Ишаъё 54:1-17

  • Сиони нозой серфарзанд мешавад (1–17)

    • Яҳува шавҳари Сион аст (5)

    • Писарони Сион аз Яҳува таълим мегиранд (13)

    • Аслиҳаи зидди Сион барор намеёбад (17)

54  «Шодона фарёд зан, эй зани бефарзанде, ки назоидаӣ.+ Хурсанд шав ва аз шодӣ нидо кун,+ эй зане, ки дарди зоиш накашидаӣ,+Зеро писарони* зани партофтаАз писарони зани шавҳардор* бисёртаранд,+— мегӯяд Яҳува.—   Ҷойи хаймаатро васеътар кун,+Пардаҳои маскани бузургатро паҳн намо. Бемалол танобҳои хаймаатро дароз кунВа мехҳояшро устувор намо,+   Чунки ту ба тарафи рост ва чап паҳн мешавӣ. Насли ту халқҳоро соҳибӣ мекунадВа дар шаҳрҳои беодам сокин мешавад.+   Натарс,+ зеро ту шарманда намешавӣ,+Хиҷил нашав, зеро дилмонда намегардӣ. Ту шармандагии ҷавонии худро аз ёд мебарорӣВа нанги бевагии худро дигар ба хотир намеорӣ,   Зеро Офарандаи бузурги ту+ бароят мисли шавҳар* аст,+Номи ӯ Яҳува, Худои лашкарҳост. Худои Поки Исроил Товондеҳи туст.+ Ӯ Худои тамоми замин номида хоҳад шуд.+   Яҳува туро, ки мисли зани партофтаву ғамзада будӣ,+Туро мисли зане, ки дар ҷавонӣ шавҳар карда, сипас рад шудааст, даъват намуд,— мегӯяд Худои ту.—   Ман туро ба муддати кӯтоҳе тарк кардам,Вале бо раҳмдилии бузурге бармегардонам.+   Дар сели хашми худ рӯямро лаҳзае аз ту пинҳон намудам,+Вале бо меҳру вафои абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард,+— мегӯяд Яҳува, ки Товондеҳи туст.+   Ин мисли корест, ки дар рӯзҳои Нӯҳ карда будам:+ Ман қасам хӯрдам, ки обҳои замони Нӯҳ дигар заминро намепӯшонанд,+Ба ин монанд, ҳоло қасам мехӯрам, ки дигар аз ту ба хашм намеоям ва туро сарзаниш намекунам.+ 10  Кӯҳҳо дур шаванд ва теппаҳо ба ларза оянд ҳам,Меҳру вафои ман аз ту дур намешавад+Ва аҳди сулҳу осоиштагиям пойдор мемонад,+— мегӯяд Яҳува, ки ба ту раҳм мекунад.+ 11  Эй зани азобдидае,+ ки аз тӯфонҳо афгор шудаиву тасаллӣ наёфтаӣ,+Ман сангҳои туро бо маҳлули бақувват мустаҳкам месозамВа таҳкурсии туро аз ёқути кабуд мегузорам.+ 12  Ман кунгураҳои девори туро аз лаъл,Дарвозаҳои туро аз сангҳои шуълаварВа ҳамаи сарҳадҳои туро аз сангҳои қиматбаҳо месозам. 13  Ҳамаи писарони* ту аз Яҳува таълим хоҳанд гирифт+Ва осоиштагии онҳо ҳадду канор нахоҳад дошт.+ 14  Ту дар росткорӣ устувор мешавӣ+Ва аз зулму ситам дур мегардӣ,+Аз чизе наметарсӣ ва ба даҳшат намеоӣ,Зеро он ба ту наздик намешавад.+ 15  Агар касе ба ту ҳамла кунад,Ин бо амри ман нахоҳад буд. Ҳар касе ба ту ҳамла орад, фурӯ меғалтад.+ 16  Оҳангарро, ки ангишти фурӯзонро дам медиҳадВа ҳосили меҳнаташ аслиҳа аст, ман офаридаам. Харобкорро низ, ки нобуд месозад, ман офаридаам.+ 17  Ягон аслиҳае, ки бар зидди ту бисозанд, барор намеёбад+Ва ту ҳар забонеро, ки дар мурофиа бар зидди ту гап занад, кӯтоҳ мекунӣ. Ин аст мероси бандагони Яҳува,Ман худам онҳоро сафед мекунам»,— мегӯяд Яҳува.+

Поварақҳо

Ё «хӯҷаиндор».
Ё «фарзандони».
Ё «хӯҷаин».
Ё «фарзандони».