Ҳизқиёл 21:1-32

  • Худо шамшерашро аз ғилоф мекашад (1–17)

  • Шоҳи Бобил ба Ерусалим ҳамла мекунад (18–24)

  • Сарвари бадкори Исроил ҷазо мегирад (25–27)

    • «Тоҷатро аз сар бигир» (26)

    • «То омадани касе, ки ба он ҳаққу ҳуқуқ дорад» (27)

  • Шамшер бар зидди аммӯниён (28–32)

21  Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт:  «Эй фарзанди одам, рӯйи худро сӯйи Ерусалим гардонда, бар зидди ҷойҳои муқаддас гап зан ва бар зидди замини Исроил пешгӯйӣ кун.  Ба замини Исроил бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман зидди туям. Ман шамшерамро аз ғилоф кашида,+ дар ту ҳам росткору ҳам бадкорро нест мекунам.  Ман шамшерамро аз ғилоф кашида, ҳамаи одамонро аз ҷануб то шимол зарба мезанам, то росткору бадкорро дар ту нест кунам.  Он гоҳ тамоми одамизод мефаҳмад, ки ман, Яҳува, шамшерамро аз ғилоф кашидаам, ва он ба ҷояш барнамегардад”.+  Ту бошӣ, эй фарзанди одам, ларзида оҳ каш, дар пеши онҳо оҳи бадард каш.+  Агар аз ту пурсанд: “Чаро оҳ мекашӣ?”, ба онҳо бигӯ: “Аз пушти хабар оҳ мекашам”, зеро он ҳатман меояд. Он вақт ҳар дил аз тарс суст мешавад, ҳар даст бемадор мегардад, ҳар рӯҳ мешиканад ва ҳар кас дар эзораш тар мекунад*.+ Ин хабар меояд ва ҳатман иҷро мешавад,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».  Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт:  «Эй фарзанди одам, пешгӯйӣ карда бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Шамшер! Шамшер+ тез карда, сайқал дода шудааст. 10  Он тез карда шудааст, ки куштори азиме ба амал орад, сайқал дода шудааст, ки барқ занад”». Мардум пурсид: «Магар шодӣ накунем?» Худо гуфт: «Магар он шамшер чӯбдасти подшоҳии писари маро,+ чун ҳар чӯби* дигарро, рад намекунад? 11  Ман онро барои он додам, ки сайқал диҳанд ва ба даст гиранд. Ин шамшер тез карда, сайқал дода шудааст, то ба дасти ҷаллод супурда шавад.+ 12  Фарёд зан ва нола кун,+ эй фарзанди одам, зеро он бар халқи ман ва тамоми сарварони Исроил меояд.+ Сарварон баробари халқам аз дами он мемиранд. Пас, аз ғаму ғусса ба ронат бизан. 13  Халқи ман санҷида шуд.+ Агар шамшер чӯбдасти подшоҳиро рад кунад, чӣ мешавад? Он несту нобуд мешавад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 14  Эй фарзанди одам, пешгӯйӣ намо ва дастонатро ба ҳам зада, се бор “Шамшер!” бигӯ. Шамшери қотил бар сари бисёриҳо меояд ва онҳоро гирд мекунад.+ 15  Дили онҳо аз тарс суст мешавад+ ва бисёриҳо назди дарвозаҳои шаҳр меафтанд. Ман шамшерамро кор мефармоям, шамшери барқзанандаеро, ки барои куштор сайқал дода шудааст. 16  Аз тарафи рост бибур! Ба тарафи чап рӯ ор! Ҳар ҷое ки теғат нигарад, бирав! 17  Ман низ даст ба ҳам мезанам ва хашмамро фурӯ менишонам.+ Ман, Яҳува, инро гуфтаам». 18  Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 19  «Эй фарзанди одам, ду роҳеро бикаш, ки шамшери шоҳи Бобил бо он меояд. Ҳар дуи онҳо аз як кишвар берун меоянд ва, дар ҷое ки роҳҳо тақсим шуда ба ду шаҳр мераванд, аломате* гузор. 20  Як роҳро барои шамшере қайд кун, ки бар Раббаи+ аммӯниён меояд, ва роҳи дигарро барои шамшере, ки бар Ерусалими ҳисордори+ Яҳудо меояд. 21  Шоҳи Бобил дар сари дуроҳа истода фол мекушояд. Ӯ тирҳоро бо ҳам меомезад, аз бутҳояш* роҳнамоӣ меҷӯяд ва ба ҷигар нигоҳ мекунад. 22  Фоли дасти росташ ба Ерусалим ишора мекунад, то дабобаҳо* гузоранд, ба куштан амр диҳанд, барои ҷанг наъра зананд, дабобаҳоро назди дарвозаҳо гузоранд, барои муҳосира хокрез* бардоранду ҳисор созанд.+ 23  Ин дар назари касоне*, ки ба онҳо* қасамҳо хӯрда буданд,+ фоли дурӯғ хоҳад тофт, аммо ӯ гуноҳи онҳоро дар хотир дорад ва онҳоро дастгир мекунад.+ 24  Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо ҷиноятҳоятонро фош ва гуноҳҳоятонро дар ҳар амалатон ошкор намуда, айби худро хотиррасон кардед. Акнун ки шуморо ба хотир овардаанд, дастгир карда мешавед”. 25  Эй сарвари бадкори Исроил,+ ки захми марговар гирифтаӣ, рӯзи ту, вақти ҷазои охиринат, расидааст. 26  Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Саллаатро бикаш ва тоҷатро аз сар бигир.+ Ин ҳолат дигар давом нахоҳад кард.+ Онро, ки паст аст, баланд ва онро, ки баланд аст, паст гардон.+ 27  Онро харобазор, харобазор, харобазор мегардонам ва он то омадани касе, ки ба он ҳаққу ҳуқуқ дорад,+ аз они касе нахоҳад буд. Он вақт ман онро ба ӯ медиҳам”.+ 28  Эй фарзанди одам, пешгӯйӣ карда бигӯ: “Парвардигор Яҳува дар бораи аммӯниён ва суханони нешдорашон чунин мегӯяд: “Шамшер, шамшер барои куштор кашида шудааст. Он барои куштан сайқал дода шудаасту барқ мезанад. 29  Дар бораат рӯъёҳои дурӯғ бинанду фолҳои хато кушоянд ҳам, кушташудагони ту бар ҷасадҳои бадкорон, ки рӯзашон, вақти ҷазои охиринашон, расидааст, тӯда карда мешаванд. 30  Шамшерро ба ғилоф андоз. Ман туро дар маконе, ки офарида шудаӣ, дар зодгоҳат, доварӣ мекунам. 31  Ман хашмамро бар ту фурӯ мерезам, оташи ғазабамро бар ту медамам ва туро ба дасти мардуми бераҳме, ки дар куштан устоянд, месупорам.+ 32  Ту ҳезуме барои оташ мешавӣ,+ хуни ту дар заминат рехта мешавад ва туро дигар ба хотир намеоранд, зеро инро ман, Яҳува, гуфтаам”».

Поварақҳо

Дар матни асл «аз ҳар зону об мечакад».
Дар матни асл «дарахти».
Дар матни асл «дасте».
Ибр. «терафим».
Дабоба — олате, ки барои рахна кардани девори қалъа истифода мешуд.
Хокрез — ниг. ба луғат.
Эҳтимол, ба бобилиён.
Яъне сокинони Ерусалим.