Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Китоби якуми Мӯсо (Пайдоиш)

Бобҳо

Шарҳи мухтасар

  • 1

    • Офариниши осмону замин (1, 2)

    • Замин дар муддати шаш рӯз тайёр карда мешавад (3–31)

      • Рӯзи 1-ум: рӯшноӣ; рӯзу шаб (3–5)

      • Рӯзи 2-юм: фазо (6–8)

      • Рӯзи 3-юм: хушкӣ ва наботот (9–13)

      • Рӯзи 4-ум: ҷисмҳои осмонӣ (14–19)

      • Рӯзи 5-ум: моҳиҳову парандаҳо (20–23)

      • Рӯзи 6-ум: ҷонварони рӯйи замин ва одамон (24–31)

  • 2

    • Худо дар рӯзи ҳафтум аз корҳои худ ором мегирад (1–3)

    • Яҳува Худо, Офаридгори осмону замин (4)

    • Марду зан дар боғи Адан (5–25)

      • Худо аз хок мардро меофарад (7)

      • Аз дарахти шинохти неку бад хӯрдан манъ аст (15–17)

      • Офарида шудани зан (18–25)

  • 3

    • Одамон гуноҳ мекунанд (1–13)

      • Аввалин сухани дурӯғ (4, 5)

    • Яҳува исёнкоронро ҷазо медиҳад (14–24)

      • Пешгӯйӣ дар бораи насли зан (15)

      • Одамон аз боғи Адан ронда мешаванд (23, 24)

  • 4

    • Қобил ва Ҳобил (1–16)

    • Насли Қобил (17–24)

    • Шет ва писараш Анӯш (25, 26)

  • 5

    • Аз Одам то Нӯҳ (1–32)

      • Одам соҳиби писарону духтарон мешавад (4)

      • Ҳанӯх бо Худо роҳ мерафт (21–24)

  • 6

    • Писарони Худо барои худ дар замин зан мегиранд (1–3)

    • Бузургҷуссаҳо ба дунё меоянд (4)

    • Бадкории одамизод Яҳуваро ғамгин месозад (5–8)

    • Худо ба Нӯҳ мефармояд, ки киштӣ созад (9–16)

    • Худо аз омадани тӯфон хабар медиҳад (17–22)

  • 7

    • Нӯҳу аҳли оилааш бо ҳайвонҳо ба киштӣ медароянд (1–10)

    • Тӯфон (11–24)

  • 8

    • Обҳои тӯфон паст мешаванд (1–14)

      • Нӯҳ кафтарро мефиристад (8–12)

    • Нӯҳу аҳли оилааш аз киштӣ мебароянд (15–19)

    • Ваъдаи Худо нисбати замин (20–22)

  • 9

    • Дастурот барои тамоми одамизод (1–7)

      • Қонун дар бораи хун (4–6)

    • Аҳди тирукамон (8–17)

    • Нӯҳ дар бораи фарзандонаш пешгӯйӣ мекунад (18–29)

  • 10

    • Рӯйхати халқҳои рӯйи замин (1–32)

      • Насли Ёфат (2–5)

      • Насли Ҳом (6–20)

        • Нимрӯд ба Яҳува зиддият мекунад (8–12)

      • Насли Сом (21–31)

  • 11

    • Бурҷи Бобил (1–4)

    • Яҳува забонҳоро омехта мекунад (5–9)

    • Аз Сом то Абром (10–32)

      • Оилаи Тораҳ (27)

      • Абром аз Ур меравад (31)

  • 12

    • Абром Ҳорронро тарк карда, ба Канъон меравад (1–9)

      • Ваъдаи Худо ба Абром (7)

    • Абром ва Сорай дар Миср (10–20)

  • 13

    • Абром ба Канъон бармегардад (1–4)

    • Абром ва Лут ҷудо мешаванд (5–13)

    • Худо ба Абром ваъдаашро такрор мекунад (14–18)

  • 14

    • Абром Лутро наҷот медиҳад (1–16)

    • Малкисодақ Абромро дуои нек мекунад (17–24)

  • 15

    • Аҳди Худо бо Абром (1–21)

      • Худо дар бораи 400 соли ранҷу азоб пешгӯйӣ мекунад (13)

      • Худо ваъдаашро ба Абром такрор мекунад (18–21)

  • 16

    • Ҳоҷар ва Исмоил (1–16)

  • 17

    • Иброҳим падари халқҳои зиёде мегардад (1–8)

      • Номи Абром Иброҳим мешавад (5)

    • Аҳди хатна (9–14)

    • Номи Сорай Соро мешавад (15–17)

    • Худо таваллуди Исҳоқро пешгӯйӣ мекунад (18–27)

  • 18

    • Се фаришта меҳмони Иброҳим мешаванд (1–8)

    • Ба Соро фарзанд ваъда дода мешавад; Соро механдад (9–15)

    • Иброҳим дар ҳаққи Садӯм Худоро илтимос мекунад (16–33)

  • 19

    • Пеши Лут фариштагон меоянд (1–11)

    • Ба Лут ва аҳли хонаводааш мегӯянд, ки тез аз шаҳр бароянд (12–22)

    • Садӯму Амӯро несту нобуд мешаванд (23–29)

      • Зани Лут сутуни намак мешавад (26)

    • Лут ва духтаронаш (30–38)

      • Пайдоиши Мӯоб ва Аммӯн (37, 38)

  • 20

    • Соро аз дасти Абималик халос мешавад (1–18)

  • 21

    • Таваллуди Исҳоқ (1–7)

    • Исмоил Исҳоқро масхара мекунад (8, 9)

    • Ҳоҷар ва Исмоилро равона мекунанд (10–21)

    • Иброҳим бо Абималик аҳд мебандад (22–34)

  • 22

    • Худо ба Иброҳим мегӯяд, ки Исҳоқро қурбон кунад (1–19)

      • Халқҳои рӯйи замин ба воситаи насли Иброҳим баракат меёбанд (15–18)

    • Оилаи Ривқо (20–24)

  • 23

    • Марги Соро ва гӯри ӯ (1–20)

  • 24

    • Барои Исҳоқ зан мекобанд (1–58)

    • Ривқо пеши Исҳоқ меравад (59–67)

  • 25

    • Иброҳим боз зан мегирад (1–6)

    • Марги Иброҳим (7–11)

    • Писарони Исмоил (12–18)

    • Таваллуди Яъқуб ва Эсов (19–26)

    • Эсов нахустзодагияшро мефурӯшад (27–34)

  • 26

    • Ҳаёти Исҳоқ ва Ривқо дар Ҷарор (1–11)

      • Худо ваъдаеро, ки дода буд, ба Исҳоқ такрор мекунад (3–5)

    • Нофаҳмиҳо аз сабаби чоҳҳо (12–25)

    • Исҳоқ бо Абималик аҳд мебандад (26–33)

    • Эсов ду зани ҳиттӣ мегирад (34, 35)

  • 27

    • Яъқуб баракати Исҳоқро соҳиб мешавад (1–29)

    • Эсов баракат меҷӯяд, вале ислоҳ намешавад (30–40)

    • Эсов нисбати Яъқуб дар дил кина мегирад (41–46)

  • 28

    • Исҳоқ Яъқубро ба Фаддони Арам мефиристад (1–9)

    • Яъқуб дар Байт-Ил хоб мебинад (10–22)

      • Худо ваъдаи додаашро ба Яъқуб такрор мекунад (13–15)

  • 29

    • Яъқуб Роҳелро вомехӯрад (1–14)

    • Яъқуб ба Роҳел ошиқ мешавад (15–20)

    • Яъқуб Леё ва Роҳелро ба занӣ мегирад (21–29)

    • Леё соҳиби чор писар мешавад: Реубен, Шимъӯн, Левӣ ва Яҳудо (30–35)

  • 30

    • Билҳо Дон ва Нафтолиро ба дунё меорад (1–8)

    • Зилфо Ҷод ва Ошерро ба дунё меорад (9–13)

    • Леё Иссокор ва Забулунро ба дунё меорад (14–21)

    • Роҳел Юсуфро таваллуд мекунад (22–24)

    • Рамаи Яъқуб зиёд мешавад (25–43)

  • 31

    • Яъқуб пинҳонӣ ба Канъон рафтанӣ мешавад (1–18)

    • Лобон Яъқубро дарёб мекунад (19–35)

    • Яъқубу Лобон аҳд мебанданд (36–55)

  • 32

    • Яъқуб фариштагонро мебинад (1, 2)

    • Яъқуб ба вохӯрӣ бо Эсов тайёрӣ мебинад (3–23)

    • Яъқуб бо фаришта гӯштин мегирад (24–32)

      • Яъқуб Исроил номида мешавад (28)

  • 33

    • Яъқуб Эсовро вомехӯрад (1–16)

    • Яъқуб ба Шакем сафар мекунад (17–20)

  • 34

    • Диноро таҷовуз мекунанд (1–12)

    • Писарони Яъқуб маккорона амал мекунанд (13–31)

  • 35

    • Яъқуб ба аҳли оилааш мефармояд, ки бутҳоро аз худ дур созанд (1–4)

    • Яъқуб ба Байт-Ил бармегардад (5–15)

    • Зода шудани Бинёмин ва марги Роҳел (16–20)

    • 12 писари Исроил (21–26)

    • Марги Исҳоқ (27–29)

  • 36

    • Насли Эсов (1–30)

    • Подшоҳон ва мирони Адӯм (31–43)

  • 37

    • Хобҳои Юсуф (1–11)

    • Бародаронаш ба Юсуф ҳасад мебаранд (12–24)

    • Юсуфро ба ғуломӣ мефурӯшанд (25–36)

  • 38

    • Яҳудо ва Томор (1–30)

  • 39

    • Юсуф дар хонаи Фӯтифар (1–6)

    • Юсуф ба зани Фӯтифар гӯш намедиҳад (7–20)

    • Юсуф дар зиндон (21–23)

  • 40

    • Юсуф хобҳои бандиёнро таъбир мекунад (1–19)

      • Таъбир аз Худост (8)

    • Ҷашни зодрӯзи фиръавн (20–23)

  • 41

    • Юсуф хобҳои фиръавнро таъбир мекунад (1–36)

    • Фиръавн Юсуфро соҳиби мансаби баланд мегардонад (37–46а)

    • Юсуф хӯрок ҷамъ меорад (46б–57)

  • 42

    • Бародарони Юсуф ба Миср мераванд (1–4)

    • Юсуф бародаронашро вомехӯрад ва онҳоро месанҷад (5–25)

    • Бародарони Юсуф ба пеши Яъқуб бармегарданд (26–38)

  • 43

    • Бародарон Бинёминро ҳамроҳи худ гирифта, бори дуюм ба Миср сафар мекунанд (1–14)

    • Юсуф бори дигар бародаронашро мебинад (15–23)

    • Юсуф бародаронашро зиёфат мекунад (24–34)

  • 44

    • Ҷоми нуқрагини Юсуфро дар халтаи Бинёмин меёбанд (1–17)

    • Яҳудо дар ҳаққи Бинёмин илтимос мекунад (18–34)

  • 45

    • Юсуф кӣ буданашро маълум месозад (1–15)

    • Бародарони Юсуф назди Яъқуб бармегарданд (16–28)

  • 46

    • Яъқуб бо аҳли хонаводааш ба Миср кӯч мебандад (1–7)

    • Номи касоне, ки ба Миср кӯчиданд (8–27)

    • Юсуф дар замини Ҷӯшан Яъқубро вомехӯрад (28–34)

  • 47

    • Яъқубро назди фиръавн мебаранд (1–12)

    • Юсуф вазифаашро хуб иҷро мекунад (13–26)

    • Исроил дар Ҷӯшан сокин мешавад (27–31)

  • 48

    • Яъқуб ду писари Юсуфро дуои нек мекунад (1–12)

    • Эфроим соҳиби баракати бештар мешавад (13–22)

  • 49

    • Яъқуб дар бистари марг пешгӯйӣ мекунад (1–28)

      • Аз Яҳудо Шилӯ пайдо мешавад (10)

    • Яъқуб дар бораи гӯручӯбаш дастурот медиҳад (29–32)

    • Марги Яъқуб (33)

  • 50

    • Юсуф Яъқубро дар Канъон мегӯронад (1–14)

    • Юсуф бори дигар ба бародаронаш мегӯяд, ки онҳоро бахшидааст (15–21)

    • Рӯзҳои охири Юсуф ва марги ӯ (22–26)

      • Юсуф дар бораи устухонҳояш васият мекунад (25)