Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нома ба Румиён

Бобҳо

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16

Шарҳи мухтасар

  • 1

    • Сарсухан (1–7)

    • Павлус ният дорад ба Рум ояд (8–15)

    • «Росткор ба воситаи имонаш хоҳад зист» (16, 17)

    • Худобехабарон сазовори бахшиши Худо нестанд (18–32)

      • Хислатҳои Худо дар офаридаҳо дида мешаванд (20)

  • 2

    • Доварии Худо бар яҳудиён ва юнониён (1–16)

    • Яҳудиён ва Шариат (17–24)

    • Хатнаи дил (25–29)

  • 3

    • Худо ҳама вақт рост мегӯяд (1–8)

    • Ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён гунаҳкоранд (9–20)

    • Росткорӣ ба воситаи имон (21–31)

      • Ҳама аз ҷалоли Худо дур шудаанд (23)

  • 4

    • Иброҳим ба воситаи имонаш росткор ҳисобида шуд (1–12)

      • Иброҳим — падари имондорон (11)

    • Ваъда ба хотири имон дода шуд (13–25)

  • 5

    • Худо ба воситаи Масеҳ бо мо оштӣ шуд (1–11)

    • Марг ба воситаи Одам, ҳаёт ба воситаи Масеҳ (12–21)

      • Гуноҳу марг ба тамоми одамон гузашт (12)

      • Натиҷаи як рафтори одилона (18)

  • 6

    • Ҳаёти нав ба воситаи таъмид дар Масеҳ (1–11)

    • Нагузоред, ки гуноҳ дар ҷисматон ҳукмронӣ кунад (12–14)

    • Аз ғуломии гуноҳ озод шуда, ғуломони Худо гаштем (15–23)

      • Музди гуноҳ марг аст, атои Худо бошад, ҳаёт (23)

  • 7

    • Мисол дар бораи озод шудан аз Шариат (1–6)

    • Гуноҳ ба воситаи Шариат маълум гашт (7–12)

    • Мубориза бо гуноҳ (13–25)

  • 8

    • Ҳаёт ва озодӣ ба воситаи рӯҳ (1–11)

    • Рӯҳи писархондӣ шаҳодат медиҳад (12–17)

    • Офаридаҳо интизори озодии фарзандони Худоянд (18–25)

    • «Рӯҳ ба ҷойи мо зориву илтиҷо мекунад» (26, 27)

    • Худо пешакӣ интихоб кард (28–30)

    • Чизе моро аз муҳаббати Худо ҷудо намекунад (31–39)

  • 9

    • Ғаму ғуссаи Павлус барои исроилиён (1–5)

    • Насли ҳақиқии Иброҳим (6–13)

    • Ба интихоби Худо шубҳа кардан нодуруст аст (14–26)

      • Зарфҳои сазовори ғазаб ё раҳм (22, 23)

    • Танҳо қисми хурд наҷот меёбад (27–29)

    • Пешпо хӯрдани Исроил (30–33)

  • 10

    • Дар назари Худо росткор будан (1–15)

      • Ба ҳама шаҳодат додан (10)

      • «Ҳар кӣ номи Яҳуваро бихонад, наҷот меёбад» (13)

      • «Чӣ зебост пойҳои касе, ки хабари хуш меорад!» (15)

    • Беитоатӣ ба хушхабар (16–21)

  • 11

    • Тамоми исроилиён рад нашудаанд (1–16)

    • Мисол дар бораи дарахти зайтун (17–32)

    • Хиради Худо бепоён аст (33–36)

  • 12

    • Ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда пешкаш кунед (1, 2)

    • Атоҳо гуногунанд, лекин бадан яктост (3–8)

    • Насиҳатҳо ба масеҳиён (9–21)

  • 13

    • Фармонбардорӣ ба ҳокимиятҳо (1–7)

      • Супоридани андоз (6, 7)

    • Касе, ки дӯст медорад, Шариатро ба ҷо меорад (8–10)

    • Чун дар рӯзи равшан рафтор кунед (11–14)

  • 14

    • Якдигарро танқид накунед (1–12)

    • Дигаронро пешпо надиҳед (13–18)

    • Дар пайи осоиштагӣ ва ягонагӣ бошед (19–23)

  • 15

    • Якдигарро қабул кунед (1–13)

    • Павлус — хизматгузори халқҳо (14–21)

    • Нақшаҳои Павлус барои сафар (22–33)

  • 16

    • Павлус Фубиро муаррифӣ мекунад (1, 2)

    • Саломҳо ба масеҳиёни Рум (3–16)

    • Огоҳӣ аз ҷудогарон (17–20)

    • Саломҳои ҳамкорони Павлус (21–24)

    • Сирри муқаддас ошкор шудааст (25–27)