Ошкорсозӣ 21:1-27

  • Осмон ва замини нав (1–8)

    • Марг дигар намешавад (4)

    • «Ҳама чизро нав месозам» (5)

  • Ерусалими нав (9–27)

21  Сипас ман осмони нав ва замини навро+ дидам, зеро осмони пештара ва замини пештара гузашта буданд+ ва баҳр+ дигар набуд.  Ман ҳамчунин шаҳри муқаддас — Ерусалими навро, дидам, ки аз осмон, аз ҷониби Худо, мефаромад+ ва чун арӯсе, ки барои домод оро ёфтааст, омода буд.+  Он гоҳ овози баландеро аз ҷониби тахт шунидам, ки чунин гуфт: «Инак, хаймаи Худо бо одамон аст. Ӯ бо онҳо сокин мешаваду онҳо халқи ӯ мегарданд ва худи Худо бо онҳо мешавад.+  Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад+ ва марг дигар намешавад,+ гиря, фиғон ва дард дигар намешавад.+ Он чӣ пештар буд, гузашт».  Он гоҳ Нишинандаи тахт+ гуфт: «Инак, ҳама чизро нав месозам».+ Ҳамчунин гуфт: «Бинавис, зеро ин суханон ҳаққанду рост».  Ӯ ба ман гуфт: «Ин суханон ба амал омаданд! Ман Алфа ва Омега*, оғозу анҷом, ҳастам.+ Ба ҳар касе, ки ташна аст, аз чашмаи оби ҳаёт муфт медиҳам.+  Касе, ки ғолиб ояд, ин чизҳоро мерос мегирад. Ман Худои ӯ мешавам ва ӯ писари ман мешавад.  Аммо тарсончакон, беимонон,+ касони нопоку нафратангез, одамкушон,+ зинокорон*,+ ҷодугарон, бутпарастон ва ҳамаи дурӯғгӯён+ ба кӯли оташу кибрит* партофта мешаванд.+ Ин марги дуюм аст».+  Пас аз ин яке аз он ҳафт фариштае, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд,+ омада, ба ман гуфт: «Биё ва ман ба ту арӯс — зани Барраро, нишон медиҳам».+ 10  Ӯ бо қудрати рӯҳ маро ба кӯҳи калону баланде бурд ва шаҳри муқаддас — Ерусалимро, нишон дод, ки аз осмон, аз ҷониби Худо, мефаромад+ 11  ва ҷалоли Худоро дошт.+ Дурахши он мисли дурахши санги қиматбаҳо, мисли санги яшме буд, ки чун шишаи шаффоф медурахшад.+ 12  Он шаҳр девори калону баланд ва 12 дарвоза дошт. Дар назди ҳар як дарвоза фариштае меистод ва бар дарвозаҳо номи 12 қабилаи писарони Исроил навишта шуда буд. 13  Аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза ва аз ғарб се дарвоза буд.+ 14  Дар таҳкурсии девори шаҳр 12 санг буд, ки бар онҳо номи 12 расули+ Барра навишта шуда буд. 15  Фариштае, ки бо ман сухан мегуфт, дар даст қамиши тиллоие дошт, то бо он шаҳр, дарвозаҳо ва деворашро чен кунад.+ 16  Он шаҳр чоркунҷашакл буда, дарозӣ ва бараш як буд. Фаришта шаҳрро бо қамишаш чен кард ва дарозӣ, бар ва баландии он баробар буда, тақрибан 2220 километр* буд. 17  Ӯ ҳамчунин девори шаҳрро чен кард ва он мувофиқи андозаи одамон, ки фаришта аз он истифода бурд, ба 144 газ* баробар буд. 18  Он девор аз санги яшм+ сохта шуда буд, худи шаҳр бошад, аз тиллои тозае буд, ки ба шишаи шаффоф монандӣ дошт. 19  Таҳкурсии девори шаҳр аз ҳар гуна сангҳои қиматбаҳо буд: санги якум — яшм, дуюм — ёқути кабуд, сеюм — ақиқи сафед*, чорум — зумуррад, 20  панҷум — ақиқи гулобӣ, шашум — ақиқи хурмоӣ, ҳафтум — забарҷад, ҳаштум — берил, нуҳум — ёқути зард, даҳум — ақиқи сабз, ёздаҳум — гиатсинт, дувоздаҳум — лаъли бунафшранг. 21  Дувоздаҳ дарвоза дувоздаҳ марворид буд: ҳар дарвоза як марворид. Кӯчаи калони шаҳр аз тиллои тозае буд, ки ба шишаи шаффоф монандӣ дошт. 22  Ман дар шаҳр ибодатгоҳро надидам, чунки ибодатгоҳи он Яҳува, Худои Тавоно*,+ ва ҳамчунин Барра мебошанд. 23  Он шаҳр ба нури офтобу моҳтоб эҳтиёҷ надорад, зеро ҷалоли Худо онро равшан мекунад+ ва чароғи он Барра мебошад.+ 24  Халқҳо дар равшании он роҳ хоҳанд рафт+ ва подшоҳони замин ҷалоли худро ба он хоҳанд овард. 25  Дарвозаҳои шаҳр ҳаргиз баста нахоҳанд шуд, зеро дар он ҷо ҳама вақт рӯз хоҳад буд ва шаб ҳеҷ гоҳ фаро нахоҳад расид.+ 26  Ҷалол ва иззати халқҳоро ба он шаҳр хоҳанд овард.+ 27  Вале ҳар чизи нопок ва ҳар касе, ки ба корҳои нафратангез даст мезанаду фиреб мекунад, ба он ҷо роҳ намеёбад, ба он танҳо касоне медароянд,+ ки номҳояшон дар дастхати ҳаёт, ки аз они Барра аст, навишта шудаанд.+

Поварақҳо

Алфа ва Омега — ниг. ба луғат.
Ё «сулфур».
Ё «касоне, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ даст мезананд». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Дар матни асл «12 000 стадия». Як стадия ба 185 м баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Тақрибан 64 м. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «халседон».
Ё «Абарқудрат».