Панднома 29:1-27

  • Кӯдаки бесаришта шарманда мекунад (15)

  • Рӯъё набошад, мардум худсарӣ мекунанд (18)

  • Зудхашм ҷанҷол мехезонад (22)

  • Хоксор сарбаланд мегардад (23)

  • Одамтарсӣ дом аст (25)

29  Касе, ки баъди сарзаниши бисёр ҳам гарданшахиро бас накунад,+Ногаҳон шикаст меёбад ва барояш давое нахоҳад буд.+   Вақте росткорон бисёранд, мардум шод мегардад,Вале, вақте бадкор ҳукмфармост, халқ оҳу нола мекашад.+   Дӯстдори хирад падарашро шод месозад,+Лекин ҳамдами фоҳишагон сарваташро ба бод медиҳад.+   Подшоҳи адолатпеша ба мамлакат осоиштагӣ меорад,+Вале порахӯр — харобӣ.   Хушомадгӯ пеши пойи ёраш дом мегузорад.+   Қонуншикании бадкор барои ӯ дом аст,+Лекин росткор шодиву дилхушӣ мекунад.+   Росткор ба даъвои камбағал эътибор медиҳад,+Вале бадкор парвое надорад.+   Лофзанон шаҳреро ба шӯр меоранд,+Лекин хирадмандон ғазабро дур мекунанд.+   Агар хирадманде бо аблаҳ баҳс кунад,Ба ғайр аз ҷанҷолу пастзанӣ чизе ҳосил намешавад.+ 10  Хунхорон аз беайбон нафрат доранд+Ва пайваста дар қасди ҷони боинсофонанд*. 11  Аблаҳ ҷилави ҳиссиёташро намекашад,+Вале хирадманд худдориро пеша мекунад.+ 12  Агар ҳоким ба дурӯғҳо диққат диҳад,Ҳамаи зердастонаш бадкор мешаванд.+ 13  Бечораву ситамгар як монандӣ доранд: Яҳува ба чашми ҳар дуи онҳо нур мебахшад*. 14  Подшоҳ камбағалонро аз рӯйи инсоф доварӣ кунад,+Тахташ пойдор мемонад.+ 15  Чӯбу* сарзаниш хирад мебахшад,+Вале кӯдаки бесаришта модарашро шарманда месозад. 16  Бадкорон зиёд шаванд, қонуншиканӣ меафзояд,Вале росткорон шикасти онҳоро хоҳанд дид.+ 17  Фарзандатро сарзаниш кунӣ, ӯ ба ту осоиштагӣ меорадВа ба ҷонат ҳаловат мебахшад.+ 18  Дар ҷое ки рӯъё набошад, мардум худсарӣ мекунанд,+Вале хушбахтанд касоне, ки шариатро риоя менамоянд.+ 19  Хизматгор танҳо бо гап ислоҳ намешавад,Агарчи суханатро мефаҳмад, итоат намекунад.+ 20  Касеро дидаӣ, ки насанҷида гап мезанад?+ Аз аблаҳ умеди ислоҳ шудан ҳасту аз ӯ не.+ 21  Хизматгорро аз хурдӣ эрка кунӣ,Оқибат ношукр мешавад. 22  Зудхашм ҷанҷол мехезонад,+Одами тез бисёр гуноҳ мекунад.+ 23  Ҳавобаландии шахс ӯро хору зор мекунад,+Вале хоксор сарбаланд мегардад.+ 24  Шарики дузд душмани ҷони худ аст,Вақте мардумро қасам диҳанд, ки дар бораи дуздӣ хабар диҳанд, ӯ хомӯш меистад.+ 25  Одамтарсӣ барои кас дом аст,+Лекин ҳар кӣ ба Яҳува такя кунад, аз бало эмин аст.+ 26  Бисёриҳо дидори ҳокимро меҷӯянд,Вале ба доди кас Яҳува мерасад.+ 27  Росткор беинсофро чашми дидан надорад,+Барои бадкор бошад, боинсоф нафратовар аст.+

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «Вале боинсофон ҳаёти беайбонро ҳимоя мекунанд».
Яъне ҳаёт мебахшад.
Ё «Насиҳату; Ҷазою».