Айюб 36:1-33

  • Элиҳу бузургии Худоро ситоиш мекунад (1–33)

    • Итоаткорон баракат меёбанд; худобехабарон рад карда мешаванд (11–13)

    • Кадом омӯзгор ба Худо баробар аст? (22)

    • Айюб бояд Худоро ситоиш кунад (24)

    • «Бузургии Худо дар ақли мо намеғунҷад» (26)

    • Худо борону барқро идора мекунад (27–33)

36  Элиҳу суханашро давом дода гуфт:   «Боз камтари дигар тоқат кун, то ман гап занам,Зеро ҳанӯз барои тарафдории Худо гуфтаниҳое дорам.   Чизҳоеро, ки медонам, батафсил мегӯямВа росткории Офаридгорамро эълон мекунам.+   Гапҳоям дурӯғ нестанд,Суханони ман аз ҷониби Донои яктоянд*.+   Бешубҳа, Худо пурқудрат аст+ ва касеро рад намекунад. Хирадаш поёну андоза надорад.   Ҷони бадкоронро нигоҳ намедорад,+Аммо ба доди ситамдида мерасад.+   Аз росткорон чашм намеканад,+Онҳоро бо подшоҳон ба тахт мешинонад*+ ва то абад сарафроз мегардонад.   Лекин, агар онҳоро занҷирбанд кунандВа онҳо дар қайду банд азоб кашанд,   Ӯ хатояшонро ба онҳо ошкор месозадВа нишон медиҳад, ки аз сабаби ғурур чӣ гуноҳе кардаанд. 10  Гӯши онҳоро барои насиҳат мекушоядВа ба онҳо мегӯяд, ки аз бадӣ даст кашанд.+ 11  Агар онҳо ӯро гӯш кунанду ба ӯ хизмат кунанд,Ҳаёташон хуб мегузарадВа солҳои умрашон пур аз хушиву хурсандӣ мешавад.+ 12  Лекин, агар гӯш надиҳанд, аз дами шамшер* мемиранд+Ва дар нодонӣ нобуд мешаванд. 13  Худобехабарон* дар дил кина мепарваранд,Ҳатто вақте ӯ онҳоро бандубаст мекунад, фарёд зада ёрӣ намепурсанд. 14  Онҳо дар айни ҷавонӣ мемиранд+Ва умрашон миёни мардони танфурӯш*+ мегузарад*. 15  Аммо Худо ғамзадагонро ҳангоми азобашон наҷот медиҳад. Вақте ба онҳо зулм мекунанд, Худо гӯшҳои онҳоро мекушояд. 16  Туро аз чанголи бало халос мекунад+Ва ба макони васее, ки дар он озодист, мебарад.+ Дастархонатро аз нозу неъмат пур карда туро тасаллӣ медиҳад.+ 17  Он гоҳ ту аз ҳукме, ки ба бадкор бароварда мешавад, қонеъ мегардӣ,+Вақте ҳукм мебароранд ва адлу инсофро ба амал меоранд. 18  Лекин эҳтиёт шав, ки ба ғазаб дода шуда аз балои дигарон шод нашавӣ*+Ва пораи калоне гирифта гумроҳ нагардӣ. 19  Магар он гоҳ мадад хостанат туро аз фалокат наҷот медиҳад? Оё ин қадар ҷон канданат туро аз бало халос мекунад?+ 20  Орзуманди шаб набош,Ки дар он одамон аз ҷояшон нест мешаванд. 21  Эҳтиёт шав, ки ба бадӣ рӯ наорӣВа ба ҷойи азоб бадкориро интихоб накунӣ.+ 22  Инак, Худо қудрати бузург дорад. Кадом омӯзгор ба ӯ баробар аст? 23  Кӣ ба ӯ роҳ нишон додааст+Ё ба ӯ гуфтааст: “Ин корат хатост!”?+ 24  Ситоиши корҳои ӯро фаромӯш накун,+Он корҳоеро, ки одамон дар васфашон суруд хондаанд.+ 25  Тамоми одамизод ин корҳоро дидааст. Инсони миранда аз дурӣ ба онҳо назар мекунад. 26  Бузургии Худо дар ақли мо намеғунҷад+Ва солҳои ӯ ҳадду ҳисоб надорад.+ 27  Ӯ қатраҳои обро боло мебардорад+Ва сипас буғ ҷамъ шуда, борон ба амал меояд. 28  Абрҳо онро меборонанд+Ва бар сари одамон мерезанд. 29  Оё касе қабатҳои абрро фаҳмида метавонад? Магар гулдурроси раъдро, ки аз хаймаи ӯ бармеояд, метавонад дарк кунад?+ 30  Бубин, ки чӣ тавр барқи худро бар он паҳн мекунад+Ва қаъри баҳрро мепӯшонад. 31  Ҳамин тавр ӯ ризқу рӯзии одамонро медиҳад*Ва ба онҳо хӯроки фаровон ато мекунад.+ 32  Бо дастонаш барқро мегирадВа онро бар нишоне мезанад.+ 33  Раъди ӯ аз омаданаш дарак медиҳад,Ҳатто чорпоён хабар медиҳанд, ки ӯ* омада истодааст.

Поварақҳо

Ё «аз ҷониби Онест, ки дониши комил дорад».
Ё, эҳтимол, «Подшоҳонро бар тахт мешинонад».
Ё «аз яроқ (найза, тир)».
Ё «Осиён».
Ин ҷо касоне дар назаранд, ки танфурӯшӣ як қисми бутпарастияшон буд.
Ё, эҳтимол, «ба охир мерасад».
Ё «бадхоҳона чапак назанӣ».
Ё, эҳтимол, «Ҳамин тавр ӯ ба доди одамон мерасад».
Ё, эҳтимол, «чӣ».