Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Айюб

Бобҳо

Шарҳи мухтасар

  • 1

    • Беайбии Айюб ва боигарии ӯ (1–5)

    • Шайтон Айюбро туҳмат карда мегӯяд, ки ниятҳояш пок нестанд (6–12)

    • Айюб дороии худ ва фарзандонашро аз даст медиҳад (13–19)

    • Айюб Худоро айбдор намекунад (20–22)

  • 2

    • Шайтон бори дигар Айюбро туҳмат мекунад (1–5)

    • Худо ба Шайтон иҷозат медиҳад, ки бадани Айюбро зарба занад (6–8)

    • Зани Айюб мегӯяд: «Худоро дашном деҳ ва бимир!» (9, 10)

    • Се рафиқи Айюб наздаш меоянд (11–13)

  • 3

    • Айюб аз таваллуд шуданаш шикоят мекунад (1–26)

      • Айюб мепурсад, ки чаро ӯ азоб мекашад (20, 21)

  • 4

    • Нутқи аввали Алифоз (1–21)

      • Ӯ росткории Айюбро масхара мекунад (7, 8)

      • Суханони рӯҳеро ҳикоят мекунад (12–17)

      • Мегӯяд, ки Худо ба хизматгоронаш бовар надорад (18)

  • 5

    • Давоми нутқи аввали Алифоз (1–27)

      • Худо хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад (13)

      • Айюб набояд ислоҳи Худоро рад кунад (17)

  • 6

    • Ҷавоби Айюб (1–30)

      • Ӯ мегӯяд, ки шикояташ асос дорад (2–6)

      • Тасаллидиҳандагонаш бевафоӣ мекунанд (15–18)

      • «Гапи рост ба кас сахт намерасад!» (25)

  • 7

    • Давоми сухани Айюб (1–21)

      • Ҳаёт мисли меҳнати маҷбурӣ аст (1, 2)

      • «Барои чӣ маро нишони худ гардондӣ?» (20)

  • 8

    • Нутқи аввали Билдод (1–22)

      • Мегӯяд, ки писарони Айюб гуноҳ карда буданд (4)

      • Ба Айюб мегӯяд, ки, агар вай росткор мебуд, Худо ӯро ҳимоя мекард (6)

      • Кинояомез Айюбро худобехабар меномад (13)

  • 9

    • Ҷавоби Айюб (1–35)

      • Инсони хокӣ наметавонад бо Худо баҳс кунад (2–4)

      • Худо корҳои ақлнорас мекунад (10)

      • Инсон наметавонад Худоро ба додгоҳ барад (32)

  • 10

    • Давоми ҷавоби Айюб (1–22)

      • Ӯ мегӯяд, ки Худо бо вай мубориза мебарад (2)

      • Фарқи Айюби миранда аз Худо (4–12)

      • Ӯ мехоҳад андаке оромӣ ёбад (20)

  • 11

    • Нутқи аввали Сӯфор (1–20)

      • Айюбро дар сафсатагӯйӣ айбдор мекунад (2, 3)

      • Ба Айюб мегӯяд, ки бадиро аз худ дур кунад (14)

  • 12

    • Ҷавоби Айюб (1–25)

      • «Аз шумо кам нестем» (3)

      • «Хандахариши рафиқонам шудаам» (4)

      • Худо соҳиби хирад аст (13)

      • Худо аз вазирону доварон болотар аст (17, 18)

  • 13

    • Давоми ҷавоби Айюб (1–28)

      • «Ман мехоҳам бо Худои Тавоно сухан ронам» (3)

      • «Ҳамаатон табибони ношудед» (4)

      • «Медонам, ки ҳақ бар ҷониби ман аст» (18)

      • Аз Худо мепурсад: «Чаро... маро душмани худ мешуморӣ?» (24)

  • 14

    • Давоми ҷавоби Айюб (1–22)

      • Инсон умри кӯтоҳу пуразоб дорад (1)

      • «Ҳатто барои дарахт умеде ҳаст» (7)

      • «Кошки маро дар гӯр нигоҳ медоштӣ!» (13)

      • «Агар инсон бимирад, оё метавонад аз нав зиндагӣ кунад?» (14)

      • Худо амали дастҳои худро сахт ёд мекунад (15)

  • 15

    • Нутқи дуюми Алифоз (1–35)

      • Мегӯяд, ки Айюб аз Худо наметарсад (4)

      • Айюбро худбовар меномад (7–9)

      • Худо «ба фариштагони муқаддаси худ бовар надорад» (15)

      • Бадкор тамоми рӯзҳояш азоб мекашад (20–24)

  • 16

    • Ҷавоби Айюб (1–22)

      • «Шумо дилбардор неву дарди саред!» (2)

      • Айюб мегӯяд, ки Худо ӯро нишони худ гардондааст (12)

  • 17

    • Давоми ҷавоби Айюб (1–16)

      • «Масхарагарон маро гирд кардаанд» (2)

      • «Ӯ маро масхараи тамоми мардум гардондааст» (6)

      • «Гӯр хонаам мешавад» (13)

  • 18

    • Нутқи дуюми Билдод (1–21)

      • Оқибати гунаҳкорон (5–20)

      • Кинояомез мегӯяд, ки Айюб худобехабар аст (21)

  • 19

    • Ҷавоби Айюб (1–29)

      • Сарзаниши «дӯстонашро» рад мекунад (1–6)

      • Айюб мегӯяд, ки дӯстонаш ӯро тарк кардаанд (13–19)

      • «Халосгари ман зинда аст» (25)

  • 20

    • Нутқи дуюми Сӯфор (1–29)

      • Суханони Айюб ба ӯ сахт мерасанд (2, 3)

      • Кинояомез мегӯяд, ки Айюб бадкор аст (5)

      • Мегӯяд, ки Айюб аз гуноҳ лаззат мебарад (12, 13)

  • 21

    • Ҷавоби Айюб (1–34)

      • «Чаро бадкорон умри дароз мебинанд?» (7–13)

      • Нодуруст будани фикри «тасаллидиҳандагонашро» фош мекунад (27–34)

  • 22

    • Нутқи сеюми Алифоз (1–30)

      • Оё инсон ба Худо фоидае мерасонад? (2, 3)

      • Айюбро дар беинсофиву хасисӣ айбдор мекунад (6–9)

      • Сӯйи Худои Тавоно баргард ва обод мешавӣ (23)

  • 23

    • Ҷавоби Айюб (1–17)

      • Айюб мехоҳад, ки даъвои худро пеши Худо барад (1–7)

      • Мегӯяд, ки ӯ Худоро ёфта наметавонад (8, 9)

      • «Ба ҳеҷ тараф майл накардаам» (11)

  • 24

    • Давоми ҷавоби Айюб (1–25)

      • Чаро Худо барои доварӣ вақт муқаррар намекунад? (1)

      • Мегӯяд, ки Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад (12)

      • Гунаҳкорон торикиро дӯст медоранд (13–17)

  • 25

    • Нутқи сеюми Билдод (1–6)

      • Чӣ тавр инсон метавонад дар назари Худо бегуноҳ бошад? (4)

      • Мегӯяд, ки беайбии инсон бефоида аст (5, 6)

  • 26

    • Ҷавоби Айюб (1–14)

      • «Ту ба бемадор хуб ҳам ёрдам додӣ!» (1–4)

      • Худо заминро бар ҳеҷ чиз овехтааст (7)

      • Ин фақат канори домани роҳҳои Худост (14)

  • 27

    • Айюб азми қавӣ дорад, ки то охир беайб монад (1–23)

      • «Аз беайбиям даст намекашам» (5)

      • Худобехабар умеде надорад (8)

      • «Чаро суханонатон хушку холиянд?» (12)

      • Бадкор оянда надорад (13–23)

  • 28

    • Айюб ганҷҳои заминро бо хирад муқоиса мекунад (1–28)

      • Кон кандани инсон (1–11)

      • Хирад аз марворидҳо пурарзиштар аст (18)

      • Тарс аз Яҳува хиради ҳақиқист (28)

  • 29

    • Айюб рӯзҳои хушбахтиашро ба хотир меорад (1–25)

      • Назди дарвозаҳои шаҳр ӯро ҳурмат мекарданд (7–10)

      • Корҳои хуби пештарааш (11–17)

      • Мардум ба маслиҳати ӯ гӯш медод (21–23)

  • 30

    • Айюб дар бораи вазъияти нави худ гап мезанад (1–31)

      • Одамони носазо ӯро масхара мекунанд (1–15)

      • Чунин метобад, ки Худо ба доди ӯ намерасад (20, 21)

      • «Пӯстам сиёҳ шудааст» (30)

  • 31

    • Айюб беайбии худро ҳимоя мекунад (1–40)

      • «Бо чашмони худ аҳд бастаам» (1)

      • Бигзор Худо маро дар тарозу бисанҷад (6)

      • Ҳеҷ гоҳ хиёнат накардааст (9–12)

      • Пулпараст нест (24, 25)

      • Ба бутпарастӣ даст назадааст (26–28)

  • 32

    • Элиҳуи ҷавон ба суҳбат ҳамроҳ мешавад (1–22)

      • Хашму ғазаби ӯ бар Айюб ва рафиқонаш аланга мезанад (2, 3)

      • Аз рӯйи эҳтиром хомӯш истода буд (6, 7)

      • Хирад на танҳо ба сол аст (9)

      • Даруни Элиҳу ҷӯш мезанад (18–20)

  • 33

    • Элиҳу Айюбро барои одилтарошиаш сарзаниш мекунад (1–33)

      • Товоне ёфт мешавад (24)

      • Ҷӯшу хурӯши наврасӣ бармегардад (25)

  • 34

    • Элиҳу адолати Худо ва роҳҳои ӯро тарафгирӣ мекунад (1–37)

      • Айюб мегӯяд, ки Худо бо ӯ аз рӯйи адлу инсоф амал накардааст (5)

      • Аз Худо бадӣ сар намезанад (10)

      • Айюб аз ақлу фаҳм дур аст (35)

  • 35

    • Элиҳу фикрронии хатои Айюбро фош мекунад (1–16)

      • Айюб худро аз Худо росткортар меҳисобад (2)

      • Аз гуноҳ ба Худои осмон ҳеҷ зараре намерасад (5, 6)

      • Айюб бояд Худоро интизор шавад (14)

  • 36

    • Элиҳу бузургии Худоро ситоиш мекунад (1–33)

      • Итоаткорон баракат меёбанд; худобехабарон рад карда мешаванд (11–13)

      • Кадом омӯзгор ба Худо баробар аст? (22)

      • Айюб бояд Худоро ситоиш кунад (24)

      • «Бузургии Худо дар ақли мо намеғунҷад» (26)

      • Худо борону барқро идора мекунад (27–33)

  • 37

    • Қувваҳои табиат бузургии Худоро нишон медиҳанд (1–24)

      • Худо амали дасти инсонро боздошта метавонад (7)

      • «Ба корҳои аҷоиби Худо бодиққат назар дӯз» (14)

      • Ба фаҳмидани Худо зӯри ақламон намерасад (23)

      • Инсон набояд донотарошӣ кунад (24)

  • 38

    • Яҳува ночизии инсонро нишон медиҳад (1–41)

      • «Вақте ман бунёди заминро мегузоштам, ту дар куҷо будӣ?» (4–6)

      • Писарони Худо аз шодӣ фарёд мезаданд (7)

      • Саволҳо дар бораи ҳодисаҳои табиӣ (8–32)

      • Қонунҳое, ки осмонро идора мекунанд (33)

  • 39

    • Ҷонварон нодонии инсонро нишон медиҳанд (1–30)

  • 40

    • Яҳува саволҳои дигар медиҳад (1–24)

      • Айюб чӣ гуфтанашро намедонад (3–5)

      • «Оё ба адолати ман шак дорӣ?» (8)

      • Худо қуввати баҳмутро тасвир мекунад (15–24)

  • 41

    • Худо тимсоҳро тасвир мекунад (1–34)

  • 42

    • Ҷавоби Айюб ба Яҳува (1–6)

    • Яҳува се рафиқи Айюбро сарзаниш мекунад (7–9)

    • Яҳува Айюбро баракат медиҳад (10–17)

      • Писарон ва духтарони Айюб (13–15)