Забур 130:1-8

  • «Аз гирдоби ғам сӯйи ту мехонам»

    • Агар ту хатоҳоро ба ҳисоб мегирифтӣ (3)

    • Яҳува гуноҳҳоро мебахшад (4)

    • «Ҷонам бесаброна интизори Яҳува аст» (6)

Суруди болобароӣ. 130  Аз гирдоби ғам сӯйи ту мехонам, эй Яҳува.+   Эй Яҳува, овозамро бишнав,Ба зориҳоям гӯш андоз.   Агар ту, эй Ёҳ*, хатоҳоро ба ҳисоб мегирифтӣ,Кӣ метавонист истодагӣ кунад, эй Яҳува?+   Аммо ту гуноҳҳоро мебахшӣ,+То аз ту тарсон бошанд.+   Ба Яҳува умед мебандам, ҷонам умедвори ӯст. Иҷрошавии ваъдаашро нигаронам.   Ҷонам бесаброна интизори Яҳува аст,+Беш аз он ки дидбон субҳидамро,+Беш аз он ки дидбон дамидани субҳро.   Эй Исроил, ба Яҳува умед банд,Зеро Яҳува Худои меҳру вафост+Ва барои раҳо кардан* қудрати зиёд дорад.   Ӯ Исроилро аз ҳамаи хатоҳояш раҳо мекунад*.

Поварақҳо

Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.
Ё «бозхаридан».
Ё «бозмехарад».