ!»
13 Подшоҳ ба ӯ гуфт: «Натарс, бигӯй, ки чиро мебинӣ?» Зан ба Шоул гуфт: «Касеро мебинам, ки мисли худост ва аз замин берун меояд».
14 Шоул дарҳол аз ӯ пурсид: «Ӯ чӣ гуна аст?» Зан гуфт: «Мӯйсафеде берун меояд, ки дар тан яктаҳи* беостин дорад».+ Шоул фаҳмид, ки ин «Самуил» аст, ва рӯ ба замин афтода таъзим кард.
15 Он гоҳ «Самуил» ба Шоул гуфт: «Барои чӣ маро даъват намуда безобита кардӣ?» Шоул ҷавоб дод: «Ба сарам балои сахте омад. Фалиштиён бар зидди ман меҷанганд, Худо бошад, аз ман дур шудаасту на бо воситаи пайғамбарон ва на дар хобҳо дигар ба ман ҷавоб намедиҳад.+ Туро даъват кардам, то бигӯӣ, ки чӣ кор кунам».+
16 «Самуил» гуфт: «Агар Яҳува аз ту дур шуда душмани ту гашта бошад,+ чаро аз ман пурсон мешавӣ?
17 Яҳува он чизеро, ки ба воситаи ман пешгӯйӣ карда буд, ҳамонро мекунад: Яҳува подшоҳиро аз дасти ту канда мегирад ва онро ба каси дигар, ба Довуд, медиҳад.+
18 Азбаски ту ба овози Яҳува гӯш надодӣ ва оташи ғазабашро бар амолеқиён фурӯ нарехтӣ,+ Яҳува имрӯз ин чизҳоро ба сари ту овардааст.
19 Яҳува ҳамчунин Исроил ва туро ба дасти фалиштиён месупорад+ ва пагоҳ туву писаронат+ бо ман хоҳед буд. Бале, Яҳува лашкари Исроилро ба дасти фалиштиён месупорад».+
20 Он гоҳ Шоул ба замин афтид ва аз суханони «Самуил» беҳад тарсид. Дар ӯ мадоре намонд, чунки тамоми он рӯз ва шаб чизе нахӯрда буд.
21 Зан назди Шоул омада, дид, ки ӯ сахт дар изтироб аст, ва ба ӯ гуфт: «Канизат гапи туро ба замин нагузошт ва ҷон ба каф гирифта+ он чиро, ки гуфтӣ, ба ҷо овард.
22 Акнун, илтимос, ба гапи канизат гӯш кун. Иҷозат деҳ, ки бароят як лаб нон биёрам, то ки бихӯрӣ ва қувват гирифта, ба роҳ бароӣ».
23 Аммо ӯ пешниҳодашро рад карда гуфт: «Ман намехӯрам». Лекин ходимонаш ва он зан аз ӯ бисёр илтимос карданд. Оқибат ӯ гапи онҳоро гирифта аз замин хест ва рӯйи кат нишаст.
24 Он зан дар хона гӯсолаи парворӣ дошт. Ӯ дарҳол он гӯсоларо сар бурид* ва орд гирифта, хамир кард ва аз он фатир* пухт.
25 Зан ин чизҳоро пеши Шоулу ходимонаш овард ва онҳо хӯрданду ҳамон шаб бархоста, рафтанд.+
Поварақҳо
^ Ё «касеро, ки худро Самуил нишон дод».
^ Ё «ҷелаки».
^ Ё «қурбон кард».
^ Ё «нони бехамиртуруш».