1 Мӯсо 24:1-67

  • Барои Исҳоқ зан мекобанд (1–58)

  • Ривқо пеши Исҳоқ меравад (59–67)

24  Иброҳим пиру солхӯрда буд ва Яҳува ӯро аз ҳар ҷиҳат баракат дода буд.+  Рӯзе ӯ ба ғуломе, ки калони хонааш буду тамоми дороии ӯро саришта мекард,+ чунин гуфт: «Илтимос, дастатро зери ронам бигузор  ва ба номи Яҳува, Худои осмон ва Худои замин, қасам бихӯр, ки барои писарам аз духтарони Канъон, ки дар байни онҳо зиндагӣ мекунам, зан намегирӣ.+  Ту бояд ба диёри ман, ба назди хешу таборам,+ биравӣ ва аз он ҷо барои писарам Исҳоқ зане бигирӣ».  Аммо ғуломаш дар ҷавоб чунин гуфт: «Агар зан бо ман ба ин замин омадан нахоҳад-чӣ? Оё писаратро ба замине, ки аз он баромадаӣ, баргардонам?»+  Иброҳим ба ӯ гуфт: «Не, ҳаргиз писарамро он ҷо набар.+  Яҳува, Худои осмон, ки маро аз хонаи падарам ва аз замини хешу таборам берун овардааст,+ ба ман қасам хӯрда+ чунин гуфт: “Ман ин заминро+ ба насли ту+ медиҳам”. Ӯ фариштаи худро пешопеши ту мефиристад+ ва ту ҳатман аз он ҷо+ барои писарам зане меёбӣ.  Лекин, агар зан бо ту омадан нахоҳад, ту аз қасами худ озод ҳастӣ. Аммо ҳаргиз писарамро он ҷо набар».  Ғулом дасташро зери рони Иброҳим гузошта, дар ин бобат қасам хӯрд.+ 10  Ғулом бо худ даҳ шутур гирифта, ба роҳ баромад. Ӯ аз хӯҷаини худ ҳар гуна туҳфаҳо гирифта, ба Байнаннаҳрайн, ба шаҳри Ноҳӯр, равона шуд. 11  Ӯ шутурҳоро дар назди чоҳи обе берун аз шаҳр хобонид. Қарибии шом буд ва дар ин вақт занон барои обкашӣ берун мебаромаданд. 12  Он гоҳ ӯ аз Худо илтиҷо карда гуфт: «Эй Яҳува, Худои хӯҷаинам Иброҳим! Илтимос, имрӯз ба ман муваффақият ато кун ва ба хӯҷаинам Иброҳим меҳру вафо зоҳир намо! 13  Инак, ман назди чашмаи об ҳастам ва духтарони ин шаҳр барои обкашӣ берун меоянд. 14  Бигзор духтаре, ки ту интихоб кардаӣ, ҳамоне бошад, ки, вақте ба ӯ бигӯям: “Илтимос, кӯзаатро поён кун, то ман як қулт нӯшам”, чунин ҷавоб диҳад: “Марҳамат, нӯшидан гир. Ман ба шутурҳоят ҳам об медиҳам”. Ҳамин тавр ман хоҳам донист, ки ту он занро барои бандаат Исҳоқ хуш кардаӣ ва ба хӯҷаинам меҳру вафо нишон додаӣ». 15  Ӯ ҳанӯз гапашро тамом накарда буд ки, Ривқо — духтари Батуил,+ бо кӯзае дар китфаш баромад. (Модари Батуил Милко+ ном дошт ва ӯ зани Ноҳӯри+ бародари Иброҳим буд.) 16  Он ҷавонзан хеле хушрӯ буд. Ӯ бокира буд ва ҳоло шавҳар накарда буд. Ӯ ба назди чоҳ фаромад ва кӯзаашро аз об пур карда, баргашт. 17  Он гоҳ ғулом пеши ӯ давида, гуфт: «Илтимос, аз кӯзаат ба ман як қулт об деҳ». 18  Духтар дар ҷавоб гуфт: «Бинӯш, эй хоҷаам». Ӯ дарҳол кӯзаро фароварда, ба вай об дод. 19  Баъди ба ӯ об додан духтар гуфт: «Ман барои шутурҳоят низ об мекашонам, то даме ки аз об сер шаванд». 20  Ӯ оби кӯзаро, ба ҷое ки чорво аз он об мехӯрд, холӣ карда, гаштаву баргашта, сӯйи чоҳ медавид ва аз чоҳ барои ҳамаи шутурон об мекашонд. 21  Он мард бошад, тамоми ин вақт хомӯш истода, бо ҳайрат ба духтар нигоҳ мекард ва фикр мекард, ки оё Яҳува сафари ӯро баракат додааст ё не. 22  Вақте шутурҳо нӯшида сер шуданд, он мард барои духтар ҳалқае барои бинӣ ва ду дастпонаи тилло баровард. Вазни ҳалқа ним сиқлу* вазни дастпонаҳо даҳ сиқл буд. 23  Ӯ ба зан гуфт: «Илтимос, ба ман бигӯй, ки ту духтари кистӣ? Оё дар хонаи падарат ҷое барои мо ҳаст, то шабро саҳар кунем?» 24  Ӯ чунин ҷавоб дод: «Ман духтари Батуил+ ҳастам, ки модараш Милкову падараш Ноҳӯр+ аст». 25  Ӯ боз илова кард: «Мо ҳам коҳ дорем, ҳам бедаи бисёр ва ҳам ҷой барои шабро саҳар кардан». 26  Баъд аз ин он мард то замин хам шуда ба Яҳува саҷда карду 27  гуфт: «Яҳува, Худои хӯҷаинам Иброҳимро, ситоиш мекунам, чунки ӯ меҳру вафои худро, ки ба хӯҷаинам дошт, фаромӯш накард. Яҳува маро ба хонаи бародарони хӯҷаинам роҳнамоӣ кард». 28  Ҷавонзан давида рафт ва воқеаро ба модараш ва дигарон нақл кард. 29  Ривқо Лобон+ ном бародаре дошт. Лобон ба пешвози он мард, назди чашмаи об шитофт. 30  Вақте ӯ дар бинии хоҳараш Ривқо ҳалқа ва дар дастонаш дастпонаҳоро дид ва аз даҳонаш шунид, ки он мард чӣ гуфт, ба пешвозаш шитобид. Он мард ҳанӯз ҳам назди шутурҳояш, дар пеши чашмаи об, истода буд. 31  Вақте Лобон назди ӯ омад, дарҳол ба вай гуфт: «Эй шахсе, ки баракати Яҳува бар туст! Барои чӣ дар ин ҷо истодаӣ? Ман хонаро барои ту тайёр кардам ва барои шутуронат низ ҷое омода намудам». 32  Он мард ба хона даромад ва ӯ* шутуронро кушода, ба онҳо коҳу беда дод. Баъд ба он мард ва ҳамроҳонаш об дод, то пойҳои худро шӯянд. 33  Вақте дар пешаш хӯрок монданд, ӯ гуфт: «То мақсадамро нагӯям, хӯрок намехӯрам». Лобон гуфт: «Бигӯй». 34  Ӯ гуфт: «Ман ғуломи Иброҳим ҳастам.+ 35  Яҳува хӯҷаини маро баракати зиёде додааст, ӯро хеле сарватманд гардондааст ва ба вай гӯсфандону говон, тиллову нуқра, ғуломону канизон ва шутурҳову харҳои бисёре ато кардааст.+ 36  Зани хӯҷаинам Соро низ дар пиронсолӣ+ барояш писаре таваллуд кард ва хӯҷаинам тамоми дороиашро ба писараш медиҳад.+ 37  Хӯҷаинам маро қасам дода гуфт: “Ту набояд барои писарам аз духтарони Канъон, аз замине, ки ман дар он зиндагӣ дорам, зан бигирӣ.+ 38  Ту бояд ба хонаи падари ман, назди хешу таборам,+ биравӣ ва аз он ҷо барои писарам зане бигирӣ”.+ 39  Аммо ман ба хӯҷаинам гуфтам: “Агар духтар омадан нахоҳад-чӣ?”+ 40  Ӯ ба ман ҷавоб дод: “Яҳува, ки пешаш роҳ рафтаам,+ фариштаи худро бо ту мефиристад+ ва ӯ сафари туро ҳатман баракат медиҳад. Ту бояд барои писарам аз байни хешу таборам, аз хонадони падарам+ зан биёрӣ. 41  Аммо, агар ту назди хешу таборам биравӣ ва онҳо духтарро ба ту надиҳанд, ту аз қасами худ озод ҳастӣ”.+ 42  Вақте ман назди чашма омадам, гуфтам: “Яҳува, Худои хӯҷаинам Иброҳим, агар ту сафарамро баракат додан хоҳӣ, бигзор чунин шавад: 43  инак, ман назди чашма истодаам. Ҳангоме ҷавонзане+ барои обгирӣ биёяд ва, вақте ман ба вай “Илтимос, ба ман аз кӯзаи худ каме об деҳ” гӯям, 44  ӯ дар ҷавоб бигӯяд: “Марҳамат, нӯшидан гир. Ман ба шутурҳоят ҳам об медиҳам”, бигзор ӯ ҳамон касе бошад, ки ту, Яҳува, барои писари хӯҷаинам хуш кардаӣ”.+ 45  Ҳанӯз гапамро дар дилам тамом накарда будам ки, Ривқо кӯзае бар китфаш баромад ва рафта, ба кӯза об гирифт. Баъд ман аз ӯ хоҳиш кардам: “Илтимос, ба ман каме об деҳ”.+ 46  Ӯ даррав кӯзаро аз китфаш фароварда, ба ман гуфт: “Марҳамат, нӯшидан гир.+ Ман ба шутурҳоят ҳам об медиҳам”. Ман нӯшидаму ӯ ба шутурҳоям об дод. 47  Баъд аз ин ман аз вай пурсидам: “Ту духтари кистӣ?” Ӯ ба ман гуфт: “Ман духтари Батуил ҳастам, ки модараш Милкову падараш Ноҳӯр аст”. Инро шунида ман ҳалқаро ба биниаш ва дастпонаҳоро ба дастонаш часпондам.+ 48  Пас аз ин хам шуда ба Яҳува саҷда бурдам ва Яҳува, Худои хӯҷаинам Иброҳимро, ситоиш кардам,+ зеро ӯ маро роҳнамоӣ намуд, то барои писари хӯҷаинам духтари бародарашро бигирам. 49  Акнун ба ман бигӯед, ки оё шумо мехоҳед ба хӯҷаинам меҳру вафо кунед ё не. Ҷавобатон “не” бошад ҳам, ба ман бигӯед, то ман бидонам чӣ кор кунам».+ 50  Баъд Лобон ва Батуил дар ҷавоб гуфтанд: «Ин кор аз ҷониби Яҳува аст. Мо ба ту ҳеҷ гапи хубу гандае гуфта наметавонем. 51  Ана Ривқо дар назди туст: ӯро бигиру бирав ва бигзор, чи хеле ки Яҳува гуфтааст, ӯ зани писари хӯҷаинат шавад». 52  Вақте ғуломи Иброҳим ин суханонро шунид, то замин хам шуда ба Яҳува саҷда кард. 53  Ӯ зебу зинати тиллоиву нуқрагин ва либосҳо бароварда ба Ривқо дод. Ӯ ҳамчунин ба бародар ва модари Ривқо туҳфаҳои қиматбаҳо дод. 54  Баъд аз ин ӯ ва мардоне, ки ҳамроҳаш буданд, хӯрданду нӯшиданд ва шабро он ҷо гузарониданд. Вақте он мард саҳар аз хоб хест, чунин гуфт: «Маро назди хӯҷаинам бифиристед». 55  Дар ҷавоб бародар ва модари духтар гуфтанд: «Бигзор духтар ақаллан даҳ рӯз бо мо монад ва баъд биравад». 56  Вале он мард гуфт: «Маро бознадоред, зеро Яҳува сафарамро баракат додааст. Маро бигузоред, то назди хӯҷаинам биравам». 57  Онҳо гуфтанд: «Биёед духтарро фарёд кунем ва аз худаш пурсем: канӣ чӣ мегӯяд». 58  Онҳо Ривқоро фарёд карданд ва аз вай пурсиданд: «Оё бо ин мард меравӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ҳа, меравам». 59  Онҳо хоҳарашон Ривқоро+ бо дояаш*+ ҳамроҳи ғуломи Иброҳим ва одамони ӯ фиристоданд. 60  Онҳо Ривқоро дуои нек карда гуфтанд: «Эй хоҳари мо! Илоҳӣ модари ҳазорон ҳазор* фарзанд гардӣ ва насли ту бар шаҳри* душманонаш ғолиб ояд ва онро аз худ кунад».+ 61  Он гоҳ Ривқо ва канизонаш бархостанд, бар шутурҳо савор шуданд ва аз қафои он мард равона шуданд. Ӯ Ривқоро гирифта ба роҳ баромад. 62  Исҳоқ аз тарафи Баир-лаҳай-рӯй+ бармегашт, зеро дар замини Негеб+ зиндагӣ мекард. 63  Исҳоқ бегоҳӣ берун баромада буд, то каме фикру андеша кунад.+ Дар ҳамин вақт ӯ нигоҳ кард ва дид, ки шутурҳо омада истодаанд. 64  Вақте Ривқо нигоҳ кард, чашмаш ба Исҳоқ афтод ва ӯ зуд аз шутур фаромад. 65  Ривқо аз ғуломи Иброҳим пурсид: «Он марде, ки аз саҳро ба пешвози мо меояд, кист?» Ғулом дар ҷавоб гуфт: «Ӯ хӯҷаини ман аст». Он гоҳ Ривқо рӯймолро гирифта, худро пӯшонид. 66  Сипас ғулом ҳар он чӣ карда буд, ба Исҳоқ нақл кард. 67  Баъд аз ин Исҳоқ Ривқоро ба хаймаи модараш Соро овард+ ва Ривқо зани вай шуд. Исҳоқ ба ӯ дил баст+ ва баъди марги модараш тасаллӣ ёфт.+

Поварақҳо

Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Аз афташ, Лобон.
Яъне касе, ки пештар дояаш буду ҳозир хизматгораш аст.
Дар матни асл «ҳазорон карат даҳ ҳазор».
Дар матни асл «дарвозаи».