Айюб 26:1-14

  • Ҷавоби Айюб (1–14)

    • «Ту ба бемадор хуб ҳам ёрдам додӣ!» (1–4)

    • Худо заминро бар ҳеҷ чиз овехтааст (7)

    • Ин фақат канори домани роҳҳои Худост (14)

26  Айюб ҷавоб гардонда гуфт:   «Ту ба бемадор хуб ҳам ёрдам додӣ! Бозуи нотавонро заб дастгирие кардӣ!+   Аҷаб маслиҳати хубе додӣ ба камхирад!+ Аҷаб хиради фаровоне доштаӣ!   Ту ин суханонро ба кӣ мегӯӣ? Кӣ туро илҳом бахшид, ки ин тавр гап занӣ?   Мурдагони беҷон ба ларза меоянд. Онҳо аз баҳр ва сокинони он пасттаранд.   Гӯр дар назари Худо кушода аст+Ва ҷойи нестӣ аз чашми ӯ пӯшида нест.   Ӯ шимоли кураи осмонро бар холигӣ паҳн кардааст+Ва заминро бар ҳеҷ чиз овехтааст.   Обҳоро дар абрҳо мепечонад,+Ба тавре ки абрҳо зери вазни об намекафанд.   Тахташро аз назар пинҳон кардааст,Рӯйи онро бо абрҳо пӯшондааст.+ 10  Бар рӯйи обҳо хати уфуқро кашидааст.+ Ӯ байни рӯшноиву торикӣ ҳудуд гузоштааст. 11  Сутунҳои осмон ба ларза меоянд,Аз сарзаниши ӯ гарангу пакар шудаанд. 12  Бо қуввати худ баҳрро ба шӯр меоварад+Ва бо хиради худ бузургҷуссаи баҳриро* пора-пора месозад.+ 13  Аз дами* ӯ осмон софу беғубор мешавад. Дасти ӯ мори тезҳаракатро сӯрох мекунад. 14  Инак, ин фақат канори домани роҳҳои ӯст+Ва мо аз корҳои бузургаш танҳо пичирросеро шунидаем! Пас, кӣ метавонад садои раъди пурқуввати ӯро пай барад?»+

Поварақҳо

Дар матни асл «роҳобро».
Ё «боди».