Дониёл 9:1-27

  • Дониёл дуо гуфта ба гуноҳҳои худ ва халқ иқрор мешавад (1–19)

    • Ерусалим ҳафтод сол харобазор мешавад (2)

  • Ҷабраил пеши Дониёл меояд (20–23)

  • Ҳафтод ҳафтаи пешгӯйишуда (24–27)

    • Омадани Масеҳ баъди 69 ҳафта (25)

    • Масеҳ кушта мешавад (26)

    • Шаҳр ва ҷойи муқаддас нест мешавад (26)

9  Дар соли аввали Дориюш,+ писари Ахашверуш, ки аз насли модҳо буду бар мамлакати калдониён+ подшоҳ таъйин гардида буд,  дар соли аввали ҳукмронии ӯ, ман, Дониёл, аз рӯйи китобҳо* шумораи солҳоеро, ки Ерусалим+ бояд харобазор бимонад ва дар ин бора дар паёми Яҳува ба пайғамбар Ирмиё навишта шудааст, пай бурдам: ман фаҳмидам, ки он муддат бояд 70 сол+ давом ёбад.  Аз ин рӯ сӯйи Яҳува Худо рӯ овардам ва рӯза гирифта,+ палос* пӯшида ва дар хокистар нишаста, ба ӯ дуо гуфтаму зорӣ кардам.  Ман ба Худои худ Яҳува дуо гуфтам ва ба гуноҳҳоямон иқрор шуда, гуфтам: «Эй Яҳува, Худои осмон! Эй Худои бузургу пурҳашамат! Ту ба касоне, ки туро дӯст медоранд ва амрҳоятро ба ҷо меоранд,+ аҳди худро нигоҳ медорӣ ва меҳру вафо мекунӣ.+  Мо гуноҳ кардаем, ба хато роҳ додаем, бадкорона амал намудаем ва исён кардаем+ ва аз амрҳову ҳукмҳои ту рӯй гардондаем.  Мо ба хизматгорони ту, пайғамбарон, ки аз номи ту ба подшоҳони мо, мирони мо, бобоёни мо ва тамоми халқи мо гап мезаданд, гӯш намедодем.+  Росткорӣ аз они туст, эй Яҳува, ва шармандагӣ аз они мост. Имрӯз низ ҳамаи мо дар пеши ту шармандаем — мардуми Яҳудо, сокинони Ерусалим ва ҳамаи исроилиёни наздику дур, дар ҳамаи кишварҳое, ки ту онҳоро барои хиёнаташон пароканда намудаӣ.+  Ҳамаи мо дар пеши ту шармандаем, эй Яҳува, подшоҳон, мирон ва бобоёни мо, зеро бар зидди ту гуноҳ кардаем.  Аммо Яҳува, Худои мо, дилсӯз ва бахшанда аст+ ва мо бар зидди ӯ исён кардаем.+ 10  Мо ба овози Худоямон Яҳува гӯш надодем ва ба қонунҳои ӯ, ки ба воситаи хизматгоронаш, пайғамбарон, ба мо додааст, итоат накардем.+ 11  Ҳама исроилиён Шариати туро вайрон кардаанд ва аз он рӯй гардонда, ба овози ту гӯш надоданд ва ту лаънат ва қасамеро, ки дар Тавроти* Мӯсо, хизматгори Худо, навишта шудааст, бар сари мо овардӣ,+ зеро мо зидди Худои худ гуноҳ кардаем. 12  Ӯ суханеро, ки дар ҳаққи мо ва роҳбаронамон гуфта буд, иҷро намуд+ ва бар сари мо балои азиме овард. То ба имрӯз зери осмон чизе ба монанди он чӣ бо Ерусалим рӯй дод, нашудааст.+ 13  Ҳамон тавре ки дар Тавроти Мӯсо навишта шудааст, ҳамаи ин балоҳо бар сари мо омадааст,+ аммо мо аз Худоямон Яҳува илтиҷо накардем, ки бар мо раҳм кунад, ва аз роҳи бад нагаштему+ ба ҳақиқати* ту сарфаҳм нарафтем. 14  Яҳува мушоҳида мекард ва ба сари мо бало овард, зеро Яҳува, Худои мо, дар ҳама корҳое, ки кардааст, росткор мебошад, мо бошем, ба овози ӯ гӯш надодем.+ 15  Эй Яҳува, Худои мо, Худое, ки халқатро бо дасти пурзӯр аз замини Миср берун овардаӣ+ ва номи худро то ба имрӯз машҳур сохтаӣ,+ мо бар зидди ту гуноҳ кардаем ва бадкорӣ намудаем. 16  Эй Яҳува, аз рӯйи ҳама корҳои одилонаат,+ илтиҷо мекунам, хашму ғазабатро аз шаҳри худ Ерусалим, аз кӯҳи муқаддаси худ, дур соз, зеро аз сабаби гуноҳҳои мо ва хатоҳои бобоёнамон Ерусалим ва халқи ту дар назари ҳама халқҳои гирду атроф, шармсор гаштааст.+ 17  Ҳоло бошад, эй Худои мо, ба дуову илтиҷои бандаат гӯш бидеҳ ва бо нури рӯят муқаддасгоҳи худро, ки хароб гаштааст,+ дурахшон соз.+ Эй Яҳува, ин корро ба хотири худ бикун. 18  Гӯшатро хам кун, эй Худоям, ва бишнав! Чашмони худро бикшо ва ҳоли зори мо ва шаҳреро, ки бо номи ту хонда шудааст, бубин. Мо аз ту на аз сабаби корҳои одилонаи худ илтиҷо мекунем, балки ба сабаби раҳму шафқати бузурги ту.+ 19  Эй Яҳува, бишнав. Эй Яҳува, аз гуноҳамон гузар.+ Эй Яҳува, диққати худро сӯйи мо кун ва амал намо! Эй Худоям, ба хотири худ зудтар амал намо, зеро ин шаҳр ва ин халқ бо номи ту хонда шудаанд».+ 20  Ҳанӯз дар дуо ба гуноҳҳои худ ва халқи худ Исроил иқрор мешудам ва аз Худоям Яҳува дар ҳаққи кӯҳи муқаддаси+ ӯ илтиҷо мекардам ки, 21  он мард, Ҷабраил,+ ки ӯро пеш аз ин дар рӯъё дида будам,+ назди ман омад. Инак, қарибии вақти ҳадияи шом буду ман хаставу бемадор будам. 22  Ӯ ба ман фаҳмиш ато намуда, гуфт: «Эй Дониёл, ман омадаам, то ба ту фаҳму дарк ато кунам. 23  Вақте илтиҷо намуданро сар кардӣ, паёме баромад ва ман омадаам, то онро ба ту бирасонам, зеро ту шахси хеле гаронқадр*+ ҳастӣ. Пас, ин масъаларо фикр кун ва рӯъёро фаҳм намо. 24  Барои халқи ту ва шаҳри муқаддасат+ 70 ҳафта* муқаррар шудааст, то ҷиноят хотима дода шавад, гуноҳ қатъ гардад,+ барои хато товон дода шавад,+ адолати абадӣ барпо гардад,+ рӯъё ва пешгӯйӣ муҳр зада шавад+ ва Макони поктарин тадҳин карда шавад*. 25  Пас, бидон ва бифаҳм, ки аз баромадани фармон оид ба барқарор ва бино кардани Ерусалим+ то омадани Масеҳи*+ Пешво+ 7 ҳафта ва 62 ҳафта* мегузарад.+ Он бо майдону хандақаш барқарор ва бино мешавад, аммо ин дар замонҳои тангӣ рӯй медиҳад. 26  Баъди 62 ҳафта* Масеҳ кушта мешавад+ ва бе ҳеҷ чиз мемонад.+ Халқи пешвое, ки меояд, шаҳр ва ҷойи муқаддасро нест мекунад.+ Оқибати он мисли обхезӣ хоҳад буд. То охир ҷанг мешавад ва ҳукме, ки бароварда шудааст, харобиҳост.+ 27  Ӯ* барои бисёриҳо аҳдро ба муддати як ҳафта* нигоҳ медорад. Дар миёнаи он ҳафта ӯ ба қурбонӣ ва ҳадия хотима мебахшад.+ Дар канори чизҳои нафратангез вайронгар хоҳад буд;+ то дами несту нобудшавӣ ҳукме, ки бароварда шудааст, бар харобгардида низ фурӯ рехта мешавад».

Поварақҳо

Яъне аз рӯйи Навиштаҳои Муқаддас.
Палос — ниг. ба луғат.
Ё «Шариати».
Ё «вафодории».
Ё «шахси хеле азизу гиромӣ».
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Яъне 70 ҳафтсола.
Яъне 7 ҳафтсола ва 62 ҳафтсола.
Ё «Тадҳиншудаи». Ниг. ба луғат, ба калимаи «масеҳ».
Яъне 62 ҳафтсола.
Аз афташ, Масеҳ дар назар аст.
Яъне як ҳафтсола.