Юнус 1:1-17
1 Паёми Яҳува ба Юнуси*+ писари Амитай омад:
2 «Бархез ва ба шаҳри бузург — Нинве+ бирав ва ҳукми маро бар зидди он эълон кун, чунки бадкории мардуми он ба гӯши ман расидааст».
3 Лекин Юнус бархест ва аз Яҳува гурехтанӣ шуда ба Таршиш равона шуд; ӯ ба Ёфо рафт ва дар он ҷо киштиеро ёфт, ки ба Таршиш мерафт. Ӯ роҳкироро дод ва ҳамроҳи дигарон ба Таршиш равона шуд, то аз пеши Яҳува гурехта равад.
4 Он гоҳ бо амри Яҳува дар баҳр шамоли сахте бархест. Тӯфони шадиде ба амал омад ва киштӣ қариб буд, ки ғарқ шавад.
5 Киштиронҳо чунон тарсиданд, ки ҳар яке ба худои худ дуо гуфта мадад мепурсид. Онҳо чизу чораи киштиро ба баҳр партофтан гирифтанд, то он сабуктар шавад.+ Аммо Юнус ба қисми дарунии киштӣ даромада, дар он ҷо дароз кашид ва хобаш сахт бурд.
6 Дар ин вақт сардори киштӣ назди ӯ омад ва гуфт: «Чаро хоб рафтаӣ? Хез ва ба худои худ дуо гӯй! Шояд, Худои ҳақиқӣ ба мо раҳм кунад ва мо нобуд нашавем».+
7 Баъд киштиронҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед қуръа партоем,+ то маълум шавад, ки ин фалокат аз сабаби кӣ рӯй додааст». Онҳо қуръа партофтанд ва қуръа ба номи Юнус афтод.+
8 Онҳо ба Юнус гуфтанд: «Илтимос, ба мо бигӯй, ки оё ту сабабгори ин фалокат ҳастӣ? Ту чикораӣ ва аз куҷо омадаӣ? Аз кадом кишвар ва аз кадом халқӣ?»
9 Юнус дар ҷавоб гуфт: «Ман ибрӣ ҳастам ва Яҳува, Худои осмон — Худоеро, ки баҳру хушкиро офаридааст, мепарастам*».
10 Вақте онҳо аз даҳони Юнус инро шуниданд, ба тарсу ваҳм афтоданд ва ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ коре буд, ки ту кардӣ?», зеро ӯ ба онҳо гуфта буд, ки аз Яҳува гурехтааст.
11 Он гоҳ онҳо ба ӯ гуфтанд: «Акнун бо ту чӣ кор кунем, то баҳр ором шавад?» Баҳр бошад, боз ҳам бештар ба хурӯш меомад.
12 Ӯ ҷавоб дод: «Маро бардошта, ба баҳр партоед, то баҳр ором шавад; зеро медонам, ки ин тӯфони шадид аз сабаби ман бар сари шумо омадааст».
13 Онҳо бошанд, киштиро бо тамоми қувват сӯйи хушкӣ ронданд, аммо натавонистанд, чунки баҳр бештару бештар талотум мекард.
14 Пас онҳо аз Яҳува илтиҷо карданд: «Илтимос, эй Яҳува, нагузор, ки аз сабаби ин одам нобуд шавем! Бигзор хуни бегуноҳе бар гардани мо набошад, зеро ин мувофиқи хости туст, эй Яҳува».
15 Баъд онҳо Юнусро бардошта, ба баҳр партофтанд ва баҳр ором шуд.
16 Ҳамаро тарси Яҳува фаро гирифт+ ва онҳо ба Яҳува қурбонӣ оварда, ба ӯ қавлу қасам доданд.
17 Дар ин вақт Яҳува моҳии калонеро фиристод, то Юнусро фурӯ барад. Моҳӣ Юнусро фурӯ бурд ва ӯ дар шиками моҳӣ се шабу се рӯз буд.+