Луқо 11:1-54

  • Дар бораи дуо (1–13)

    • Намунаи дуо (2–4)

  • Бо қувваи Худо берун кардани девҳо (14–23)

  • Баргаштани рӯҳи нопок (24–26)

  • Хушбахт кист? (27, 28)

  • Аломати пайғамбар Юнус (29–32)

  • Чароғи бадан (33–36)

  • Вой бар ҳоли диндорони дурӯя (37–54)

11  Рӯзе Исо дар ҷое дуо мегуфт ва, вақте ки дуогӯйиро тамом кард, яке аз шогирдонаш гуфт: «Эй Ҳазрат, дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чи тавре ки Яҳё ба шогирдонаш ёд додааст».  Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Вақте дуо мегӯед, чунин бигӯед: “Эй Падар, номи ту муқаддас бод!*+ Подшоҳии ту биёяд.+  Ризқи ҳаррӯзаамонро ба мо бидеҳ.+  Гуноҳҳои моро бибахш,+ зеро мо низ ҳар касеро, ки бар зидди мо гуноҳ кардааст*, мебахшем+ ва нагузор, ки ба васваса афтем”».+  Сипас ба онҳо гуфт: «Фарз кардем яке аз шумо дӯсте дорад. Шумо нисфи шаб ба назди он дӯстатон омада, мегӯед: “Эй ҷӯра, ба ман сето нон қарз деҳ,  зеро як дӯстам аз сафар ба хонаам омадааст ва ман чизе надорам, ки дар пешаш гузорам”.  Вале ӯ аз даруни хона мегӯяд: “Маро ташвиш надеҳ. Дари хонаам аллакай қулф аст ва бачаҳоям дар наздам хобидаанд. Ман хеста, ба ту чизе дода наметавонам”.  Ба шумо мегӯям, ки, ҳатто агар ӯ ба хотири дӯстӣ аз ҷой хеста, чизе надиҳад, азбаски беист талаб мекунед,+ он чиро, ки ба шумо лозим аст, медиҳад.  Бинобар ин ба шумо мегӯям: биталабед+ ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва меёбед, дарро тақ-тақ кунед* ва он ба рӯятон кушода мешавад,+ 10  чунки касе биталабад, мегирад,+ касе, ки биҷӯяд, меёбад ва касе, ки дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. 11  Оё дар байни шумо падаре ҳаст, ки, агар писараш моҳӣ талаб кунад, ба ҷойи моҳӣ мор диҳад?+ 12  Ё, агар тухм талаб кунад, ба вай каждум диҳад? 13  Агар шумо, бо вуҷуди он ки бадкоред, ба фарзандонатон додани чизҳои хубро донед, пас, то чӣ андоза бештар Падари осмонии шумо ба онҳое, ки аз ӯ мепурсанд, рӯҳи муқаддас медиҳад!»+ 14  Баъд аз чанд вақт Исо аз як мард деви гунгиро берун кард.+ Вақте дев берун шуд, он мард ба гап даромад ва мардум дар ҳайрат монд.+ 15  Вале баъзеҳо гуфтанд: «Ӯ девҳоро бо ёрии Баал-Забул* — ҳокими девҳо, берун мекунад».+ 16  Дигарон бошанд, Исоро озмуданӣ шуда аз ӯ талаб карданд, ки аломате аз осмон нишон диҳад.+ 17  Исо андешаҳои онҳоро пай бурда+ гуфт: «Ҳар подшоҳие, ки дар он ҷудоӣ ба миён ояд, барҳам мехӯрад ва ҳар хонадоне, ки дар он ҷудоӣ ба миён ояд, устувор намемонад. 18  Ба ин монанд, агар дар Шайтон ҷудоӣ ба миён ояд, чӣ тавр подшоҳии ӯ устувор мемонад? Шумо бошед, мегӯед, ки ман девҳоро бо ёрии Баал-Забул берун мекунам. 19  Агар ман девҳоро бо ёрии Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро бо ёрии кӣ берун мекунанд? Пас, онҳо доварони шумо хоҳанд буд. 20  Лекин, агар ман девҳоро бо қувваи Худо*+ берун мекарда бошам, пас, Подшоҳии Худо, дар ҳақиқат, то ба шумо расидааст.+ 21  Вақте марди пурзӯру силоҳдор қасри худро посбонӣ мекунад, ҳеҷ кас чизу чораи вайро дуздида наметавонад. 22  Вале, вақте каси зӯртаре ба ӯ ҳуҷум карда, ғолиб меояд, тамоми силоҳи ӯро, ки ба он умед мебаст, гирифта мебарад ва ғаниматро тақсим мекунад. 23  Ҳар кӣ бо ман нест, зидди ман аст ва ҳар кӣ бо ман ҷамъ намекунад, пароканда месозад.+ 24  Вақте рӯҳи нопок аз одам берун ояд, он барои ёфтани ҷойи зист дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва, вақте ҷое намеёбад, ба худ мегӯяд: “Ба хонае, ки онро тарк карда будам, бармегардам”.+ 25  Вақте гашта меояд, хонаро ҷорӯбзада ва ороста меёбад. 26  Баъд он рӯҳ рафта, боз ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро меорад ва онҳо ба он хона даромада, ҷо мегиранд; ҳамин тавр, аҳволи он одам аз пешинааш бадтар мегардад». 27  Ҳангоме ки Исо ин суханонро мегуфт, аз байни мардум як зан бо овози баланд гуфт: «Хушбахт аст зане, ки туро зоидаасту шир додааст!»+ 28  Лекин ӯ гуфт: «Не, хушбахт касест, ки каломи Худоро мешунавад ва риоя мекунад».+ 29  Вақте ки мардуми зиёде ҷамъ меомаданд, Исо гуфт: «Ин насл насли бадкор аст ва он аломат меҷӯяд, аммо ғайр аз аломати пайғамбар Юнус ба ин насл аломате нишон дода намешавад.+ 30  Чи тавре ки Юнус+ барои мардуми Нинве аломате шуда буд, Фарзанди одам низ барои ин насл аломате мешавад. 31  Маликаи ҷануб+ бо одамони ин насл дар Рӯзи Доварӣ бархеста, онҳоро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дурдасти замин назди Сулаймон омад, то суханони хирадмандонаи ӯро шунавад, вале касе, ки дар ин ҷост, аз Сулаймон ҳам бузургтар аст.+ 32  Мардуми Нинве бо ин насл дар Рӯзи Доварӣ бархеста, онро айбдор мекунанд, зеро онҳо хабари Юнусро шунида тавба карданд,+ вале касе, ки дар ин ҷост, аз Юнус ҳам бузургтар аст. 33  Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, дар ҷойи пинҳон ё таги сабад намемонад, балки онро дар рӯйи чароғпоя мегузоранд,+ то онҳое, ки ба хона медароянд, равшаниро бубинанд. 34  Чароғи бадан чашм аст. Вақте ки чашмат сер* аст, тамоми баданат равшан аст, аммо, вақте ки чашмат гушна* аст, баданат торик аст.+ 35  Бинобар ин бохабар бош, то нуре, ки дар туст, торикӣ набошад. 36  Пас, агар тамоми баданат равшан, бе ягон зарра торикӣ, бошад, он, мисле ки чароғе бар ту нур пошад, равшан мешавад». 37  Вақте Исо суханашро ба охир расонд, як фарисӣ ӯро ба меҳмонӣ таклиф кард ва Исо ба хонаи ӯ омада, дар сари дастархон нишаст. 38  Фарисӣ пеш аз хӯрок даст нашустани* Исоро дида ҳайрон шуд.+ 39  Вале Ҳазрат ба ӯ гуфт: «Шумо, фарисиён, беруни пиёлаву табақро тоза мекунед, ҳол он ки дарунатон пур аз чашмгушнагӣ* ва бадист.+ 40  Эй бефаҳмон! Оне, ки берунро офаридааст, магар дарунро низ наофаридааст? 41  Пас, аз сидқи дил ба камбағалон некӣ кунед ва он гоҳ пурра пок мешавед. 42  Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, зеро аз пудина, судоб* ва ҳар навъ растанӣ даҳяк медиҳед,+ аммо адолат ва муҳаббати Худоро зери по мекунед! Шумо бояд ҳам ин чизҳоро ба ҷо меовардед ва ҳам ба дигараш беаҳамиятӣ намекардед.+ 43  Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, зеро ба шумо маъқул аст, ки дар ибодатхонаҳо ҷойҳои беҳтаринро гиред ва дар бозорҳо одамон ба пешвозатон бароянд!+ 44  Вой бар ҳолатон, зеро шумо монанди қабрҳоед, ки ба чашм намоён нестанд+ ва одамон надониста бар болои онҳо роҳ мераванд!» 45  Он гоҳ яке аз донандагони Шариат ба Исо гуфт: «Устод, ту бо ин суханонат моро низ паст мезанӣ». 46  Аммо ӯ гуфт: «Вой бар ҳоли шумо, эй донандагони Шариат, зеро шумо борҳои вазнинро бар дӯши одамон мегузоред, вале худатон як ангушт ҳам ба он борҳо намезанед!+ 47  Вой бар ҳолатон, зеро шумо қабрҳои пайғамбаронро, ки бобоёнатон кушта буданд, бино мекунед!+ 48  Шумо, ҳарчанд аз корҳои бобоёнатон огоҳ ҳастед, онҳоро маъқул медонед. Бобоёнатон пайғамбаронро кушта буданд,+ шумо бошед, қабрҳои онҳоро бино мекунед. 49  Бинобар ин хиради Худо чунин гуфтааст: “Ман назди онҳо пайғамбарону расулонро мефиристам. Онҳо баъзеро мекушанд ва баъзеи дигарро озор медиҳанд, 50  то хуни тамоми пайғамбарон, ки аз бунёди олам* то ҳол рехта шудааст, аз ин насл талаб карда шавад.+ 51  Хуни пайғамбарон — аз хуни Ҳобил+ сар карда то хуни Закарё, ки дар байни қурбонгоҳу ибодатгоҳ кушта шудааст — бар гардани ин насл хоҳад буд”.+ Бале, ба шумо мегӯям, ки ин насл барои хуни рехтаи онҳо ҷавоб медиҳад. 52  Вой бар ҳоли шумо, эй донандагони Шариат, зеро шумо калиди донишро аз одамон гирифта, ҳам худатон надаромадед ва ҳам ба касоне, ки даромадан мехостанд, монеъ шудед!»+ 53  Вақте ки Исо аз он ҷо баромад, шариатдонон ва фарисиён ба ӯ сахт фишор оварда, саволборон карданд, 54  то дар суханаш айбе ёбанд.+

Поварақҳо

Ё «муқаддас шумурда шавад!»
Дар матни асл «аз мо қарздор аст».
Ё «пайваста биталабед... пайваста биҷӯед... пайваста дарро тақ-тақ кунед».
Баал-Забул — номи дигари Шайтон. Ниг. ба луғат.
Ё «ангушти Худо».
Дар матни асл «одӣ».
Дар матни асл «бад».
Ин ҷо мувофиқи расму русум пок шудан дар назар аст.
Ё «ғоратгарӣ».
Судоб — як навъ растание, ки барои доруворӣ ва хуштаъм кардани хӯрок истифода мешуд.
Яъне аз вақти фарзанддор шудани Одаму Ҳавво.