1 Мӯсо 19:1-38
19 Он ду фаришта бегоҳӣ ба Садӯм расиданд ва дар он вақт Лут назди дарвозаи шаҳри Садӯм нишаста буд. Вақте Лут онҳоро дид, ба пешвозашон бархест ва рӯй бар замин ниҳода таъзим кард.+
2 Ӯ гуфт: «Эй хоҷаҳоям! Илтимос мекунам, ба хонаи бандаи худ гузар кунед, пойҳоятонро бишӯед ва шабро дар он ҷо рӯз кунед. Баъд саҳари барвақт хеста, роҳи худро давом дода метавонед». Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Не, мо шабро дар майдон саҳар мекунем».
3 Аммо Лут гаштаву баргашта онҳоро илтимос кард ва онҳо ҳамроҳи ӯ ба хонааш рафтанд. Дар он ҷо ӯ барои меҳмонон фатир* пухт, онҳоро зиёфат кард ва онҳо хӯрданд.
4 Онҳо ҳанӯз хоб нарафта буданд ки, мардуми Садӯм, ҳамаи мардони он — аз писарбача то мӯйсафед, як тӯдаи калон шуда хонаи Лутро гирд карданд.
5 Онҳо Лутро фарёд карда мегуфтанд: «Куҷоянд он мардоне, ки имшаб ба хонаи ту омаданд? Онҳоро берун барор, то бо онҳо ҳамхоб шавем!»+
6 Лут ба пеши онҳо, назди дар баромад ва дарро аз паси худ пӯшида,
7 гуфт: «Бародаронам, илтимос, ба ин кори бад даст назанед.
8 Ман ду духтар дорам, ки бо мард ҳамхоб нашудаанд. Бигзоред онҳоро назди шумо барорам ва чӣ коре, ки маъқул бошад, бо онҳо бикунед. Аммо, илтимос, ба ин мардон кордор нашавед, чунки онҳо зери боми ман паноҳ бурдаанд».+
9 Лекин онҳо ба Лут гуфтанд: «Дафъ шав!» ва илова карданд: «Инро бинед! Худаш як ғариби бекасу кӯ асту боз моро доварӣ мекунад! Ҳозир мо бо ту аз он чӣ бо онҳо карданием, бадтар мекунем». Онҳо гирди Лутро гирифтанд ва қариб буд дарро шикананд.
10 Лекин он ду мард дастҳои худро дароз карда, Лутро назди худ ба хона дароварданду дарро пӯшиданд.
11 Онҳо мардумеро, ки дар назди дари хонаи Лут буд, аз хурд то калонро, ба кӯрӣ гирифтор карданд ва мардум, ҳар қадар ки дари хонаро кофтанд, ёфта натавонистанд.
12 Сипас он мардон ба Лут гуфтанд: «Дар ин ҷо ягон каси дигар дорӣ? Домодон, писарон, духтарон ва ҳама хешу таборатро гирифта, аз ин ҷо берун баро!
13 Мо ин маконро нест карданием, чунки оҳу фиғони бисёре аз дасти мардуми он ба гӯши Яҳува расидааст.+ Аз ин рӯ Яҳува моро фиристод, то мо онро нест кунем».
14 Сипас Лут берун омад ва бо домодонаш, ки духтаронашро гирифтанӣ буданд, сухан гуфт. Ӯ ба онҳо гуфтан гирифт: «Бархезед ва аз ин ҷо берун равед, чунки Яҳува ин шаҳрро нест мекунад!» Аммо домодонаш фикр карданд, ки вай шӯхӣ карда истодааст.+
15 Ҳамин ки субҳ дамидан гирифт, фариштагон Лутро саросема карда гуфтанд: «Бархез ва зану ду духтаратро, ки бо ту ҳастанд, гирифта, аз ин ҷо баро. Зуд бош, то аз сабаби гуноҳи ин шаҳр несту нобуд нагардӣ!»+
16 Аммо, вақте Лут сустӣ кард, фариштагон аз дасти вай ва зану ду духтараш гирифта, онҳоро бароварданд, чунки дили Яҳува ба вай сӯхт,+ ва онҳо вайро берун аз шаҳр гузоштанд.+
17 Ҳамин ки фариштагон онҳоро ба канори шаҳр оварданд, яке аз онҳо гуфт: «Барои халосии ҷонат гурез! Ба қафо нигоҳ накун+ ва дар ягон ҷойи водӣ наист!+ Ба сӯйи кӯҳсор гурез, то ки несту нобуд нашавӣ!»
18 Он гоҳ Лут гуфт: «Илтимос, Яҳува*, ба он ҷо наравам!
19 Инак, бандаат дар назарат писанд афтодааст ва ту ба ман ин қадар некии бузург* кардӣ ва ҷони маро аз марг халос намудӣ.+ Лекин ман ба кӯҳистон гурехта наметавонам, мабодо балое ба сарам ояду бимирам.+
20 Ана он шаҳр барои гурехтан наздик аст. Он ҷойи хурдест. Илтимос, иҷозат деҳ ман ба он ҷо гурезам! Он як ҷойи хурд аст, агар ба он ҷо равам, зинда мемонам».
21 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Майлаш, ин дафъа ҳам туро рӯихотир мекунам+ ва шаҳри гуфтагиатро нест намекунам.+
22 Фақат зуд бош! Ба он ҷо гурез, чунки, то даме ки ба он ҷо нарасӣ, ман ҳеҷ кор карда наметавонам».+ Барои ҳамин он шаҳр Сӯар*+ ном гирифт.
23 Вақте Лут ба Сӯар расид, офтоб баромада буд.
24 Он вақт Яҳува бар Садӯму Амӯро кибриту* оташ боронид — ин аз ҷониби Яҳува, аз осмон буд.+
25 Худо ин шаҳрҳоро нест кард. Ӯ тамоми водӣ, ҳама мардуми ин шаҳрҳо ва тамоми набототи он ҷоро, нобуд кард.+
26 Аммо зани Лут, ки аз ақиби ӯ меомад, ба қафо нигоҳ кард ва сутуни намак гашт.+
27 Иброҳим бошад, саҳари барвақт хеста, ба ҷое ки пеши Яҳува истода буд, рафт.+
28 Вақте ӯ ба тарафи Садӯм ва Амӯро ва ба тамоми сарзамини он водӣ назар кард, дид, ки аз замин дуди ғафсе мисли дуди хумдон боло мебарояд.+
29 Вақте Худо ин шаҳрҳоро нест кард, ӯ Иброҳимро дар хотир дошт ва Лутро аз шаҳрҳое, ки нест кард, аз шаҳрҳое, ки ӯ он ҷо зиндагӣ мекард, берун овард.+
30 Баъдтар Лут бо ду духтараш аз Сӯар баромада, сӯйи кӯҳистон рафт,+ чунки аз зиндагӣ кардан дар Сӯар+ метарсид. Ӯ бо ду духтараш дар кӯҳистон, дар даруни ғоре, зиндагӣ кардан гирифт.
31 Рӯзе духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Падарамон пир шудааст ва дар замин марде нест, ки моро ба занӣ гирад, то мо ҳам мисли одамони дигар фарзанддор шавем.
32 Биё ба падарамон шароб диҳем ва бо ӯ ҳамхоб шавем, то насле аз падари худ нигоҳ дорем».
33 Он шаб онҳо падарашонро шароб нӯшонданд ва духтари калонӣ рафта, бо падари худ хобид. Аммо падараш аз хобидан ва хестани вай хабардор нашуд.
34 Рӯзи дигар духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Ана, ман дина шаб бо падарам хобидам. Биё имшаб ҳам ба вай шароб нӯшонем ва ту ҳам бо вай хоб кун, то ки насле аз падари худ нигоҳ дорем».
35 Он шаб низ онҳо ба падарашон шароби бисёр нӯшонданд. Баъд духтари хурдӣ назди падараш даромада, бо вай хобид. Аммо ӯ аз хобидан ва хестани духтараш хабардор нашуд.
36 Ҳамин тавр ҳар ду духтари Лут аз падарашон ҳомила шуданд.
37 Духтари калонӣ писаре таваллуд кард ва номи ӯро Мӯоб+ монд. Ӯ падари онҳоест, ки имрӯз мӯобиён ном доранд.+
38 Духтари хурдӣ ҳам соҳиби писар шуд ва ӯро Бин-Аммӣ ном гузошт. Ӯ падари онҳоест, ки имрӯз аммӯниён+ ном доранд.
Поварақҳо
^ Ё «нони бехамиртуруш».
^ Ин ҷо Лут яке аз фариштагонро «Яҳува» меномад, чунки фаришта аз номи Яҳува гап мезанад.
^ Ё «меҳру вафо».
^ Маънояш «хурдӣ».
^ Ё «сулфуру».