Ишаъё 23:1-18

  • Паём дар бораи Сӯр (1–18)

23  Паём дар бораи Сӯр:+ Нола кунед, эй киштиҳои Таршиш!+ Зеро бандар нобуд шудааст ва ба он даромада намешавад —Ин дар замини Киттим+ ошкор шудааст.   Хомӯш бошед, эй сокинони соҳил. Савдогарони Сидӯн,+ ки баҳрро тай мекунанд, шуморо аз сарват пур кардаанд.   Ғаллаи Шиҳӯр*,+ ҳосили Нил, обҳои зиёдро гузашта, меомад. Сӯр даромад ба даст меовардВа халқҳо аз ин фоида мегирифтанд.+   Шарм дор, эй Сидӯн, эй қалъаи баҳр,Зеро баҳр чунин гуфтааст: «Дарди зоиш накашидаам ва таваллуд накардаам,Ҷавононро калон накардаам ва духтаронро ба воя нарасондаам».+   Мардум аз шунидани хабари СӯрЧун аз шунидани хабари Миср+ дар азоб хоҳад буд.+   Аз баҳр гузашта, ба Таршиш равона шавед,Нола кунед, эй сокинони соҳил!   Оё ҳамин аст он шаҳри шумо, ки аз қадим, аз давраи ҷавонияш, хушҳолӣ мекард? Пойҳояш ӯро ба ҷойҳои дур мебурданд, то дар он ҷо сокин шавад.   Кӣ бар зидди Сӯри тоҷгузор,Ки савдогаронаш мирВа тоҷиронаш дар дунё обрӯманд буданд,Чунин қарор кардааст?+   Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин қарор кардааст,То ба фахре, ки ӯ аз зебоияш дорад, хотима бахшадВа ҳамаи обрӯмандони дунёро сархам кунад.+ 10  Мисли дарёи Нил аз соҳилҳои худ баро, эй духтари Таршиш. Бандаре боқӣ намондааст.+ 11  Ӯ дасти худро бар баҳр дароз кардааст,Подшоҳиҳоро ба ларза овардааст. Яҳува фармудааст, ки қалъаҳои Финиқияро хароб созанд.+ 12  Ӯ чунин мегӯяд: «Ту дигар шодӣ намекунӣ,+Эй ҷафодида, эй духтари бокираи Сидӯн. Бархез, аз баҳр гузашта, ба Киттим+ бирав,Вале дар он ҷо низ ту оромӣ намеёбӣ». 13  Ба замини калдониён+ нигаред. Калдониён, на Ошур,+ ӯро* макони ҷонварони биёбон гардондаанд,Барои муҳосираи ӯ бурҷҳо* сохтаанд,Қалъаҳояшро ба хок яксон кардаанд+Ва ӯро ба харобазор табдил додаанд. 14  Нола кунед, эй киштиҳои Таршиш,Зеро қалъаи шумо хароб гаштааст.+ 15  Дар он рӯз Сӯрро ба муддати 70 сол, ба андозаи рӯзҳои як подшоҳ, фаромӯш мекунанд.+ Бо гузашти 70 сол Сӯр мисли фоҳишае мешавад, ки дар борааш чунин месароянд: 16  «Эй фоҳишаи фаромӯшшуда, чангро гирифта, шаҳрро давр бизан. Моҳирона чанг бинавоз,Суруди бисёре бихон,То ки туро ба ёд оранд». 17  Дар поёни 70 сол Яҳува ба Сӯр назар мекунад ва вай боз танфурӯшӣ карда аз тамоми мамлакатҳои рӯйи замин музд мегирад, 18  вале фоидаву музди ӯ барои Яҳува чизи муқаддас мешавад. Сӯр муздашро ҷамъ намеорад ва захира намекунад, зеро он насиби касоне мешавад, ки пеши Яҳува умр ба сар мебаранд, то ки онҳо ба серӣ бихӯранд ва либосҳои зебо бипӯшанд.+

Поварақҳо

Номи як шохоби дарёи Нил.
Эҳтимол, Сӯрро.
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.