Матто 24:1-51

  • АЛОМАТИ ҲУЗУРИ МАСЕҲ (1–51)

    • Ҷангҳо, гушнагӣ, заминҷунбиҳо (7)

    • Эълони хушхабар дар тамоми дунё (14)

    • Азоби азим (21, 22)

    • Аломати Фарзанди одам (30)

    • Дарахти анҷир ва наздик будани тобистон (32–34)

    • Монандӣ ба рӯзҳои Нӯҳ (37–39)

    • Бедор бошед (42–44)

    • Ғуломи боваринок ва ғуломи бадкор (45–51)

24  Ҳангоме ки Исо аз ибодатгоҳ мебаромад, шогирдонаш назди ӯ омада, девору биноҳои ибодатгоҳро нишон доданд.  Исо ба онҳо гуфт: «Ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо санге бар санге намемонад, ҳамааш ба хок яксон мешавад».+  Вақте ки Исо бар кӯҳи Зайтун менишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба назди ӯ омада, пурсиданд: «Ба мо бигӯй, ки ин кай рӯй медиҳад ва аломати ҳузури*+ ту ва охирзамон* чӣ мешавад?»+  Исо дар ҷавоб гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки касе шуморо гумроҳ насозад,+  зеро бисёриҳо бо номи ман омада, мегӯянд: “Ман Масеҳ ҳастам”, ва мардуми зиёдеро гумроҳ месозанд.+  Шумо садои ҷанг ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид, лекин ба воҳима наафтед. Ҳамаи ин чизҳо бояд рӯй диҳанд, аммо ин ҳанӯз охир нест.+  Он вақт як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад+ ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагиву+ заминҷунбӣ мешавад.+  Ҳамаи ин саршавии дардҳост.  Он вақт одамон шуморо азоб медиҳанду+ мекушанд+ ва ҳамаи халқҳо аз барои номи ман аз шумо нафрат мекунанд.+ 10  Ҳамчунин дар он замон бисёриҳо аз имон мегарданд*, ба якдигар хиёнат мекунанд ва аз якдигар нафрат мекунанд. 11  Пайғамбарони бардурӯғи зиёде ба миён меоянд ва бисёриҳоро гумроҳ месозанд.+ 12  Аз сабаби зиёд шудани бадкорӣ муҳаббати бисёриҳо сард мегардад. 13  Вале ҳар кӣ то охир истодагӣ кунад, наҷот меёбад.+ 14  Ин хушхабари Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо онро шунида тавонанд*.+ Пас аз ин анҷом фаро мерасад. 15  Шумо, чуноне ки ба воситаи пайғамбар Дониёл гуфта шудааст, чизи нафратангези харобиоварро дар ҷойи муқаддас хоҳед дид+ (бигзор хонанда ақлу ҳушашро кор фармуда ба ин сарфаҳм равад). 16  Он вақт ҳамаи онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд.+ 17  Бигзор ҳар кӣ дар болои бом аст, барои гирифтани чизу чорааш поён нафарояд 18  ва ҳар кӣ дар саҳрост, барои гирифтани ҷомаи худ ба хона барнагардад. 19  Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор бошанд, ва модароне, ки кӯдаки ширмак дошта бошанд! 20  Дуо гӯед, ки гурехтани шумо ба зимистон ё рӯзи шанбе рост наояд, 21  зеро он вақт азоби азиме сар мезанад,+ ки аз аввали ҷаҳон то ба ҳол рӯй надода буд ва дигар ҳеҷ гоҳ рӯй намедиҳад.+ 22  Агар он рӯзҳо кӯтоҳ карда намешуданд, ҳеҷ кас наҷот намеёфт, лекин ба хотири интихобшудагон он рӯзҳо кӯтоҳ карда мешаванд.+ 23  Агар касе ба шумо бигӯяд, ки “Масеҳ ин ҷост!”+ ё “Ӯ он ҷост!”, бовар накунед,+ 24  зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд+ ва аломатҳои бузургу муъҷизаҳо нишон медиҳанд, то, агар тавонанд, ҳатто интихобшудагонро гумроҳ кунанд.+ 25  Инак, ман пешакӣ шуморо огоҳ намудам. 26  Бинобар ин, агар ба шумо “ӯ дар биёбон аст” гӯянд, ба он ҷо наравед ва, агар гӯянд, ки “ӯ дар ҳуҷраҳои дарунӣ аст”, бовар накунед.+ 27  Чи тавре ки дурахши барқ тамоми осмонро аз шарқ то ба ғарб фаро мегирад, ҳузури* Фарзанди одам низ ҳамон тавр мешавад.+ 28  Ҳар ҷо ҷасади мурдае бошад, уқобон он ҷо ҷамъ мешаванд.+ 29  Дарҳол баъд аз азобе, ки дар он рӯзҳо сар мезанад, офтоб хира мегардад+ ва моҳтоб дигар равшанӣ намедиҳад, ситорагон аз осмон меафтанд ва қувваҳои осмон ба ларзиш меоянд.+ 30  Он гоҳ дар осмон аломати Фарзанди одам пайдо мешавад ва ҳамаи қабилаҳои рӯйи замин аз ғаму андуҳ ба синаашон мезананд.+ Онҳо Фарзанди одамро,+ ки бар абрҳои осмон бо қудрат ва ҷалоли бузург меояд, мебинанд.+ 31  Ӯ бо садои баланди карнай фариштагони худро мефиристад ва онҳо интихобшудагонро аз чор кунҷи дунё*, аз як канори осмон то канори дигари он, ҷамъ меоранд.+ 32  Ба дарахти анҷир нигоҳ кунед: ҳамин ки шохаҳои он муғҷа баста, барг бароранд, шумо мефаҳмед, ки тобистон наздик аст.+ 33  Ба ин монанд, вақте ҳамаи ин воқеаҳоро бубинед, донед, ки Фарзанди одам наздик аст, дар пеши дар аст.+ 34  Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳанӯз ин насл аз байн нарафта, ҳамаи ин чизҳо ба амал меоянд. 35  Замину осмон аз байн раванд ҳам, суханони ман ҳаргиз аз байн намераванд.+ 36  Он рӯз ва соатро ғайр аз Падар ҳеҷ кас намедонад:+ на фариштагони осмону на Писар.+ 37  Лекин, чунон ки дар рӯзҳои пайғамбар Нӯҳ буд,+ дар вақти ҳузури* Фарзанди одам низ ҳамон хел мешавад.+ 38  Чи тавре ки пеш аз Тӯфон, то вақти ба киштӣ даромадани Нӯҳ,+ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду шавҳар мекарданд 39  ва то вақти омада, ҳамаро несту нобуд кардани Тӯфон+ чизеро намефаҳмиданд, дар вақти ҳузури Фарзанди одам низ ҳамон тавр мешавад. 40  Он вақт аз ду марде, ки дар киштзоранд, яке бурда мешаваду дигаре мемонад. 41  Аз ду зане, ки дастос мекунанд*, яке бурда мешаваду дигаре мемонад.+ 42  Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Ҳазрататон дар кадом рӯз меояд.+ 43  Вале ҳаминро бидонед, ки, агар соҳиби хона дар кадом вақт* омадани дуздро медонист,+ тамоми шаб бедор истода, намемонд, ки дузд ба хонааш дарояд.+ 44  Бинобар ин шумо низ тайёр бошед,+ чунки Фарзанди одам дар соате меояд, ки гумон надоред. 45  Кист он ғуломи бовариноку боандеша, ки хӯҷаинаш ӯро бар ғуломони дигараш таъйин кардааст, то ба онҳо сари вақт хӯрок диҳад?+ 46  Хушбахт аст он ғулом, агар хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад.+ 47  Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ӯ он ғуломро бар тамоми молу мулки худ таъйин мекунад. 48  Лекин, агар он ғулом бадкор бошаду дар дил “хӯҷаинам ба ин зудӣ намеояд” гуфта,+ 49  ғуломони дигарро бизанад ва ҳамроҳи бадмастон хӯрдану нӯшидан гирад, 50  хӯҷаини он ғулом дар рӯзе, ки вай интизор нест, ва дар соате, ки вай намедонад,+ омада, 51  ӯро сахт ҷазо медиҳаду ба назди дурӯягон мепартояд. Ӯ дар он ҷо гиря мекунаду дандон мехояд.+

Поварақҳо

Ҳузур — ниг. ба луғат.
Охирзамон — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «пешпо мехӯранд».
Ё «барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад».
Ҳузур — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «чор шамол».
Ҳузур — ниг. ба луғат.
Ё «дар осиёи дастӣ орд мекунанд».
Дар матни асл «поси шаб».